logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ПЕШВОИ МО

Мо, сокинони вилояти Суғд, иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакатро вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», ки аз иродаи мардуми шарафманди тоҷик ва дар заминаи арҷгузорӣ ба хидматҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, саҳифаи тозае дар таърихи давлатдории навини худ шумурда, ин амри воқеиро бо камоли самимият истиқбол менамоем.
Қабули ин санади таърихӣ, ки амалан иштироки халқ дар он зоҳир мегардад, баёнгари он аст, ки талошҳои Сарвари давлат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ аз сӯи ҷомеа ба дурусти шинохта шудааст. Зеро, воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳнамои дурандеш, ғамхору созанда аз рӯзҳои аввали фаъолияти сиёсиаш дар кӯтоҳтарин муддат мардумро аз зулмоти яъсу ноумедӣ раҳо бахшида, дар дили онҳо чароғи эътимод ва бовариро барои расидан ба ояндаи дурахшон равшан сохт. Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳофарини Пешвои миллати мо дар ҷаҳон эътироф ва барои ҳалли буҳрону даргириҳои дохилии кишварҳои гуногун ҳамчун модели санҷидашуда тавсия мешавад.
Вилояти Суғд дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти раҳнамоии Президенти мамлакат ба пешрафтҳои азими саноативу иқтисодӣ даст ёфт. Шаҳру деҳоти вилоят бо бунёди гулгашту хиёбонҳои наву дилкушо намои тоза гирифта, аз гул-гулшукуфии Ватани азиз ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар ҳар дам шаҳодат медиҳанд. Сокинони вилояти Суғд бо қаноатмандӣ аз ташаббусҳои созанда, иқдоми ахири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба шаҳрсозӣ истиқбол карданд. Тавре маълум аст, ахиран бо эҳтимом ва иштироки бевоситаи Сарвари давлат дар вилоят ба бунёди шаҳрҳои нав - Баҳористон ва Сайҳун асос гузошта шуд, ки ба беҳдошти рӯзгори мардум ва таъмини аҳолӣ бо манзилу шароити хуби зист мусоидат мекунад.
Гузашта аз ин, дар заминаи татбиқи барномаҳои стратегии давлатӣ, аз ҷумла раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ  шоҳроҳи бузурги Душанбе - Хуҷанд - Чанак навсозӣ шуд. Садоқат ба халқу миллати хеш таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмонро новобаста аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ маҳз ба татбиқи барномаҳои бузургҳаҷме, чун сохтмони роҳу пулҳо ва нақбҳо ҷалб намуд. Ин буд, ки дар баробари дигар нақбу пулҳои бунёдшуда, нақбҳои “Истиқлол” - у Шаҳристон низ бунёд ва муҳимтарин василаи пайванди вилояти Суғд бо тамоми манотиқи ҷумҳурӣ дар тамоми фасли сол гардид. Мо имрӯз амиқан дарк мекунем, ки бунёд ё навсозии ин шоҳроҳ на танҳо аҳамияти иқтисодӣ, балки васлу ваҳдати бештари ҷуғрофиро низ ба миён овард.
Бояд гуфт, ки дар баробари корҳои созандагиву бунёдкорӣ рӯ овардани Пешвои миллат ба таърих ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву тамаддунсози тоҷик ҳамеша қобили эътироф аст. Эълон гардидани «Соли тамаддуни ориёӣ» ва чорабиниҳои ба он вобаста, иншои китоби пурарзиши «Аз ориён то Сомониён» аз таваҷҷуҳи амиқи Сарвари давлат ба тамаддуни халқу миллатҳои қадим шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, фаъолиятҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт нишон медиҳанд, ки Сарвари мо дар замони муосир яке аз поягузорони гуфтугӯи тамаддунҳои Шарқу Fарб низ ҳаст. Зеро ба қавли Президенти мамлакат “Гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик заминаи мусоид мегардад. Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ - тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст».
Дар ростои ташаббусҳои ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон воқеияти дигаре мавҷуд аст, ки Пешвои миллати мо фаротар аз халқу миллати худ, барои беҳдошти зиндагии аҳли башар низ ташаббус нишон медиҳад. Мисоли равшани инро мо дар талошҳои Президенти мамлакат ҷиҳати танзими ҳамкориҳои судманд дар соҳаи об, ки яке аз масъалаҳои глобалии ҷаҳон аст, дида метавонем.
Мо - сокинони вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдгарои Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи ғояҳои ояндасозӣ ӯ муттаҳид гардида, барои боз ҳам ободу зебо ва шукуфо гардидани Тоҷикистони азиз саъю талош менамоем.

Бо таманнои ободии кишвар,
 сокинони вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2015    №: 255    Мутолиа карданд: 603

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед