logo

ҳуқуқ

ПУРСИШУ ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Айналишо Айналишоев, муовини сардори   Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷавоб доданд.
 Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Дувоздаҳ сол пеш кӯдакеро ба фарзандӣ қабул кардам, ки айни замон  ба балоғат расидааст. Ӯ барои содир намудани ҷиноят ду маротиба бо ҳукми суд маҳкум гардида, айни замон муносибаташ бо ман он қадар хуб нест. Оё ҳуқуқи бекор кардани фарзандхондиро дорам?
Н. Ҷалилова,
сокини шаҳраки Сирдарё, шаҳри Қайроққум

- Мувофиқи моддаи 144 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон агар кӯдаки фарзандхондшуда то талаби бекор кардани фарзандхондӣ ба синни балоғат расида бошад, дар ин ҳолат бекор кардани фарзандхондӣ мумкин нест. Моддаи мазкур, ҳамзамон, ҳолатҳоеро пешбинӣ намудааст, ки маҳдудияти бекор кардани фарзандхондии кӯдаки ба балоғат расидаро истисно менамояд. Ин розигии байни шахси фарзандхондкарда ва кӯдаки фарзандхондшуда, инчунин розигии волидони кӯдак (агар онҳо аз ҳуқуқи падарию модарӣ маҳрум нагардида бошанд ва ё бо қарори суд ғайри қобили амал эътироф нашуда бошанд).
Дар сурати розӣ будани кӯдаки фарзандхондшуда ва волидонаш (агар онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум нашуда бошанд) шумо метавонед оид ба бекор кардани фарзандхондӣ ба суд муроҷиат намоед.

 

- Шавҳари ман дар ягон ҷо кор намекунад. Вай  худашро ҳамеша  аз ман дур мегирад,  то  ки барои таъмини писарамон  пул  напурсам.  Оё имкони муқаррар намудани  маблағи  устувор, ки ҳар моҳ аз ҷониби шавҳарам пардохта шавад,  вуҷуд дорад?
Сайлона Хосабекова,
 сокини ноҳияи  Ишкошим

- Бале, чунин   имкон вуҷуд дорад. Тибқи моддаҳои 81 - 83 Кодекси оилаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падару модаре, ки ҳамроҳи фарзандашон зиндагӣ намекунанд ё ин ки зиндагӣ  мекунанд,  вале   дар   таъминоти моддии  кӯдакон  ҳисса намегузоранд, алимент талаб  карда мешавад.  Падар ва модар, новобаста аз он ки  даромади  мунтазам доранд ё не, уҳдадории таъмини  фарзанди худро  ба  зимма доранд. Барои ин бояд  ба суд  бо аризаи даъвогӣ муроҷиат кард. Суд андозаи алименти пардохтшавандаро бо маблағи  устувор , ки аз волидайн ҳар моҳ  барои таъмини кӯдак  ситонда мешавад, муайян менамояд.

 

- Вақтҳои охир дар бозори амволи ғайриманқул пешниҳоди харидани манзилҳои аз қарздорон мусодирашуда аз тарафи бонкҳо афзудааст. Оё чунин манзилҳо барои харидор мушкилот пеш намеоранд?
А. Олимов,
сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

- Манзилҳои истиқоматие, ки бонкҳо ба фурӯш мегузоранд, дорои таърихи ҳуқуқии беиллатӣ мебошанд. Аммо, бо вуҷуди ин, навъҳои дигари таваккал ба вуҷуд меоянд. Масалан, ҳатто дар манзили истиқоматии тибқи тартиби судӣ мусодирашуда ва ё ситондашуда низ мумкин аст молики пешина ва ё шахсони сеюм (аз ҷумла, ноболиғон, нафақахӯрон ва ё маъюбон)  зиндагӣ дошта бошанд.  Дар ин ҳолат ба харидор лозим меояд, ки ба тариқи судӣ онҳоро аз қайд барорад (дар бисёр ҳолат бонк ин корҳоро ба зимма мегирад). Пас аз он, агар сокинон ихтиёран холӣ кардани манзилро рад намоянд, он гоҳ ҳалномаи суди иловагӣ дар бораи хонаи дигари истиқоматӣ надода кӯчондан бояд қабул шавад.
Тавре таҷриба нишон медиҳад, соҳибмулкони пештара бисёр вақт аз худашон дар намуди андоз, пардохтҳои бо қонун муайяншуда ва ҳаққи хизматрасониҳои коммуналии пардохтнагардидаро «мерос» мегузоранд. Ғайр аз ин, ҳолатҳое маълуманд, ки баъди фурӯхтани манзилҳои истиқоматӣ аз тарафи соҳибмулкони пештара ба ҷавобгарии бонкҳо талаботи даъвогӣ пешниҳод мегарданд ва баҳри таъмини даъвоҳо дархости ба ҳасб гузоштан ва манъ кардани гузарондани амалиёти бақайдгирӣ ва нотариалиро то моҳиятан ҳал шудани баҳс пешниҳод мекунанд. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар вақти харидани чунин манзилҳои истиқоматӣ талаботи меъёри қонун оид ба додугирифти амволи харидашуда иҷро шуда, харидор бояд пас аз пардохти арзиши амвол моликиятро қабул намояд. Ин ба он хотир аст, ки вайроншавии ҳуқуқ ва амалҳое, ки ҳуқуқро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани он таҳдид менамоянд, пешгирӣ гарданд.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2015    №: 255    Мутолиа карданд: 608

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед