logo

сиёсат

ПОЙДОРИИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ АЗ ҲУВИЯТУ ХУДШИНОСИСТ

Дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Шуури муқаррарӣ)
Мақолаи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Шуури муқаррарӣ) матлаби саривақтӣ ва ба нафъи ҷомеа мебошад. Ба ақидаи муаллиф, бозтоби воқеаҳои глобалӣ, минтақавӣ ва баъзе протсессҳои диалектикӣ - идомаи мантиқии равандҳои геополитикӣ, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон рух медиҳанд, ниёз ба таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарории дақиқ доранд. С. Ятимов менависад: «Ба назар муҳим мерасад, агар хосият, муносибот ва қонуниятҳои ин зуҳурот дар вобастагӣ бо омилҳои хориҷӣ ва дохилӣ аз нигоҳи илмӣ равшан гарданд». Дар ин ҳолат тафсири ҳақиқии реалияти объективӣ, амалияи таъмини манфиатҳои миллӣ осонтар шуда, шароити мусоидро барои ҳалли ин масоил ба миён меорад.
Имрӯз оид ба дастовардҳои бузурги миллат ҳарф задан барои ман ифтихор аст. Зеро аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки чи будани ҷанг ва гуруснагиву нобасомониҳои солҳои навадумро хуб дар ёд дорам. Замоне ки фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб шуд, ояндаи кишвари мо муайян набуд. Хушбахтона, оҳиста-оҳиста падидаҳои мусбат зуҳур карданд. Ҷанги даҳшатбор хотима ёфт. Таҷлили 1100 - солагии давлати Сомониён, ифтитоҳи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба дили ҳамватанон меҳру муҳаббат ва ихлосмандиро нисбат ба таърих ва осори пурғановати гузаштагон зиёд намуд. Фахр аз миллату давлатдорӣ шиори ҳамагон гашт.
Мутаассифона, дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоли моро гурӯҳҳои манфиатҷӯву ифротӣ, душманони дохиливу хориҷӣ нодида мегиранд ё дидан намехоҳанд. Аз ин рӯ, аз тамоми имконияту воситаҳо истифода мебаранд, то дар кишвари мо вазъият ноором бошад. Ба ақидаи муаллифи мақола, «Бозингарони геополитикӣ мушкилоти мансуб ба рафтори хиёнаткоронаи баъзе аз гурӯҳ ва афродро падидаи манфии зуҳуроти сифр миллӣ нишон доданӣ мешаванд». Чунин муносибат дар таърих, аслан падидаи нав нест. Бозингарони геополитикӣ роҳҳои нав ҷуста, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз чизе худдорӣ наменамоянд. Дар чунин шароит роҳу усул ва хосиятҳои нав ба нав гирифтани шуур дар шакли тундгароӣ боиси андеша ва чораҷӯии аҳли башар ба ҳисоб меравад. Амалҳои ҷоҳилонаи террористон дар Аврупову Осиё тайи чанд моҳи охир хатарҳои гуногуни амалӣ ва идеологиро ба вуҷуд оварданд, ки мақсадашон ҷомеаи ҷаҳониро дар ваҳму ҳарос нигоҳ доштан буду ҳаст.
Ҳодисаву воқеаҳои ахири Париж, Белгия, Миср, Сурия ва дигар кишварҳо рухдода пешакӣ тарҳрезӣ шудаанд. Онҳо қисмате аз нақшаҳои бозингарони геополитикӣ мебошанд. Таҳаввулоти имрӯзаи ҷаҳон дар якҷоягӣ бо бозиҳои сиёсӣ, дар кӯтоҳтарин муҳлатҳо давлатҳоро аз байн бурда, ба насли миллатҳо таъсир расонда, онҳоро аз байн бурда истодааст. Аллакай собит шудааст, ки зери ниқоби инқилобҳои ранга абарқудратҳо чи мақсадҳои ниҳонӣ доранд. Ин таҳаввуллот аз давлатҳои рӯ ба инкишоф тақозо менамояд, ки механизмҳои ҳимояи манфиатҳои худро ҳар чи ҳубтару беҳтар коркард намуда, диққати асосиро ба ҳимояи манфиатҳои миллӣ равона созанд. Дар ин самт дарки саривақтии бозиҳои сиёсӣ нақши калидӣ мебозад.
 Тавре С. Ятимов иброз медорад: «Шуури муқаррарӣ - маҷмӯи тасаввурот, дарк, фаҳмиш, андеша ва муайян кардани муносибат ба зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст, ки дар майнаи инсон аз овони наврасӣ, ҷавонӣ, балоғат, аз таҷрибаи зиндагӣ, рӯзгор, дар муносибат бо атрофиён, аҳли ҷомеа ва муҳит шакл мегирад». Пойдевори асосии амнияти миллӣ - шуури муқаррарӣ аст.
Дар давраи пурпечутоби муносибатҳои иқтисодӣ ва воқеаҳои глобалӣ моро зарур аст, ки рӯ ба мактабу маориф биёрем, зеро бе рушди ин соҳа, бе тарбияи дурусти насли наврас ба ҳуҷуму дасисаҳои идеологияҳои бегона ва ифротгаро муқобилият нишон диҳем. Зеро маҳз маҷмӯи тасаввурот, дарк, фаҳмиш аз овони наврасӣ шакл мегирад. Хурсандиовар аст, ки сол ба сол маблағгузорӣ ба ин соҳаи калидӣ зиёд шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз, падару модарон, омӯзгорон ва дигар ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ машғул шуда, бо такя ба фарҳангу тамаддуни гузаштаамон ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд.
Муаллиф дар боби «Муҳтавои шуури муқаррарӣ» навиштааст: «Боиси тааҷҷуб нест, ки тамоми кӯшиши бозингарони глобалӣ, «ғамхории падарона»-и онҳо барои дар сатҳи муайян, ба манфиати онҳо нигоҳ доштани муҳтавои шуури муқаррарии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои мусулмоннишин равона карда шудааст. Ҳеҷ кас набояд умед бандад, ки қаҳрамонони тахтаи шоҳмоти геополитикӣ, рӯзе ҷиҳати дар иқлими мавриди таваҷҷуҳашон, аз ҷумла сарзамини мо - тоҷикон, сохтани шуури назариявии систематикунонидашудаи ватанпарастӣ, миллатдӯстӣ, илмсолорӣ, ғамхорӣ менамоянд».
Фикри муаллиф сад дарсад дуруст аст. Масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ бояд имрӯз мадди назари аввали сокинони кишвари азиз бошад. Заминаи ҳувияту худшиносӣ ба шуур вобастагӣ дорад. Чи қадаре ки андешаи шахс васеъ ва пойдору устувор бошад, ҳамон қадар маърифат таҳким меёбад. Андешаи миллиро ҳувияту худшиносӣ, бедорӣ ва огоҳии комил мустаҳкам ва пойдор месозад. Вобаста ба шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ С. Ятимов мегӯяд: «Ҳодисаҳои иштироки ҷавонони тоҷик дар Сурия ва дигар манотиқи доғ дар шакли зуҳуроти террористӣ, боиси ташвиши ҷиддӣ ва эълони бонги хатар барои ҳар як оила, деҳа, ноҳия, шаҳр, вилоят ва албатта, ҷумҳурӣ бошанд». Пешниҳоди мазкур водор месозад, ки мо - аҳли ҷомеа, ҷавонон, ҳокимиятҳои маҳаллӣ, шуъбаҳои маориф, роҳбарони корхонаву идораҳо нақша - чорабиниҳо таҳия намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқу тарғиби идеологияи миллиро ба роҳ монем.
Ҷалби ҷавонон ба Сурия бо роҳу усулҳои муайян имрӯз ба ҳамагон маълум аст. Фаъолияти ташкилотҳои террористӣ на фақат барои муташанниҷ сохтани вазъ, балки бо роҳи зӯрӣ дигаргун сохтани давлатдорӣ ва бо ин роҳ ҷорӣ намудани тартиботи махсуси «худӣ»-ро ба миён овардан аст. Моро зарур аст, дар ин марҳалаи ҳассос барои пешгирии таъсиррасониҳои хатарнок, моҳияти масъалаҳоро дуруст дарк намуда, муносибатҳои фардӣ ва гурӯҳиро дар доираи манфиатҳои миллӣ муайян намуда, тадбирҳо ҷӯем.
Сафаралӣ СОБИРОВ,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 547

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед