logo

сиёсат

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

Ба Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон эҳдо шудани мақоми нав - Пешвои миллат маро бисёр мутаассир кард. Ва ҳарчанд мардуми одӣ ин мақоми баландро ҳанӯз соли 1997 - пас аз расидан ба истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, пас аз хушк шудани ашки чашми модарону пайдо шудани нони серӣ дар дастархон ва фаромӯш шудани садои камон ба ин фарзанди шуҷои хеш арзонӣ дошта буданд, лек бо вуҷуди ин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон кори бисёр некро анҷом доданд. Пас, месазад, ки ба ҳамаи онҳо барои ормони деринаи халқро ҷомаи амал пӯшондан ташаккур гӯем.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз фурӯ нишондани оташи хонумонсӯзи ҷанги шаҳрвандӣ, барои гул - гулшукуфии Тоҷикистони маҳбуб боз заҳматҳои зиёди дигар низ кашидааст. Аммо ин ҷо аз дастгириҳои мавсуф дар соҳае, ки камина ходими он ҳастам, яъне маориф васф  карданӣ ҳастам.              
Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат, сарфи назар аз мушкилоти айёми гузариш, Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар таҳти назорат ва пуштибонии шоиста қарор додааст. Ба гунаи мисол, дар истинод ба сомонаи president.tj, агар соли хониши 1991-1992 миқдори муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат 3 ҳазору 179-то буд, пас, ин рақам дар соли 2010 ба 3 ҳазору 747 баробар гардид, ки 518 мактаб зиёд аст. Ин таҳаввулот имкон фароҳам овард, то ҳама муассисаҳои таълимӣ, дар мисоли вилояти Хатлон, аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо бароварда шаванд. Бобати эъмори иншооти ҷадиди таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии таълимгоҳҳои мавҷуда низ корҳои фаровон ба сомон расида, тавассути дастгирии бевоситаи Сарвари ғамхори давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷаи ифтитоҳи мактабҳои замонавӣ имкон фароҳам омад, то усулҳои интерактивии таълими фанҳои гуногун ба роҳ монда шавад ва соҳаи маорифи кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид гардад.
Мусаллам, аст, ки пешравии қобили таҳсин бидуни маблағгузории шоиста имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз, давоми солҳои 2004-2008 406 мактаб бо беш аз 90 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 83 миллион сомонӣ ва соли 2009 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 218 мактаб бо 40 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи 124 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Зимнан, бо дастури бевоситаи Сардори давлат ҳаҷми маблағгузории соҳа низ мунтазам афзудан дорад.
Дар ноҳияи Вахш низ дар радифи дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон соҳаи маориф тӯли солҳои охир хеле рушд кард. Таъсиси маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таъсиси маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия бо ҷалби хонандагон ба курсҳои забони русӣ, англисӣ ва омӯзиши компютер, таъсиси  24 маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия, сохта ба истифода додани 13 мактаби замонавӣ, баистифодадиҳии коллеҷи тиббии хусусӣ барои 620 нафар, аз соли 2007 то инҷониб   таъмини 152 омӯзгор бо замини наздиҳавлигӣ, ки аз ин 89 нафараш мутахассиси ҷавон мебошанд, ташкили рӯзномаи "Нури маърифат" барои муаллимону хонандагон намунаи камтарини корҳоеанд, ки давоми солҳои охир маҳз бо ҳидояти Президенти кишвар рӯйи даст гирифта шуданд. Бунёдкорӣ дар соҳаи маориф имсол низ кам набуд. Бо тариқи ҳашар ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 25 синфхонаи иловагӣ ва 1 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуд. Ҳамаи ин пешравиҳо имкон медиҳанд, то сатҳи таълим дар зинаи дилхоҳ амалӣ гардад.
Ниҳоят, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маорифро таҳкимбахши ҳувияти миллат ва билохира наҷотбахши он  шуморида, шароит фароҳам овард, то дар баробари рушди соҳаи маориф, мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ тарбият ёбанд ва насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ ва дӯст доштани Тоҷикистони ба ҷон баробар ба воя бирасанд.
Бемуҳобот, рӯйхати хидматҳое, ки Пешвои миллат дар мавриди равнақи соҳаи маориф рӯйи кор овардааст, бисёр дароз аст. Лекин дар урфият мегӯянд, ки он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Манзурам, кулли он заҳамотро ҳар як тоҷикистонӣ бо чашми сар мушоҳида кардаву шоҳиди бевосита будааст. Биноан, ин навиди фараҳфизоро бори дигар бар кулли ҳамватанон ва соҳиби мақом - Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳумоюн гуфта, ба матлаби хеш нуқта мегузорам. 
Шаҳноза ХОЛОВА, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2015    №: 256    Мутолиа карданд: 665

23.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед