logo

фарҳанг

ҲИСОР «ШУМОН» МЕШАВАД?

Ҳисор яке аз шаҳрҳои таърихӣ ва марказҳои муҳими фарҳангиву иқтисодии халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Имсол 3000 – солагии он таҷлил гардид. Ба ин муносибат бо сохтмони иншооти замонавӣ Ҳисор бештар аз пештар зеботару дилработар шуд.

Ҳисор дар сари роҳи яке аз шохаҳои муҳими Роҳи бузурги абрешим мавқеъ ва бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон робитаҳои тиҷоратӣ дошт. Инчунин бо номи Шумон маъруф буд. Ин вожа авастоӣ буда, маънои «нишастгоҳи баланд» - ро дорад. Аммо бояд ёдовар шуд, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ он бо номҳои Ҳисор ва Ҳисори Шодмон низ бисёр зикр мегардад. Ғайр аз ин, бисёре аз шоирони қаламрави мазкур дар асрҳои гуногун номи зодгоҳи худро бар ном ва тахаллуси шоирии худ гузоштаанд. Дар муддате, ки бо номи Ҳисор ва Ҳисори Шодмон ин мулк шинохта мешуду машҳур буд, аксари таърихнигорон ва шоирони барҷастаи вақт аз номи «Шумон» истифода накардаанд.
Мақсад аз зикри ин ҳама ва таълифи нома барои гӯшаи «Шаҳрванд» он аст, ки бархе аз муҳаққиқон ва зиёиён бар ин андешаанд, ки Ҳисорро ба номи қадимиаш, яъне  Шумон табдил бояд дод. Ба андешаи онҳо маънои Ҳисор ба як қалъае, ки дорад, маҳдуд мешавад. Аммо ман чунин намепиндорам. Агар ин ном ба қалъа иртибот медошт, бояд дигар қаламравҳо низ, ки қалъаҳои машҳуру қадимтарро соҳиб буданд, ҳатман Ҳисор номида мешуданд. Вале, тавре мебинем, чунин нест. Ба ҷуз бо назардошти шароити буҳронӣ  табдили ин ном аз нигоҳи  иқтисодӣ низ ба манфиати ноҳияву кишвар нест.
Ҳисор номи зебо ва шоирона аст. Мабодо, ки бо табдили ном онро дар осорхонаи таърих ҷой бидиҳем? Бинобар ин пешниҳод менамоям, ки агар зарурати эҳёи «Шумон» мавҷуд бошад, онро ба ягон  номи ноҳияи навтаъсиси ин қаламрави таърихӣ, ки шаҳри Душанберо низ пештар фаро мегирифт, бигузоранд.
    С.САЙДАЛӢ, ноҳияи Ҳисор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2015    №: 253    Мутолиа карданд: 479

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед