logo

сиёсат

ПЕШВО - ИФТИХОРИ МАН ВА ИФТИХОРИ МО

Ба ҳеҷ ваҷҳ ба мақому манзалати санаи расмии мубораку деринтизори Истиқлолияти давлатӣ шак овардан мумкин нест, вале ноҳақ низ нестем,  агар маҷозан ҳам фарорасии истиқлолияти воқеӣ ва ҳам оғози давлатдории навинамонро Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воқеан соҳибдору соҳибихтиёр шудани давлати куҳанбунёду тозаистиқлоламон бишуморем.

Он вақт назарҳо ба ҳосили кори иҷлосия, аз ҷумла натиҷаи асосиву деринтизори он – интихоби Сарвари арзандаи муқтадиру устуворе, ки давлати амалан набударо воқеан баргардондаву бунёд намудаву сарварӣ карда битавонад, мухталиф буданд. Гурӯҳи машҳури «фолбин», ки як умр вазифааш бо «фол»-ҳои хунук ҳамеша мардумро дилсарду ноумед кардан аст, ҳамоно бедардонаву бераҳмона умри сиёсии ҳукумати навро «ду ҳафта!» «пешгӯӣ» кард. Гурӯҳи «нозир» дар «мавқеи» доимии худ, яъне бемавқеӣ, устувор монд: «ку сабр кунем, чӣ мешавад?!». Вале як гурӯҳи бузурги беғубору беғаш, беҳилаву найранг, табииву самимӣ, ки аз он дуи аввал бо шумораи ҳазорон маротиба бештараш фарқ мекарду умедҳои содаву заминие дошт ва номаш Халқ буд, ба Сарвари тозаинтихоби чун худаш рӯкушоду дилкушод ва хокибунёду афлокиниҳоди давлати ҳанӯз бедавлаташ бовар кард. Чунки ба он шуълаи самимияту садоқат, эҳсоси дарди Ватану ҳар як тан, азму иродаи комил баҳри наҷоти халқу диёр, ки дар чашмони ӯ дид, бовар накардан номумкин буд.
Ва заҳмати ногуфтаниву тасвирнопазиреро, ки Сарвари ҷавони давлати соҳибистиқлол, вале беиқболи тоҷик барои ин Бовар кашид, бешак як худаш медонаду Худо. Онро танҳо метавон тасаввур кард ва дар худ ларзиду бо худ болид, ки ӯ, бо дами шамшер равону дар сари мӯе овезон, дар ниҳоди хеш қудрату неруи бузурге дарёфта, Давлатеву Миллатеро аз вартаи ҳалокат раҳонд.
Имрӯз ҳамагон бешу кам бисёр чизҳоро дарк мекунему мефаҳмему медонем. Вале он вақт… Шаҳру деҳоти харобазор буду мардуми сарсон, тифлони гирён буданду бузургони ҷӯёи як бурда нон, ҷонибҳои пурситеза буданду фавҷҳои гуреза, силоҳдорони сафбасаф буданду давлату миллати пора-пораи ҷонбакаф… Ва, агар нафаре мегуфт, ки баъди даҳ сол аз ин ҳама бесомонӣ осоре намемонад, Давлат барқарор мешаваду Миллат пойдор, озодиву ободӣ, арзониву фаровонӣ, ҳамияти ватандориву муҳаббати инсонӣ боз рамзу нишонҳои ин сарзамин мегарданд, кам касе бовар мекард.
Инак, иқдоме, ки дар он замони «ҳар касу ғами ҷони хеш» Сарвари тамоман ҷавону ба қавли заҳрбори бадхоҳону нотандеҳон «бетаҷриба» амалӣ намуд, ягон касро ҳайрону мафтун накарда наметавонад. Иқдоме, ки иҷрои он бе дасту дили пок, имони комил, миллатдӯстию ватанпарварии воқеӣ, ҷонфидоию азхудгузаштагӣ ва ҷуръату ҷасорати беназир имконнопазир буданд. Садҳо ҳазор гурезаи аз силоҳу силоҳдорон ҳаросонро бо масъулиятшиносии беназири сарварию дилсӯзии бемисли инсонӣ ба Ватани хароб баргардондану бо ҳарфҳои заминии дилбардору ҳамиятбарангез ба ободии мулки аҷдодӣ сафарбар намудан, ба хотири сулҳи чун обу ҳаво барои давлатсозию ватандорӣ зарур, ҷон ба каф ба сад дари бастаю кушода, ба кулбаву кохи сад касу нокас сар задан, заминро, замини андакмасоҳату фаровонбаракати Ватанро бо нияти серии чашму дили мардум ба соҳиби аслиаш додан, барои ҳифзи ному эътибори миллати куҳанбунёду давлати тозаэҷоди тоҷик вораставу пайваста ва пурасару пурсамар аз минбарҳои баландтарини ҷаҳон ҷаҳду талош кардан бузургтарин корҳоеанд, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ва чунин натиҷабахшо иҷро шуданашон дар тасаввур намегунҷад. Дар ин қатор аз ҳама муҳим зинда кардани Бовару Эътиқоди мардум буд, Бовару Эътиқод ба аслу асолати худаш, мақому манзалати худаш, вазифаву рисолати худаш, нерую қудрати худаш. Бовару Эътиқод ба он, ки ин мардум ҳазоронсола таърихи пурифтихор дорад ва арзандаи он аст, ки дар сафи халқҳои созандаву мутамаддини ҷаҳон сарбаланду арҷманд қадам бизанад ва парчамаш бар фарози волотарин созмонҳои ҷомеаи башарӣ парафшону партавафшон бошад.
Ва ин ҳамаро ба иҷро расондани шахсияти барҷаставу давлатмарди шоистае чун Эмомалӣ Раҳмон ҳам имкон надошт, агар ҳамсафону ҳамдилони беназире чун Садоқат, Ҷасорат, Самимият, Ватанпарварӣ, Миллатдӯстӣ, Худогоҳӣ, Хештаншиносӣ, Ғурури созанда, Ифтихори поянда, Эътиқод ба халқ, Тамкини зебанда, Бовар ба оянда дар бару ҳамсангараш намебуданд. Бо ҳамдастии ҳамин ёрони ҳамзоду ҳамниҳод ва мушфиқу содиқи хеш, мардумашро ба иҷрои вазифаҳои бузурги бунёдӣ – муҳаббати инсониву садоқати ватандорӣ, пос доштани суннатҳои милливу эҳтироми арзишҳои байналмилалӣ, бениёзӣ аз неруи барқ, раҳоӣ аз бероҳӣ ва фаровонии ғизовор, хуллас, ба бунёду эҳёи рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳидоят кард Сарвари бузургҳиммату бузургнияти кишвари тоҷикон. Барои мағзи торикистон ҳарфҳое беш нестанд ин суханон, зарурату қимати онҳоро маҳз халқи Тоҷикистон медонад, ки зиёд азоби сардию тирагӣ кашидаасту моҳҳову солҳо аз дидори пайвандони минтақаҳои гуногунаш маҳрум будааст ва гушнагиҳои ҷонфишори бист соли қабли фарзандон то ҳол вуҷудашро ба ларза меорад…
Майнаи инсон хотирагоҳи бузургест, вале, мутаассифона, аз садҳо як ҳиссааш ҳам фаъол нест. Аллакай аксаран он рӯзҳоеро, ки муҳтоҷи як бурда нон будем, аз хавфи хасми хонагиву бадхоҳи аҷнабӣ хобамон намебурд, дар рӯзи рӯшан аз хона баромадаву ба дидори пайвандон рафта наметавонистем, балки кафолати то соати дигар зинда монданамон набуд, фаромӯш кардаем. Фаромӯш кардаем, ки мегуфтем: «тинҷиву амонӣ шавад, бас, он тарафашро як илоҷ мекунем…». Оре, бисёр чизҳоро аз ёд бурдаем. Ва зиёдтар мехоҳем, бештар талаб дорем.
Ҳамин аст табиати одамизод: ҷонаш, ки раҳид, камтар шукр мекунаду бештар талаб. Ва, табиист, ки давлату Ҳукумати кишвар ин ҳаққи инсониву шаҳрвандии мардумро хуб дарк мекунанд, шохаҳои гуногуни ҳокимият дар ҳар марҳалаи эҳёи давлати миллӣ беш аз пеш мекӯшанд, ки фаъолияташон ҷавобгӯи талаботи мардум бошад. Роҳи дигар ҳам нест, зеро Тоҷикистони навини биступанҷсола мамлакатест, ки бо роҳи таҳияву қабули қонуну қарорҳои созандаи миллӣ ва тасвиби санадҳои муҳимтарини байналмилалӣ тамоми қоидаҳои ҷаҳони мутамаддинро пазируфтааст.
Имрӯз тоҷикро ҷомеаи ҷаҳон, созмонҳои муътабартарину пешбари дунё чун миллате пазируфтаанд, ки дар заминаи тамаддуни оламгираш ва дар ҳамбастагии оқилонаву пурдилона бо қавму миллатҳои сокини кишвараш роҳи созандагиро пеш гирифт, Сулҳи хосе эҷод намуд, ки ҳаваси ҷумлаву сабақи халқу кишварҳои зиёди мубталои нофаҳмиҳову даргириҳост. Давлати Тоҷикистонро ҳамтоҳояш на танҳо чун яке аз аъзои зиёди комилҳуқуқ, балки ба сифати узви мушаххасу фаъол, соҳибандеша ва ташаббускори ҷомеаи ҷаҳон шинохтаву эҳтиром менамоянд, бисёр халқҳо рӯирост ҳавас мекунанд, ки чунин Сарвари заминию замонӣ дошта бошанд.
Ҳар амалеро подоши сазоворест. Подоши волотарину гӯётарини ҷаҳду талошҳои фидокорона ва хидмати фарзандонаву заҳматҳои садоқатмандонаи Сарвари давлату миллати Тоҷикистон Давлати соҳибистиқлолу соҳибиқбол ва Миллати арҷманду сарбаланд аст; муҳаббати самимии мардумест, ки баъди ҳазор сол аз нав сомони кору ибтикори хешро дарёфта, пайи нияту ормонҳои созандаву пояндаи заминиву замонӣ ва нурониву раҳмонӣ дар роҳи мушкилсипар, вале манзилбари эҳё устувор қадам мезанад.
Ҳамзамон боиси шодмонии бениҳоят аст, ки кишварҳою созмонҳои зиёди муътабар низ ин ҷаҳду талошҳои милливу байналмилалӣ, саҳми барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро на танҳо дар бунёди давлати пойдори демократӣ, балки дар таҳкими рукнҳои ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадр мекунанду ба ҷоизаҳои бонуфузи хеш сазовор медонанд. Аз ҷумла, сазовори санад ва нишони унвони пурифтихори «Пешвои асри XXI», ҷоизаи яке аз бонуфузтарин ва сахтгиртарин созмонҳои ҷаҳонӣ – Ҷомеаи Аврупо гардидани Эмомалӣ Раҳмон далели бебаҳси як давлати воқеан демократӣ бунёд намудани Ҷаноби Олӣ, саҳми воқеан бузург дар рушди демократияи воқеӣ ва исботи ҳодии роҳи раҳои давлат ва Пешвои миллат будани ин шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Имрӯз пеши роҳи давлату миллати мо сӯи биниши заминию фаҳмиши замонӣ, ободкории имрӯзу бунёдкории фардо, ифтихори даркори миллию ҳастии сазовори байналмилалӣ, хулоса, ҷониби истиқлоли воқеии давлату иқболи воқеии миллат во мебошад ва ин роҳи во далели дигари муътамаду санади дигари собитест, ки оғозгару таҳкимбахши Сулҳу Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмонро шоиставу боиста ба сифати Асосгузори Сулҳу Ваҳдат – Пешвои барҳақи ин Миллати созанда ва ин Давлати поянда манзуру муаррифӣ мекунанд.  

Низом ҚОСИМ, раиси Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2015    №: 257    Мутолиа карданд: 1742

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед