фарҳанг
КАЙЛАС – КӮҲИ ПУРАСРОР
Кӯҳи Кайлас, ки дар ноҳияи худмухтори Тибети Ҷумҳурии Мардумии Чин қомат афрохтааст, тӯли солиёни зиёд мавриди баҳси олимон қарор дорад ва то ҳол онҳо ба хулосаи ягона наомадаанд. Ҳарчанд минтақае, ки кӯҳ дар он ҷойгир аст, таърихи беш аз 5-миллионсола дошта бошад ҳам, олимон мутақиданд, ки Кайлас ҳанӯз 20-ҳазорсола мебошад. Ин барои баъзе олимон дастак гашта, ки кӯҳ будани онро зери шубҳа гузоранд. Онҳо бар онанд, ки Кайлас на кӯҳ, балки аҳроми бузургест. Аммо, барои онҳо низ як нукта норӯшан боқӣ мемонад: агар Кайлас аҳром бошад, пас он эҷоди табиат ё дасти инсонист? Ин суол то ҳол посухи худро наёфта.
Дар ин минтақа Кайлас кӯҳи баландтарин мебошад, вале он на танҳо фатҳ нашудааст, балки баландии онро то ҳанӯз дақиқ накардаанд. Ҳарчанд маълумоти расмӣ баландияшро 6638 метр нишон диҳад ҳам, роҳибони Тибет ба ин розӣ нестанд ва иброз медоранд, ки баландии Кайлас 6666 метр аст. Дар назари аввал ин рақам шубҳанок менамояд, аммо таҳқиқоти олимон бозгӯи он аст, ки ин адад ба кӯҳи Кайлас иртиботи зич дорад. Масалан, ба ҳисоби муҳаққиқон масофа миёни Кайлас ва ёдгории Стоунҳедж, ки яке аз 7 муъҷизаи олам ба шумор меравад, расо 6666 километрро ташкил медиҳад. Инчунин, аз Кайлас то Қутби Шимол 6666 километр буда, то Қутби Ҷануб 13 332 километр мебошад ва агар онро ба 2 тақсим намоем боз ҳам адади 6666 ҳосил мешавад. Ин арқом олимонро ба ҳайрат оварад ҳам, онро шарҳ дода наметавонанд.
Далели аҷиби дигар он аст, ки вақт дар ҳудуди кӯҳ бамаротиб тезтар мегузарад. Инро гурӯҳи муҳаққиқон, ки Кайласро мавриди омӯзиш қарор доданд, исбот кардаанд. Онҳо кӯҳро дар зарфи 12 соат давр заданд, аммо ришу нохунҳояшон чунон баланд шуданд, ки гӯиё ҳафтаҳо онҳоро нагирифта бошанд. Таҳқиқот нишон дод, ки чунин баландшавии ришу нохун дар муддати 2 ҳафта ба амал меояд. Яъне, назар ба дигар манотиқ, вақт дар назди кӯҳи Кайлас 28 маротиба тезтар мегузарад.
Ин ҳама боис гашта, ки Кайласро чун кӯҳи пурасрор ном баранд. Вале мардуме, ки дар қарибиҳои он маскан гирифтаанд, Кайласро кӯҳи муқаддас мешуморанд. Махсусан, намояндагони мазҳаби ҳиндуия зиёрати онро барои худ хушбахтӣ медонанд.
Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият»
Тарҷума аз русӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2015 №: 253 Мутолиа карданд: 651