logo

сиёсат

25 ДЕКАБР - САҲИФАИ ТОЗА ДАР ТАЪРИХИ ҚОНУНГУЗОРИИ МИЛЛӢ

25 декабр аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонда шуданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи алоқаи барқӣ”, Кодекси ҷиноятӣ  ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Бо назардошти иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, ягонагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.
Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад. Аз ҷумла мувофиқи моддаи 4 ин Қонун барои хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар назди Ватан - ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» ва  Ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон» таъсис дода мешаванд, ки шахсиятҳои намоён барои хизматҳои шоён дар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо сарфароз гардонда мешаванд.
Ҳамчунин мувофиқи моддаи 11 Қонуни мазкур  осорхона, бойгонӣ ва китобхонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат таъсис дода мешаванд, ки онҳо сарвати миллӣ ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Инчунин, Қонуни мазкур паҳлуҳои дигари ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро танзим менамояд.
Қабули чунин як Қонун изҳори воқеият, арзи садоқату эҳтиром, қадршиносӣ ва подоши барҳақ ба хизматҳои шоистаи Сарвари давлат аст. Воқеан ҳам, Президенти муҳтарами кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сазовори ҳама гуна унвону ҷоиза, мақому манзалат ва садоқату самимият ҳастанд.
Бояд қайд намуд, ки чунин унвон хоси кишварҳои пешрафт ва ҷомеаи фарҳангӣ буда, имрӯз дар Амрико, Аврупо ва ҳатто дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба назар мерасад.
Президенти муҳтарами кишвар,  Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, бо истифода аз дигар мақому манзалати худ ва ниҳоят ҳамчун як фарзанди вафодори ин миллату сарзамин бо истифода аз хираду неруи нотакрори худ барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани азизамон ва устувору побарҷо мондани Тоҷикистон, барои зиндагии шоистаи халқи азизи Тоҷикистон дар оянда низ хидматҳои шоёну барҷаста хоҳанд кард.
Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба таъмини Истиқлолияти давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, танзими санҷиши субъектҳои хоҷагидор, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида дар шумораҳои оянда интишор мегардад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.12.2015    №: 257    Мутолиа карданд: 419

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед