logo

фарҳанг

КӮЛОБ. ҚАЛЪА БЕНИШОН МЕШАВАД?

Хабаре паҳн гардид, ки гӯё қисмате аз заминҳои мавзеи Қалъаи Кӯлобро масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр расман ба чанд нафар соҳибкорони маҳаллӣ додаанд ва дар ин мавзеъ биноҳо бо тарҳи муосир бунёд меёбанд. Баҳри муайян намудани то чӣ андоза ҳақиқат доштани ин маълумот тадқиқоти журналистӣ рӯи кор овардем.

Бостоншиносон баъди гузарондани ковиш Қалъаи Кӯлобро дар маҳаллаи Чармгарони Поён, ки дар маркази шаҳр воқеъ аст, муайян намуданд. Зери хонаҳои истиқоматӣ мондани осори он, кори таърихшиносонро басо душвор карда буд. Биноан, макони асосии қалъаро муқаррар карда, ҳудуди 6-7 манзили зистро аз болояш бардоштанд.
Дар Энсиклопедияи Кӯлоб роҷеъ ба қалъа нигошта шудааст, ки «Қалъаи Кӯлоб дар гузари Чармгарони Поён воқеъ буда, дар нимаи дуюми асри 19 сохта шудааст. Дар он ҳоким ё мири Кӯлоб Сарабек (Мири Сара) менишаст. Осори Қалъаи Кӯлоб то замони мо боқӣ мондааст. Соли 2001 дар рафти корҳои кофтуковӣ - бостоншиносӣ дар ҷойи қалъа баъзе осори таърихии мутааллиқ ба асри I-и милодӣ дарёфт гардид. Масоҳати қалъа беш аз 4 гектарро ташкил медод. 50-60 метр дуртар аз қалъа, боғи Мири Сара воқеъ гашта буд. Ҳоло дар ҷойи он боғи фарҳангу фароғатии пешоҳангони шаҳри Кӯлоб бунёд ёфтааст».
Мустақар будани қалъаи мазкурро дар маҳаллаи Чармгарони Поён дигар сарчашмаҳо низ собит менамоянд. Дар китоби «Кӯлоб» - и Юсуфшоҳ Яъқубов ва Абдуҷаббор Зардиев омадааст: «Бори аввал дар соли 2001 дар ҷараёни ҳафриёт дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб маводе ёфт шуд, ки ба давраи юнонӣ – бохтарӣ (а. III-II пеш аз милод) тааллуқ доранд. Осори ин давра дар ду нуқтаи шаҳр пайдо карда шуд: 1) дар қалъаи Чармгарони Поён… Дар ин ҳафриёт, дар чуқурии аз 2 то 4 метр шумораи зиёди зарфҳои замони юнонӣ – бохтарӣ пайдо карда шуданд… Дар назди ин қалъа шаҳристон вуҷуд дошт. Ин шаҳристон чандон калон набуда, масоҳаташ 170х150 метрро ташкил мекард. Дар ин мавзеъ чашмаҳо бисёранд…» Воқеан, маконеро, ки кунун қалъа мешуморанд, дар атрофаш чашмаҳо зиёданд. Бисёри чашмаҳо дар дохили ҳавлиҳо мондаанд. Яке аз онҳо машҳур бо номи «Чашмаи Бибидилафрӯз» мебошад, ки поинтар аз қалъа ҷойгир аст. Устурае аз забон ба забон омадааст, ки Бибидилафрӯз духтари Мири Сарабек будааст. Аз сахтгирии падар, аз хона берун баромада наметавонистааст. Аз ин рӯ, дар чашмаи назди хонааш моҳӣ раҳо мекунад. Рӯзҳоро лаби обу ба тамошои моҳиҳо пушти сар менамояд. Алҳол, чашмаю моҳиҳои духтари ҳоким мавҷуданд. Мегӯянд, ки оби он хусусияти шифобахшӣ дорад. Дидан баробар, чунон ба назар мерасад, ки гӯиё асроре дар ин макон нуҳуфта бошад.
Бозёфтҳои қалъа бошад, дар Муҷтамаи осорхонаҳои ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии шаҳри Кӯлоб ҳифз мешаванд. Ҳамарӯза сокинон барои тамошои онҳо рафта, аз гузаштаи дури аҷдодони хеш огаҳӣ пайдо мекунанд. Барои мо маълум нест, ки худи қалъа расман ба феҳристи мероси таърихӣ шомил аст ё не. Аммо, сокинон онро ҳамчун мероси аҷдодӣ эътироф кардаю арҷгузоранд. 
Ҳангомае ҳаст, ки бояд «Девори рамзии Кӯлоб» то қалъаи мазбур тӯл мекашид. Ва он дар ҳудуди Маҷмааи 2700-солагии Кӯлоб (собиқ боғи Пионерон ё боғи Мири Сарабек) мегузашт.
- Не, ҳеҷ гоҳ нақшаи то ҳудуди қалъа қомат афрохтани девор набуд. Дар аввал на девор, балки Амфитеатр бояд сохта мешуд. Вале нақша тағйир ёфт, - мегӯяд Акрамҷон Акрамов, муовини директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба рушди инфраструктураи иҷтимоӣ.
Мусоҳиба бо бостоншиносону сокинони солхӯрдаи шаҳр ва маҳаллаи Чармгарони Поён, истифодаи сарчашмаҳои таърихии аз заҳмати чандинсолаи пажӯҳишгарон пуршуда, исбот карданд, ки воқеан Қалъаи Кӯлоб ҳамон ҷоест, ки баҳри гузарондани амалиёти археологӣ заминашро аз манзили истиқоматӣ тоза карда буданд.
Таҳқиқ нишон дод, ки дақиқан замини қалъа, бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳри Кӯлоб соле қабл ба як гурӯҳ соҳибкорон «инъом» карда шудааст. Соҳибмулкон кулли осори боқимондаро ба хоку санг яксон карда, дар болояш ба сохтмон пардохтанд. Дар қисми пеш – поинтар аз қалъа пойдевори корхонаи дӯзандагӣ, болотар – макони асосиашро дигар соҳибкор пурра девор карда, монанди коргоҳи аввала месохтааст. Бозмондаи замин муваққатан холӣ мебошад. Саволе посух меҷӯяд: «Магар ҷоиз аст, ки макони бостонии бо талошҳои беҳад бозёфтаро бенишон карду дар рӯйяш иншоот сохт?»
- Ҷудо кардани қитъаи замин бо пешниҳоди идораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ сурат мегирад. Сармеъмор муайян мекунад, ки сохтмон намудан дар ҳамин қитъаи замин ба тақозои меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ мувофиқат менамояд ё не, - тазаккур дод Рустам Бобохонов, сардори Кумитаи идораи замини шаҳр. - Вазифаи мо танҳо муқаррар намудани категорияи замин мебошад. То имрӯз ба унвони идораи замин роҷеъ ба мамнуъ будани тақсимоти замини ин нуқтаи маҳалла ҳеҷ асноде ворид нагардидааст. Идораи мо хулоса додааст ё не, ростӣ намедонам. Шояд розигӣ дода бошад.
Таассуфовар ин аст, ки раиси кумитаи замин аз хабарнигор мепурсад, дар куҷо ҷойгир будани замини қалъаю кадом соҳибкор чӣ сохтанро. Аз миён як сол сипарӣ гардида бошад ҳам, аммо ӯ ҳанӯз воқиф набудааст. Қалъа на дар ягон деҳоти дурдаст, балки дар маркази шаҳр воқеъ аст. Масъулон бошанд, то он ҳад бетаваҷҷуҳию саҳлангориро раво дидаанд, ки ҳатто хулоса додану надоданашонро дар бобати замини зикршуда, фаромӯш кардаанд.
Нуриддин Бозоров, собиқ сармеъмори шаҳр, зимни суҳбат «тавзеҳ» дод, ки «Қалъа дар нақшаи генералии маҳаллаи аҳолинишин шомил аст. Кофтукоб дар он мавзеъ ба итмом расидааст. Аз ин рӯ, ба соҳибкорон заминашро додем».
Возеҳ шуд, ки ҳеҷ ҷурме дар соҳибкорон нест. Зеро ягон нафаре аз ин қишр хилофи қонун заминро ғасб накардаанд.
Мутаассифона, иддае мансабдорон ба ҷойи арҷ гузоштан ба мероси қадимӣ, зинда кардану чун гавҳараки чашм нигоҳ доштани чунин макон, дидаю дониста онро ба адам мебаранд. Солҳо сипарӣ мешаванд, насли оянда дар куҷо будани Қалъаи Кӯлобро ҳатман аз калонсолон суол мекунанд. Чӣ ҷавоб хоҳем гуфт?

Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 738

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед