logo

фарҳанг

КАШФИ ГАНҶҲОИ НУҲУФТА КАШФИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ АСТ

Соли ҷорӣ ба шаш адад ёдгории таърихӣ иҷозатнома барои анҷом додани корҳои ҳафриётӣ дода шуд. Яке аз ёдгориҳои нодири таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг ҷойгир мебошад, ки дар он давоми чор сол корҳои кофтукови бостоншиносӣ ҷараён дорад.

Бостоншиносони Академияи илмҳо дар яке аз мавзеъҳои ноҳияи Данғара 72 зарфи сафолӣ пайдо намуданд, ки ба асрҳои XIII  ва XI  пеш аз милод мансуб аст. Саидмурод Бобомуллоев, бостоншинос мегӯяд, ки бозёфтҳои нодир бо маҳорати баланди касбӣ сохта шуда,  қимати зиёд доранд. То ҳанӯз аз ягон мавзеи Хатлонзамин чунин бозёфт кашф нагардидааст. Шералӣ  Ҳоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси фарҳангию таърихии Вазорати фарҳанг мегӯяд, ки дар ноҳияи Данғара Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳо ва бостоншиносони олмонӣ тарҳи иморатеро ёфтаанд, ки таърихи 5 - ҳазорсола дорад. Ҷоми сангин, маъбади офтоб, расадхона ва дигар бозёфтҳои бостоншиносӣ солҳои охир кашф гардидаанд. Дар ошкор кардани маконҳои таърихӣ аҳолӣ ҳамкории хуб дорад. Ҳатто бо ёфтани одитарин зарф ё бино ҳатман ба муаррихон муроҷиат мекунанд. Солҳои қаблӣ баъзе аз мавзеъҳои бостонӣ ба қабристон, чарогоҳ ва киштзор табдил ёфта буданд. Имрӯз атрофи ин мавзеъ пӯшонда шудааст ва корҳои ҳафриётӣ идома дорад.
Бино ба иттилои  Вазорати фарҳанг то ба имрӯз 2020 феҳристи ёдгориҳои таърихӣ - бостонӣ ба қайд гирифта шудааст, ки хазинаи тиллоии миллатро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ дар деҳаи Қамбари шаҳри Турсунзода хумдони сафолпазии мутааллиқ ба асри X ва XI ба қайд гирифта шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Пушёни ноҳияи Восеъ панҷ ёдгории таърихии меъморӣ ёфт гардид, ки ба асрҳои миёна тааллуқ доранд.
Масъуди Миршоҳӣ, роҳбари маркази фарҳангии Рӯдакӣ дар кишвари Фаронса, ки ба мавзеъҳои бостонии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ алоқамандии зиёд дорад, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон мавзеъҳои таърихии бостонии зери хок хобида зиёд аст ва онҳо ба тадқиқоти ҷиддӣ ниёз доранд. Мавзеъҳои таърихӣ шиносномаи ҳар як миллатанд.
Моҳи августи соли ҷорӣ кормандони Осорхонаи миллӣ дар ноҳияи Шаҳринав корҳои археологӣ анҷом дода, қубурҳои обгузари асримиёнагиро дарёфт намуданд.
Ҳифз ва таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ яке аз самтҳои сиёсати фарҳангии Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Бахусус, сол то сол ҷудо гардидани маблағ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмиру ҳифзи мавзеъҳои таърихии кишвар далели ин гуфтаҳост. Ҳукумати кишвар дар муддати даҳ соли охир танҳо барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ  ҳудуди  3 миллиард сомонӣ равона карда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавӣ азнавсозӣ шуданд. Дар баробари ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ,  ҳамзамон бояд ба наврасон муҳимияти мероси мазкурро омӯзонда, ба оянда ин ганҷро амонат гузорем. Зеро дар ҷаҳони имрӯз мавзеъҳои бостонӣ на танҳо таърихи миллат ва давлатҳоро муаррифӣ менамояд, балки ба манбаи даромад дар бахши сайёҳӣ ҳам табдил меёбанд.
 
C. ҲАРАМГУЛ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2015    №: 255    Мутолиа карданд: 601

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед