logo

ҳуқуқ

ИСЛОҲОТИ СОҲАИ САҲШ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

16 декабр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии лоиҳаи Созишнома оид ба «Дастгирии ислоҳоти соҳаи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти вазорат, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ, намояндагони Агентии швейтсариягӣ оид ба тараққиёт ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва дигар созмон-ҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи тараққиёти Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирии молиявии Агентии  швейтсариягӣ оид ба тараққиёт ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар ҳаҷми 5,2 миллион доллари ИМА, ки барои давраи аввал (2016-2019) ҷудо шудааст, татбиқ мешавад. Он ба амалишавии Барномаи ҳуқуқии судӣ (2015-2017) ва Барномаи давлатии тараққиёти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  (2014-2019) мусоидат менамояд.
Зимни баимзорасонии ло-иҳа Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, ки бақайдгирии самараноки сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба давлат барои ба нақша гирифтан ва қабул кардани қарорҳои дахлдор мусоидат менамояд.
- Дар доираи лоиҳа, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳо даст-гирӣ карда мешаванд, ки ин ҳамоҳангсозии самараноки ислоҳотро таъмин менамояд, - зикр намуд Александр Зуев, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон.
Бақайдгирии  ҳаматарафаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маълумот оид ба афзоиши аҳолӣ барои бомуваффақият таҳия намудани стратегияи тараққиёти соҳаҳои гуногун аҳамияти муҳим дорад. Тавре Натали Барбанчо, муовини сардори Агентии швейтсариягӣ оид ба ҳамкорӣ ва тараққиёт дар Тоҷикистон, иброз дошт, ин ниҳод беш аз 15 сол аст, ки лоиҳаи ислоҳотро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2015    №: 253    Мутолиа карданд: 612
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед