logo

фарҳанг

ШАМЪИ РӮШАНИ СУЛҲ

Шеъри ҳар шоир аз фазои маънавии ӯ ҷудо нест ва дар ҳамон фазо худро шакл медиҳад. Чунин аст, ки шеър  дар хонанда ҳамон ҳисро бедор  месозад, ки шоир дар худ онро дорад. Шеър ба гунаи дигар сурати дигари шоир аст, ки дар рангҳои гуногун худро нишон медиҳад ва аз фарозу фуруди маърифати шоир ба хонанда ҳикоят мекунад. Ҳикояти шеъри ҳар шоир мутобиқ ба ҳамон фазо, гоҳе ширину шод ва гоҳe низ ғамбор ва талх аст, дар ҳамин ҳолатҳо он барои хонанда азиз аст. Устод Ашӯр Сафар аз чунин шоироне буд, ки фазои зиндагии худро барои хонанда самимона, соф ва бидуни тамаллуқу риё пешниҳод мекард. Аз ин ҷост, ки дар ҳар маҳфиле, ки ҳузур пайдо мекард, он маҳфил рангу бӯи дигар мегирифт ва хандаву шеър беҳтарин армуғон барои ҳозирон мешуд. Устод рисолати худро дар шеъру шоирӣ бисёр хуб дарк мекард. Ӯ ҳамин рисолати маънавии худро дар давоми зиндагӣ самимона нисори мардум намуда, танҳо барои мардум шеър сурудааст:

Гул саҳар лаб во кунад аз хандаҳои офтоб,
Мекушояд сафҳаҳои фикри одамро китоб.

Рӯзгори одамӣ пур аз фарозу шебҳост,
То ба баҳре рӯд резад, ҳаст дар ранҷу азоб.

Матлаи ғазал бо ҳамон содагӣ ва покиву меҳрубонӣ, ки инсон ба он ҳамеша ниёз дорад, шурӯъ мешавад. Хонанда дар фазои пур аз рангҳо, зиндагии саршор аз зебоиро, ки дар хандаҳои офтоби саҳар тасвир шудааст, мебинад. Тасвири шукуфтани гули саҳар дар хандаҳои офтоб мутобиқ ба фазои зиндагии шоир аст ва ӯ ин манзараро на танҳо дида, балки дар он зиндагӣ карда ва ҳамин зиндагиро хубу зебо дар ғазал ба наққошӣ гирифтааст.
Устод Ашӯр Сафар ба ҳақ худ мисли борони баҳор нарму меҳрубон бо мардум канор меомад. Шодиҳои худро бо онҳо тақсим мекард, аммо дарду ғам ва андуҳи худро аз дӯстону пайвандон пинҳон медошт, зеро дӯст намедошт мардумро озурда ва ғамнок бубинад. Вожаи дигаре, ки ба номи китоб, ба фазои шеър ва зиндагии устод бисёр мувофиқ аст, ҳидоят мебошад. Ӯ ҳамеша бо ҳамин калима зиндагӣ кардааст ва бо ин калима шеъри худро сурудааст:

Чӣ ғам, вақте ки дил бар дил қарин аст,
Вафои ин ба ону он ба ин аст.

Нахандад духтари ҳамсоя аз ғам,
Даме ҳамсояаш зору ҳазин аст.

Дар шеърҳои ин суханвар дӯстиву ростӣ, муҳаббат, озодиву озодагӣ бештар аз ҳар мавзӯи дигар тасвиру тавсиф шудааст. Ӯ бо истифода аз ин калимаҳои пурмоя шеърҳои худро ҳусн ва қурб додааст. Барои ӯ ҳар калима чун миное мебошад, ки дар он бодаи андешаи худро рехта ва бетардид соғари андешааш аз бодаи маърифат оганда ва дили хонандаи худро метавонад ба ҷӯш биёварад.
Яке аз мавзӯъҳо, ки дар осори шоир мақоми махсус дорад, мавзӯи сулҳ мебошад, ки ӯ вуҷудашро ба он таслим кардааст ва ҳастии миллатро танҳо дар он медонад. Аз нигоҳи шоир, агар сулҳ пойдор бошад, зиндагӣ, муҳаббат, маърифат ва миллат низ пойдор хоҳад буд.

Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳан қанди сухан омадаӣ.

Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо
Сар - сари дидаи ман омадаӣ…

Ба ақидаи ӯ ҳар яке аз мо, агар шамъе аз муҳаббат ва сулҳ барои Ватан равшан кунад, ин Ватан бештар шукӯҳ ва шаҳомат мегирад.

То шамъ насӯзад, нашавад гӯшае равшан,
Сар хам накунад шоха, дар он гар самаре нест…
    
Устод Ашӯр Сафар ин гуна шеър замзама мекард, рисолати шеър ва шоириро чун  дар пеши миллат ва Ватан ба хубӣ эҳсос мекард.
                   
Муҳаммадалии АҶАМӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2015    №: 255    Мутолиа карданд: 684

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед