logo

фарҳанг

ҚАСРИ САФЕД

Сохтмони қароргоҳи расмии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар тамоми ҷаҳон бо номи Қасри Сафед машҳур аст, 13 октябри соли 1792 бо саъю кӯшиши президенти аввалини ИМА Ҷорҷ Вашингтон оғоз гашт. Ӯ соли 1790 барои бунёди Кохи президент озмун эълон кард, ки дар он меъмор Ҷеймс Ҳобен пирӯз омад. Боиси қайд аст, ки Ҷорҷ Вашингтон дар баробари Ҷеймс Ҳобен муаллифи лоиҳаи ин иморати бошукӯҳ ба ҳисоб меравад. Тибқи лоиҳа қаср бояд дар такя ба усули меъмории классикии Юнони Қадим бунёд мегашт. Аз ин рӯ, барои татбиқи он 2,5 миллион доллар ҷудо гардид.
Бунёди иморат, пас аз ҳашт сол, 4 июни соли 1800 ба охир расид. Ин ба Ҷорҷ Вашингтон имкон надод, ки аз самараи дасти хеш лаззат барад. Ифтитоҳи расмии Қасри Сафед дар замони президенти дуюми ИМА Ҷон Адамс, 1 ноябри 1800, баргузор гашт. Ба ин муносибат, дар мактуб ба ҳамсараш ӯ чунин менигорад: «Ман дуо мекунам, ки осмонҳо ба ин хона ва ҳамаи онҳое, ки дар он умр ба сар хоҳанд бурд, беҳтарин ҳадяҳоро ато намоянд. Бигзор аз ин қаср танҳо ва танҳо афроди поквиҷдон ва бохирад ҳукм ронанд».
Аввали асри XIX масоҳати Қасри Сафед васеътар гашт. Дар шафати он айвонҳои ғарбӣ ва шарқӣ қомат афрохтанд. Соли 1814, ҳангоми ҷанг, британиҳо Кохи президентро сӯзонданд. Таҷдиду азнавсозии қаср дарҳол оғоз гашта, он соли 1817 аз нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бартар аз ин, дар кушк ду ошёнаи зеризаминӣ бунёд гашт, ки дар он Ситоди роҳбарии фаврии сиёсати берунӣ ва амалиёти ҳарбии Президенти ИМА ҷой гирифт.
Қасри Сафед ҷузъи ҷудонопазири Боғи президентӣ ба ҳисоб рафта, дар майдони 5 ҳазор метри мураббаъ доман густурдааст. Атрофи онро Боғи гулобии ҳамсари Вудро Вилсон ва Боғи дилошӯби Жаклин Кеннеди оро додаанд. Қаср 6-ошёна (бо 2 ошёнаи зеризаминӣ) буда, аз 132 толор иборат мебошад. Махсусан, толорҳои ранга (нилобӣ, сабз, сурх, шарқӣ) ба қаср ҳусни тоза зам намуда, шукӯҳу шаҳомати хоса бахшидаанд.
Дарҳои Қасри Сафед барои хоҳишмандон ҳамеша бозанд ва онҳо метавонанд аз толорҳои ду ошёна дидан намоянд. Воқеан, чунин анъана дар замони президенти сеюми ИМА Томас Ҷефферсон ҷорӣ гардид. Инчунин, бо ташаббуси ӯ дар Қасри Сафед ба муносибати иди Соли нав ва таҷлили Рӯзи истиқлолият пазироии хоҳишмандон сурат мегирад.
 Ш. ШОКИР, «Ҷумҳурият», тарҷума аз русӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2015    №: 257    Мутолиа карданд: 558

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед