logo

сиёсат

ШУУРИ ҶАМЪИЯТӢ ВА МУҲИТСОЗИИ МИЛЛӢ

Чанд андеша дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ»
(Шуури муқаррарӣ)

Бори аввал нест, ки муҳаққиқ ва сиёсатшиноси тоҷик С. Ятимов масъалаи манофеи миллиро дар пайвастагӣ бо шуури ҷамъиятӣ ва мафкураи давлатӣ илман пайгирӣ менамояд ва дар ин росто, мақолаҳои ҷолиби илмӣ ба табъ мерасонад. Мақолаи «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» - и С. Ятимов муфассал буда, аз муқаддима,чаҳор қисмат ва хулоса таркиб ёфтааст.

Дар муқаддимаи мақола муаллиф аз ҳаводиси ногувори глобалӣ, ки манзараи воқеии ҷаҳони имрӯзаро таъйин мекунанд, сухани иҷмолӣ дар миён оварда, бад - он таъкид меварзад, ки муносибати илмӣ ба воқеият амалияи таъмини манофеи миллиро осон месозад. Муаллиф сареҳан аз нақша ва тарҳҳои бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ, ки дар симои «рақибони геополитикии Тоҷикистон» зуҳур мекунанд, ёдовар мешавад ва тарҳи муносиботро дар олами рақобати носолими сиёсӣ, бо назардошти муқтазиёти муғризонаи тарафҳои манфиатдор ба сифати мабодӣ ё принсипи бархӯрдҳои имрӯзи сиёсӣ бозгӯ мекунад. Мунтаҳо, дар вазъияте ки тарҳҳои гуногуни сиёсӣ бар пояи манофеи ҷамъӣ ва гурӯҳӣ дар гӯшаву канори кишварҳои мусулмонӣ ва давлатҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар ҳар шакле роҳандозӣ шуда истодаанд, интизории тавтеаҳою иғвоҳо аз ҳар ҷониб хобу хаёл нест, балки воқеияти маҳз маҳсуб меёбад.
Ба назари муаллиф, «барои муваффақона роҳандозӣ кардани нақшаҳои муайян, рақибони геополитикӣ тарафҳо, структураҳо, дараҷаҳо, гуногунии типологӣ, соҳа, шакл, вазъият, раванди шаклгирии шуури муқаррариро ба инобат мегиранд. Дар самтгирии он бевосита ё бавосита таъсир мерасонанд». Ба сухани дигар, фазои шуури муқаррарӣ таҳти контроли бевоситаи рақибони сиёсӣ ва бозигарони минтақавӣ қарор мегирад ва хотираи таърихии ҷомеа пок шуда, бо «ғизоҳои махсус омодашуда» комил мегардад. Таъсир расондан ба шуури муқаррарӣ (шуури оммавӣ, примитивӣ, сода - Н. Н.) ва тиҳӣ кардани он аз арзишҳо ва ғояҳои ҳувиятсозу инсонгаро ва дар муқобили ин, ҷо намудан, дар айни замон фаъол сохтани як пора тасаввуроту эҳсосоти хурофавию таассубӣ, ки бегонаасланд, ҳадафи ниҳоӣ дар бозиҳои геополитикии муосир маҳсуб меёбад. Таъсири авомили беруна буд, ки тайи чанд соли ахир тасаввуроту эҳсосоти динӣ - мазҳабӣ дар шуури муқаррарӣ ва куллан шуури ҷамъиятӣ тамаркуз карда, ҷойгоҳи ғоя ва андешаи миллиро иҷборан банд намудааст.
Дар ин замина, С. Ятимов воқеоти сиёсӣ ва низомии ахири Тоҷикистонро мисол оварда, тасодуфию механикӣ будани ононро рад мекунад ва тибқи нақшаҳои махсус пиёда шудани чунин навъи тарҳҳои сиёсиро арза медорад. Зимнан, дар майдони набарди геостратегӣ ба сифати абзор, васила, восита, бозича хидмат кардани шахсиятҳои ҷудогона (дар мисоли генерал Назарзода ва Кабирӣ) яқин аст ва ба назари муаллифи мақола, коре ё амале тасодуфӣ дар авзои сиёсии имрӯзӣ кам ба назар мерасад. Асосан, ниёзҳо ва дақиқтараш, манфиатҳои сиёсию иқтисодии рақибони минтақавию ҷаҳонӣ тавассути «ходимону дастандаркорони худӣ ва дохилӣ» бароварда мешаванд.
С. Ятимов нуктаи марбутаи «Пажӯҳишгоҳи байналхалқии сулҳ» - и Амрикоро дар ин боб иқтибос мекунад, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон дар рӯёрӯӣ бо таҳдидҳои нав қарор дорад. Вобаста ба ин, муаллиф ҳушёрии миллиро ба ҳайси чораи калидӣ дар мадди аввал мегузорад. Албатта, ҳушёрии миллӣ ҳамчун категорияи ҷомеашинохтӣ дар худ, пеш аз ҳама, биниши илмӣ ва мафкураи ҳамагири сиёсиро меғунҷонад. Он бидуни бандубасти огоҳиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ арзиш дошта наметавонад. Ин аст, ки ҳушёрии миллӣ дар сохтмони шуури муқаррарӣ ва саранҷом шуури ҷамъиятӣ ҷойгоҳи вижа касб мекунад ва боиси амнияти иҷтимоӣ ва миллӣ дар минтақа мегардад.
Шуури муқаррариро муаллифи мақола дар бахши «Структураи ҷаҳонбинии муқаррарӣ» чунин таъриф мекунад: «Шуури муқаррарӣ – маҷмӯи тасаввурот, дарк, фаҳмиш, андеша ва муайян кардани муносибат ба зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст, ки дар майнаи инсон аз овони наврасӣ, ҷавонӣ, балоғат, аз таҷрибаи зиндагӣ, рӯзгор, дар муносибат бо атрофиён, аҳли ҷомеа ва муҳит шакл мегирад». Аз ин ҷост, ки дар шаклгирии шуур мактабҳои фикрӣ, таълимотҳои динию мазҳабӣ, равияҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ саҳми бевосита доранд. Низоъҳои динӣ-мазҳабӣ, ки тайи таърих миёни ҷомеаҳо нифоқу ихтилофоти зиёде ангехтаанд, дар қолаби шуури муқаррарӣ, такшуури динӣ-мазҳабӣ дуруст кардаанд ва бар мабнои ихтилофоту суитафоҳумоти мазҳабӣ заъфиятҳои бинишӣ, фикрӣ ва мафкуравӣ ба вуҷуд омада, пеши роҳи муколимоти мардумӣ ва тафоҳуми инсониро дар фазою муҳитҳои иҷтимоӣ банд кардаанд.
Масъали дигаре, ки ба назари муаллиф, дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ мешавад ва метавон гуфт, аҳамияти стратегӣ дорад, таҳдид ба амнияти миллӣ дар маҳдудаи шуури рӯзмарра мебошад. Шуури рӯзмарра доираи фаҳмишҳои омма мебошад, ки аз ҳар ҷиҳат осебпазир буда, имкони пазириши афкори ғаразноки бегонаро афзун месозад. Дар вазъияте ки шуури муқаррарӣ ба буҳрон мувоҷеҳ аст, ҳадафи душманони идеологии давлат тасаллут бар зеҳну шуури ҷамъиятӣ мебошад. Муҳаққиқ воқеияти таҳдиди иттилоотиро дар тазъиф ва шикасти амнияти ҷамъиятӣ гӯшзад намуда, бо назардошти зарфиятҳои маҳдуди фикрӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ниҳодҳои иҷтимоию идории минтақавӣ, дар раддаҳои гуногуни иҷтимоӣ устувор шудани афкори хурофию таассубиро бармало кардааст. Дар миёни зиёиён ва мансабдорон шакл гирифтан ва қолаб ёфтани тасаввуроти динӣ-мазҳабӣ гувоҳи он аст, ки вазъи тартиботи фикрӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ноҷур аст ва таҳаввулоти тадриҷии хурофот ва суннатҳои динию мазҳабӣ дар устуворшавии бофтҳои шуури муқаррарӣ мусоидат кардааст. Ин нукот дар бахши «Муҳтавои шуури муқаррарӣ»-и мақолаи С. Ятимов муфассал шарҳ ёфтааст.
Дар бозиҳои сиёсии муосир террори динӣ, ки мутадовилтарин навъи муқовимати фикрӣ ва идеологӣ маҳсуб меёбад, дар ду шакл – террори ақидавӣ-мафкуравӣ ва террори ҷисмонӣ-физикӣ таҳаққуқ пайдо намуда, дар рӯҳу равони қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ таъсиргузор мешавад. Ба қавли С. Ятимов, тамоми нафароне, ки таҳти таъсири назарияи террористӣ қарор мегиранд, зери таъсири «худшиносӣ»-и дигаре боқӣ мондаанд ва дар ин замина, муаллиф аз ниҳодҳои иҷтимоӣ (оила, авлод, кӯча, маҳал, деҳа ва амсоли инҳо) хостори пайгирии муваффақонаи «худшинохта» мешавад. Ва дар пойинтар ишора мекунад, ки нодида гирифтани ҳадафҳои аслии бозигарони минтақавию ҷаҳонӣ ва «ходимони дохилӣ» боиси возадагии қабати амнияти ҷомеа ва саранҷом, заволи низоми давлатдорӣ мегардад.
Муаллиф дар бахши хотимавии мақола ба роҳ надодани манофеи бегона дар ҷараёни шаклгирии шуури муқаррарӣ таъкид мекунад, ҳамчунин шуури муқаррариро муҳимтарин ҷузъи амнияти ҷамъиятӣ дониста, рисолати шуури рӯзмарраи солимро дар беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ, ҳифзи манофеи миллӣ ва вусъат бахшидани раванди давлатсозии миллӣ хулоса менамояд. Мақолаи «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ (Шуури муқаррарӣ)» - и С. Ятимов як навъ пешниҳоди мушаххас ба фарҳангиён, рӯшанфикрон, зиёиён ва давлатмардони миллист, то мушкилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, фикрӣ, ахлоқӣ ва амниятии минтақаро аз роҳи илму мантиқ расидагӣ намуда, реша ва бунёди тақсимоти маснуии ҷаҳон ва минтақаро дар бастагӣ бо манфиатҳои миллӣ дарёбанд ва дар ин самт ҷиддӣ тасмимгирӣ кунанд.

Нозим НУРЗОДА,
Маркази омӯзиши равандҳои муосир
ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2015    №: 257    Мутолиа карданд: 775

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед