logo

ҳуқуқ

ЗАМИНФУРӮШӢ. 37 ПАРВАНДА ДАР 11 МОҲ

Ҳарчанд қонун харидуфурӯш ва худсарона  ишғол кардани заминро манъ намуда, қонуншиканҳоро муҷозот кунад ҳам, ин мушкилот дар ноҳияи Рӯдакӣ боқист. Тибқи маълумоти  суди ноҳия дар 11 моҳи соли равон ба ин мақомот оид ба харидуфурӯш ва ё ғайриқонунӣ тасарруф кардани қитъаи заминҳои алоҳида бо  моддаҳои 247 ва 338 - и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 37 парвандаи  ҷиноятӣ ворид шудааст. Ин парвандаҳо аз тарафи  судяҳо баррасӣ гардида, вобаста ба 28 – тои он нисбат ба 33 нафар ҳукми айбдорӣ бароварда, 7 парванда дар иртибот ба 7 нафар бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар истеҳсолот қатъ гардидааст. Аз ин ҳисоб 2  парванда барои ислоҳи камбудиҳо баргардонда шудааст.

Агар воридоти парвандаҳоро ба суди ноҳия оид ба харидуфурӯшу худсарона ишғол кардани замин бо соли 2014 қиёс кунем, дармеёбем, ки дар 11 моҳи соли равон назар ба соли гузашта 2 парванда бештар ворид гардидааст. Яъне маълум мешавад, ки қонуншиканон дидаю дониста барои манфиат гирифтан даст ба ҷиноят мезананд. Як гурӯҳи ин ашхос даст ба қаллобию авомфиребӣ зада, одамони зудбоварро бо ваъдаи соҳиби замин кардан ба доми ҳилаву найранги  худ кашида, аз онҳо пул меситонанд. Яке аз ин қабил ашхос Садриддин Маҳкамов мебошад, ки тӯли 5 сол даст ба қаллобӣ, сохтакорӣ, суистифодаи ваколат, азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ва баромадан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ зада, дар панҷ ҳолат аз 500 то 2 ҳазору 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ шудааст. Дар ду ҳолат парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ қатъ ва дар се ҳолат дар асоси Қонун «Дар бораи авф» аз адои ҷазои таъйиншуда озод гардидааст. Вале ин ҷаримабандиҳо пинакашро напарронда, гумон кардааст, ки боз қонуни авфи дигар гуноҳашро мебахшад. Фаромӯш кардааст, ки малахак ниҳоят ба дом меафтад. Дили омӯхта хун меборад, гуфтагӣ барин  Садриддин Маҳкамов боз даст ба ҷиноят мезанад. Суди ноҳия 30 июли соли равон боз ӯро дар содир намудани ҷиноят бо назардошти моддаҳои 247 қисми 4, банди «б»,  340 қисми 2, банди «а» ва моддаи 67, қисмҳои 3 ва 5 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор ҳисобида, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам шудани ҷазоҳои  таъйиншуда ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Суд ӯро  се сол аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмативу давлатию роҳбарӣ маҳрум ва иҷрои  ҷазояшро дар колонияҳои ислоҳии низомашон пурзӯр таъйин кард. Ҳамчунин суд тасмим гирифт, ки аз ҳисоби ӯ ба фоидаи ҷабрдида Боғигул Хидирова 10 ҳазор доллар  (мутаносибан бо асъори миллӣ)  рӯёнда шавад.
Абдулқосим Халиқулов ҷинояткори дигарест, ки бо вуҷуди  дар тӯли солҳои 2012 - 2014 панҷ карат аз 1500  то 4000  нишондиҳанда барои  ҳисобот ҷаримабандӣ шудан, дарси ибрат нагирифтааст. Ниҳоят, боз ба даст афтода, 11 августи соли ҷорӣ бо ҳукми суд гунаҳгор дониста, ба муҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои низомашон умумӣ маҳкум шудааст.
Дар пеши Маҳмадҷон Мирзораҷабов ду нафари аввал мисли нахӯди пеши қошуқанд. Соли 2009 ӯ бо ҷинояти қаллобӣ ва найрангбозиҳои дигар се сол ҳукми зиндон гирифта буд.  Бояд ислоҳ мешуд ва минбаъд роҳи ростро  пеша мекард. Аммо чунин инсонҳо нафси саркаш доранду  ислоҳ  шудан намехоҳанд. Маҳмадҷон «То табар омадан кунда меосояд», - гуфтагӣ барин, соли 2014 боз даст ба ҷиноят зад. Суд 21  апрели соли 2014  бо моддаи 247, қисми 4, банди «б» - и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ ӯро гунаҳгор дониста, ба андозаи  1400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима баста, ба муҳлати 3 сол аз фаъолияти соҳибкорӣ маҳрум кард. Вале тақдираш баландӣ карду 29 октябри ҳамон сол бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба рӯйхати авфшудагон афтод. Маҳмадҷон бо боваре, ки дигар ба даст намеафтад, соли 2015 боз ҷиноят содир кард. Ин дафъа  суди ноҳия дафтари аъмоли ӯро 18 март ва 4 сентябр варақгардон карда, бо дастрасӣ ба бандҳои моддаҳои 247, 340 ва  моддаи 67, қисмҳои 3 ва 6 - и Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ бо қисман зам намудани ҷазо ӯро 12 сол (бо адои ҷазо  дар колонияи ислоҳии низомаш сахт) аз озодӣ маҳрум намуд. Инчунин суд ҳукм кард, ки аз ҳисоби Маҳмадҷон Мирзораҷабов ба фоидаи 5 нафари аз қаллобии ӯ зарардида  ба маблағи аз 300 доллар то 3 ҳазор доллар, дар маҷмӯъ 8 ҳазору 900 доллар  рӯёнда шавад.
- Бо дода қаноат куну  бо дод бизӣ, - гуфтааст бузурге. Аммо  ашхоси қаллобу найрангбоз аз зумраи  инсонҳои Худотарсу  шукргузор нестанд, ки бо нони  ҳалол қаноат кунанд. Онҳо мехоҳанд, ки кордашон ҳамеша болои равған  бошаду деги маишаташон аз ҳисоби  дигарон  ҷӯшад. Муфтхӯриву қаллобиву авомфиребӣ дар ҳама давру замон муҷозот мешуду  мешавад. Додгоҳ ҳам  барои чунин ашхоси найрангбозу қонуншикан вуҷуд дорад, ки бо банди  зиндон карданашон аз карда пушаймон шуда, зиндагии ҳалолро пеша намоянд.

У. МУРОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2015    №: 254    Мутолиа карданд: 609
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед