logo

сиёсат

МЕҲРНОМА

Хусраво, шабҳои умрат рӯз бод,
Меҳргони мулки ту Наврӯз бод!

Бо ин байт меҳрномаи худро оғоз бахшиданам бесабаб нест. Дар ин айёми фасли зимистон, ки барои мо, мардуми Вахшонзамин аз қадим иди деҳқону боғпарвар аст, аз радиою телевизион ва рӯзномаи дӯстдоштаи худ – «Ҷумҳурият» огоҳ гаштем, ки қонуни басо арзишманди Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» қабул шудааст. Мо ин тасмими вакилони халқро бо хушнудӣ пазируфтем, зеро солҳо боз бароямон равшан буд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, Пешвои барҳақи миллат аст.
Ман қариб ба синни 90 расидаам. Аз ин 25 солаш ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Дар ин чоряк аср, ба қавле, зиндагии якасра дидем: ҳам шодӣ буд аз Истиқлолияти давлатӣ, ҳам гиря буд аз ҷанги шаҳрвандӣ, ҳам яъсу ноумедиҳо буданд аз гурезу гурезаҳои иҷборӣ, ҳам боварӣ ба оянда. Ҳамин бовариро ба дилу дидаи мо Эмомалӣ Раҳмон ҷой карданд ва мо аз ҳамон давраи басо ҳассос  эшонро Пешвои худ медонистем ва ба ҳар суханонашон гӯш медодем. Ман ҳамаи суханрониҳои пешвоямонро аз тариқи телевизион мешунаваму мебинам ва ба писару набераҳои дар хизмати Ватан будаам таъкид мекунам, ки танҳо аз рӯи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат амал намоянд, он гоҳ ба ниятҳои неки худ хоҳанд расид.
Водии зархези Вахш, махсусан ноҳияи Бохтар, аз ҷанги шаҳрвандӣ хисороти зиёд дид. Садҳо хонаҳо сӯхта ба хокистар табдил ёфтанд. Ҳазорҳо нафар гуреза шуданд. Хушбахтона, баъди ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои миллат, оҳиста – оҳиста сулҳ барқарор гашт, мулк обод шуд ва имрӯз аз ҷанг асаре намондааст. Маҳз 75 ҳазор гектар заминҳои президентӣ мардумро аз чанголи бераҳмонаи муфлисӣ раҳо кард. Имрӯз аз файзу баракати сарварии Ҷаноби Олӣ дастархони деҳқони Вахш пур аз ғизост, камбағалии 15 - 20 соли гузашта ҳамчун афсона дар ёдҳо мондааст. Бигзор чунин бошад ва мо дар сояи ҳокимияти Пешвои миллат ҳамчун бобову бобокалон ба орзуҳои худ расем, ки он ҳам хушбахтии набераву абераҳост.
                                                                                   
Солеҳҷон ТУРҒУНОВ,
Устоди пахтаи Тоҷикистон,
ноҳияи Бохтар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 466

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед