logo

сиёсат

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪИИ СААД ДАР МАСКАВ

21 декабр дар шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аввал дар ҷаласаи хоса ва сипас дар ҷаласаи васеи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок кард ва сухан ронд.

Дар ин ҳамоиш сарони давлатҳои аъзои СААД Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок карданд.
Ба рӯзномаи маҷлис барои баррасӣ масъалаҳо доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва таҳкими амният ва суботи минтақавӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ворид карда шуданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки  “вазъи имрӯзаи ҷаҳон аз мо тақозо мекунад, то барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналхалқӣ тадбирҳои муассири дастаҷамъона андешем”.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки вазъи зудтағйирёбанда дар минтақа бо ҷалби неруҳои нав ҳолати мураккаби пешгӯинашавандаро ба миён овардааст ва дар назди созмон вазифаҳои нави бетаъхир мегузорад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуд, ки “барои давлатҳои аъзои СААД аз ҳама омили хатарнок он аст, ки дар муноқишаҳои низомии минтақа баъзе шаҳрвандони кишварҳои мо иштирок менамоянд”  ва илова кард, ки “ҳамоиши имрӯза имкон медиҳад, ки мо сохторҳои марбутаи худро барои ҳамдастӣ ва табодули иттилоъ сафарбар намоем”.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин зимни суханронӣ оид ба фош сохтани таблиғгарон, пешгирии ҷалби ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, вазъи сарҳадҳои кишварҳои СААД, пурзӯр кардани неруҳои низомӣ барои мубориза бо хатарҳои нав андеша ронд.
Ба сатҳи баргузории машқҳои низомӣ дар қаламрави кишварҳои аъзо баҳои арзанда дода, пешниҳод ба миён гузошта шуд, ки минбаъд дар доираи созмон барои дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани Қувваҳои Мусаллаҳ бояд чораҳо андешид.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи худ, ки дар сафи пеши муқовимат қарор дорад, барои мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд.
Дар охири ҷаласаи ҳайатҳои васеъ Изҳороти сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир ба муқовимати муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва як зумра санадҳои дигари муҳим ба имзо расиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2015    №: 255    Мутолиа карданд: 444

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед