logo

фарҳанг

ЛУТФИ ЛАТИФ

ПАНДИ КӮДАК
Рӯзе Абуҳанифа (ра, Нуъмон бинни Собит бинни Нуъмон бинни Марзбон - имоми фақеҳи Куфӣ пешвои мазҳаби ҳанифӣ) мегузашт, кӯдакеро дид дар гил бимонда. Гуфт:
- Гӯш дор то наяфтӣ!
Кӯдак гуфт:
- Афтодани ман саҳл аст, агар бияфтам танҳо бошам. Аммо ту гӯш дор. Агар пойи ту билағзад, ҳама мусалмонон, ки аз паси ту оянд, билағзанд ва бархостани ҳама душвор бувад.

НУҚСОН
Султон Санҷарро пурсиданд, ки иллат чӣ буд, ки мулке бад - ин вусъат ва оростагӣ, ки туро буд чунин дарҳаму парешон шуд?
Гуфт: корҳои бузург ба мардуми хурд фармудам ва корҳои хурд ба мардуми бузург, ки мардуми хурд корҳои бузургро натавонистанд кард ва мардуми бузург аз корҳои хурд ор доштанд ва дар пай нарафтанд. Ҳар ду кор табоҳ шуд ва нуқсон ба мулк расид ва кори лашкару кишвар рӯй ба фасод овард.

ҲОЛ
Шахсе аз бом афтод ва ба гардани Шайх Қутбиддин хӯрд ва муҳраи гардани ӯро шикаст. Ҷамъе ба аёдати ӯ, ки дар бистари беморӣ хобида буд, рафтанд ва ҳоли ӯро пурсиданд.
Шайх дар ҷавоб гуфт: чӣ ҳоле аз ин бадтар, ки дигарӣ аз бом бияфтад ва гардани ман бишканад.

ОИНАИ ҚАДНАМО
Рӯзе Зебунисо дар ҳузури падараш нишаста буд. Дар он ҳуҷра як оинаи қаднамо ва гаронбаҳо дар тоқча гузошта буданд. Ногоҳ оина ба иллати номаълуме афтод ва шикаст. Дар ин ҳангом ин мисраъ беихтиёр аз забони Оламгир (Аврангзеб – подшоҳи Ҳиндустон – падари Зебунисо) ҷорӣ шуд:
Аз қазо оинаи чинӣ шикаст,
Зебунисо филбадеҳа мисраи дувуми онро чунин сохт:
Хуб шуд асбоби худбинӣ шикаст.

СИРИШТ
Гаронҷоне беадабӣ мекард. Азизе ӯро малолат намуд.
Ӯ гуфт:
Чӣ кунам, обу гили маро чунин сириштанд.
Гуфт:
Обу гилатро неку сириштаанд, аммо лагад кам хӯрдааст.

Таҳияи Умари ШЕРХОН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2015    №: 257    Мутолиа карданд: 580

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед