logo

фарҳанг

РӮЗҲОИ ФИЛМҲОИ ЭРОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо ҳамбастагии Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон ва Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Рӯзҳои филмҳои Эрон роҳандозӣ шуд. Дар расми ифтитоҳи он, ки дар «Хонаи кино» (кинотеатри «Зебуннисо») баргузор гардид, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, раиси Ройзании фарҳангии Сафорати Эрон Иброҳими Худоёр ва аҳли ҳунару фарҳанги ҷумҳурӣ  ҳузур доштанд.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, доктор Ҳуҷҷатулло Фағонӣ бо муаррифии коргардонҳои ҳунарвари Эрон чунин иброз дошт: «Ифтихор дорам, ки имрӯз дар ҳузури Шумо барномаи филмҳои Эронро ифтитоҳ мекунем ва бояд гуфт, ки дар ин барнома 7 филми ҷадид ба намоиш гузошта мешавад. Ман метавонам ҳадс бизанам, ки ҳар чи ки дар ин филмҳо муштарак аст, мавзӯи хонавода ва ахлоқ аст. Ҳузури  фарехтагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон дар ин ҷашнвора нишони умед аз нумӯи аҳли ҳунари ҳар ду кишвар аст».
Барнома бо намоиши филми «Овози гунҷишкҳо», коргардон Маҷид Маҷидӣ шурӯъ шуд. Аз рӯйи нақша ин барнома сар аз 21 декабр то 27 декабри соли ҷорӣ  идома ёфта, дар он ҳамзамон филмҳои «Имрӯз» ва «Як ҳабба қанд» - и коргардон Ризо Миркаримӣ, «Ҳавзи наққошӣ» - и  Мозиёри Мирӣ, «Яке мехоҳад бо ту ҳарф бизанад» - и Манучеҳри Ҳодӣ, «Як сатр воқеият» - и Алӣ Вазириён ва «Панҷ ситора» - и Машҳед Афшорзода ба намоиш гузошта мешаванд.
Метавон гуфт, ки ин гуна барномаи ҳунарӣ василаест барои баҳамойии аҳли фарҳанг ва огаҳӣ аз навовариҳо дар ҳунар. 
 Мушкинисо АСОЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 453

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед