logo

энергетика

РУШДИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКА РУШДИ ТОҶИКИСТОН АСТ

Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон беназир буда, барои  истеҳсоли барқи обӣ дар кишвар имкониятҳои хеле зиёд фароҳам меорад. Бо назардошти ин,  ҳанӯз аз солҳои 20 - 30-юми асри гузашта  захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон аз тарафи мутахассисони баландпояи Иттиҳоди Шӯравӣ  мавриди омӯзишу таҳқиқот  қарор гирифта, аз ҳамон овон сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ оғоз ёфтанд.
Тоҷикистон вобаста ба имконоти гидроэнергетикии худ, мебоист ба  кишвари асосии истеҳсолгари барқ барои Осиёи Миёна ва Қазоқистон табдил меёфт ва газу мазут ба дигар мақсад сарф мегашт. Аз рӯйи  ин нақша, Тоҷикистон дар Иттиҳоди Шӯравӣ  ба кишварҳои аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқ хеле мутараққӣ табдил ёфт.  Овардани ҳамин далел кофист, ки дар давоми бист соли баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1948 – 1968) агар истеҳсоли барқ дар миқёси олам 6 баробар ва дар Иттиҳоди Шӯравӣ 12 баробар афзоиш ёфта бошад, дар кишвари мо 22 баробар зиёд шуд. 
То октябри соли 2009 мо шомили Шабакаи ягонаи энергетикии давлатҳои Осиёи Марказӣ будем ва ҳар сол дар давраи тирамоҳу зимистон аз кишварҳои ҳамсоя то 2 миллиард кВт.соат барқ ворид менамудем. Октябри ҳамон сол, дар оғози фаро расидани сармо, кишвари моро аз Шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ҷудо карданд ва дигар ягон имкони аз хориҷ интиқол додани барқро надорем. Фақат  самараи рушди соҳа ва тадбирҳои фаврӣ буданд, ки таъминоти барқро беҳтар намудем. Ин, пеш аз ҳама, аз сиёсати амиқу созандаи энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. 
Дар Тоҷикистон пурра ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва “Сангтӯда-2”, навбати аввали МБГ-Душанбе - 2 ва зиёда аз 360 неругоҳи хурди барқи обӣ  имконият доданд, ки иқтидори энергетикии мамлакат ба миқдори 1040 мегаватт зиёд ё ба қадри 24 дарсади иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда афзун гардад.
Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боиси рушди соҳа гардидааст. Ба истифода додани хати интиқоли барқи 500кВ «Ҷануб-Шимол» шабакаи энергетикии моро муттаҳид сохт.  Дар ҳафтоду нуҳ  соли мавҷудияти шабакаи энергетикии Тоҷикистон қисмати  ҷануб ва маркази Тоҷикистон, ки вобаста ба шароити табиӣ қисми зиёди иқтидорҳои энергетикӣ дар ин ҷо воқеанд, аз шимоли кишвар ҷудо буд.  Дар дигар мамолик ва кишварҳо низ хатҳои интиқоли барқ бунёд меёбанд, вале дар чунин шароит ва релефи мураккаб бунёд намудани хати интиқоли барқи баландшиддат амали хеле ҷасурона ва шоистаи таҳсин аст.  
Дигар омили муҳим таҷдиду барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда мебошад. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии иншооти амалкунандаи энергетикии Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб амалӣ гардида истодаанд. Ҳамзамон бо ин, як ҷо бо шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки умумиҷаҳонӣ корҳои тадқиқотии лоиҳаи неругоҳи Роғун, инчунин таҳияи лоиҳаи хатти интиқоли барқи байналмилалии “CASA -1000” идома доранд.
Дар соҳа душвориҳо ҳанӯз зиёданд. Баъзан суол пайдо мешавад, ки мо ин қадар иқтидорҳои нав бунёд намудем, истеҳсоли неруи барқ афзуд, чаро то ҳол маҳдудият боқӣ мондааст?  Бояд хотиррасон намуд, ки дар давраи истиқлолият, вобаста ба пешрафти  иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти мардум, талабот ба барқ низ зиёд гардид. Масалан, шумораи аҳолии кишвар дар давраи истиқлолият беш аз 65 дарсад афзоиш ёфта, ҳазорҳо манзили истиқоматӣ ва оилаи нав бунёд шуданд. Фақат дар давоми солҳои 2013 - 2014-ум  2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил сохта, ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо дорад.
Новобаста ба ин, дар заминаи сиёсати амиқ дар кишвар соҳаи гидроэнергетика рушд меёбад. Ин талаби айём низ ҳаст. Чанде пеш зимни суханронии худ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим, дар Фаронса, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, қайд намуданд, ки рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷумҳурӣ дониста мешавад.
Ин гуфтаҳо, ки аз тадбирҳои боз ҳам бузургтар бобати рушди соҳаи энергетика башорат медиҳад, ҳам энергетикҳои кишвар ва ҳам аҳолии мамлакатро, ки дар фаслҳои сард аз барқ камбуд доранд, дилгарм менамояд. Нур аз дур намоён аст ва ҳама мутмаинем, ки дар заминаи сиёсати созандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истиқлолияти энергетикӣ расидани мо хеле наздик аст.
 

Нозир ЁДГОРӢ, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2015    №: 253    Мутолиа карданд: 14619
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед