logo

ҳуқуқ

БА ДОМИ ПАДАРАМ АФТОДАМ

Ман маъюби гурӯҳи 3 Домуллоҷонова Заррина Хайруллоевна мебошам. Чандест, ки дар ҳоли хеле бад қарор дорам. Пас аз мушкили зиёд бо дахолати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти банда роҳи ҳалли худро ёфта, хонаи истиқоматие, ки бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи ба номи М. Ломоносов, хонаи 392/1 воқеъ аст, ба ман баргардонида шуд. Дар он бо се нафар фарзандам ва бародарам зиндагӣ дорем. Баъд аз тариқи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳукми қонунӣ гирифтани ин амал дар ҳаёти ман воқеаи аҷиби дигаре сурат гирифт.
Падарам Хайрулло Домул-лоҷонов, ки маро аз сесолагиям бо модар ва бародарам аз хона бароварда пеш карду дар ин муддат мо ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ шудем, ба ҳаётам ба таври ногаҳонӣ боз ворид гардид. Пас аз сӣ сол боз падарам бо баҳонаи кумак расонидан бо роҳи фиреб маро ба идораи нотариалии ноҳияи Сино бурда дар ҳуҷҷатҳои зарурӣ имзо гузоштанро хоҳиш намуд. Ман, ки забони тоҷикиро хуб намедонам (модарам рустабор буданд) ба падарам бовар карда, дар ҳуҷҷат имзо гузоштам. Касе ба ман мазмун ва моҳияти ҳуҷҷати имзонамудаамро низ нафаҳмонд.
Ҳамсари нави падарам Адолат Домуллоҷонова адвокат мебошад ва шиносу қадрдонҳои зиёде дар ин соҳа дорад. Маълум шуд, ки падарам бо роҳи фиреб аз ман ваколатнома гирифта, хонаи истиқоматиамро ба фурӯш баровардааст. Новобаста аз он, ки суди ноҳияи Сино ва шаҳри Душанбе мурофиаро ба фоидаи мо ҳал намуданд, падарам, ҳамсараш, дӯсташон Саодат Бобоҷонова ва собиқ шавҳарам Руслан Раҷабов моро то ҳол азоб дода истодаанд. Онҳо мехоҳанд, бо ҳар роҳ сарпаноҳи моро соҳиб шуда, худамонро дар нимароҳ монанд.  Хоҳишмандам, ба ман кумак расонед.
 

З. ДОМУЛЛОҶОНОВА,
сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи М. Ломоносов,
хонаи 392/1, маъюби гурӯҳи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2015    №: 255    Мутолиа карданд: 526

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед