logo

фарҳанг

ОЧААМ МЕОЯД, ҲАТМАН МЕОЯД

Аз дар даромадам. Кӯдакони машғули бозӣ баргашта ба сӯям нигаристанд. Яке ҳайрон-ҳайрон ишораангушт зери дандон, оби даҳонаш равону ҳаросон - ҳаросон наздам омад. Гуфт:
- Ту кӣ?
Ногоҳ яки дигаре «оча» - гӯён давида ҷуссаи хурдакакашро ба пойҳоям партофт…
Дигаре гиряро бардошт. Сеюмӣ аробачаашро ғелонида, ба дарун гузашт. Яке пушташро гардонид. Дигарӣ гоҳ чорпаҳлуву гоҳ гаваккашон наздиктар меомад. Ду-се нафари дигараш ба кунҷаки девор ҷафс шуда, бо ишораи даст ба ҳам ким-чиҳое мегуфтанд. Маълум буд, ки гап зада наметавонистанд.
Духтараки лӯхтакбадасте, ки назди тирезаи аз қадаш баланд истода ба берун менигарист ва аснои аз дар даромадан рӯяшро ба тарафи ман гардонид, ҳамоно дар ҷояш беҳаракат меистод. Ба берун менигарист. Ба осмони нилии ҷо-ҷояш бо абрпораҳо зиннатёфта. Аҷаб манзарае!
Яке ҳамоно ба банди пойҳоям худашро мемолид. Сарашро боло карда дида ба дидагонам медӯхт. Механдид. Хандааш маъсумона. Оби даҳонаш аз қабати дандонҳояш мешорид. Чашмаконаш медурахшиданд.
Оне, ки «Ту кӣ?!» - гӯён аввалин шуда ба пешам омада буд, ноҷунбон чашмак зада - чашмак зада, дар рӯ ба рӯям меистод. Лаҳзае лол мондам. Надониста мондам, бо кадоме чи гуна муносибат кунам.
Рӯзи дигар. Боз аз дар даромадам. Боз ҳамон хона ва ҳамон кӯдакон. Вале ин дафъа дигар хел. Бо ман аксарият унс гирифтаанд. Аз ман намеҳаросанд. Боз ҳамон яке «оча»-ву дигарӣ «апаҷон» мегуфт. Бо ҳам бозӣ кардем. Механдидем. Онҳо аз дидорам шод шуданд. Ба истиснои яке. Ҳамон яке, ки лӯхтак дар даст мудом дар назди тиреза меистоду осмонро ҳар рӯз ба ҳар ранг медид. Намедонам, аз осмони холӣ чӣ меҷуст? Кӯшиш мекардам ба ӯ наздик шавам. Салом медодам ва ӯ чун калонсолҳо бо ишораи сар алайк мегирифт. Ва зуд аз пешам мерафт.
Дар охир як рӯз, як рӯзи бисёр накӯ ва хотирмон ба ман муяссар шуд ба ҳамон духтарчае, ки лӯхтак дар даст назди тиреза маъюс меистод, суҳбат кунам. Кӯтоҳ, мухтасар, ҳайратовар.
- Салом, хубӣ?
- Салом!
- Бубин, мо ҳама якҷоя бозӣ мекунем. Чаро ту бо мо ҳамроҳ намешавӣ?
Кӯдакон ҳар рӯз интизоранд, ки кай меоям…
- Ман очаҷони худамро интизорам. Вай меояд, ҳатман меояд. Очам мана дӯст медорад, намепартояд. Барои гирифтанам меояд.
Якбора қалбам ба ларза даромад. Ӯро дар оғӯшам пахш кардам. Аз ҳик-ҳик гиристанаш дилам об шуд. Ҳамин қадар кӯшидам, вале оромаш карда натавонистам. Сар аз оғӯшам бардошт. Аз наздам дур шуд.
Аҷоиб дунёе! Гарчанде давлат барои кӯдакон ғамхорӣ мекунад, шароити хуб фароҳам овардааст, дояҳо, ҳамшираҳо, валантёрон модарвору падарсон дӯст медоранду муносибат мекунанд, вале ҳеҷ кадоме ҷойи меҳри модарро гирифта наметавонад.

Нигина УСМОНОВА,
донишҷӯйи ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 503

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед