logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- дафтари бақайдгирии санҷишҳо – дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маълумот оид ба ҳар як санҷиши гузаронидашуда сабт карда мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ваколатдор мебошад;
- мақомоти санҷишӣ – мақомоти давлатие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ваколатдор мебошад;
- меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал – маҷмӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва (ё) сифатӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мансуб донистани онҳоро ба дараҷаҳои гуногуни таваккал имконият медиҳад;
- объекти санҷиш – фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки дорои дараҷаи муайяни таваккал мебошад;
- санҷиш - намуди фаъолияти мақомоти санҷишӣ оид ба омӯзиш, таҳлил, назорат ва муқоисаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият), аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;
- таваккал – эҳтимолияти ба миён омадани оқибатҳои манфӣ ва андозаи тахминии зарар дар натиҷаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Мақсади гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кам намудани таваккал барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар раванди амалӣ намудани фаъолият мебошад.
2. Раванди гузаронидани санҷиш фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бознамедорад.
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Муқаррароти Қонуни мазкур, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, нисбат ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор татбиқ мегарданд.
2. Муқаррароти Қонуни мазкур, ба истиснои талаботи моддаи 13, нисбат ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ танзимшаванда татбиқ намегарданд.
3. Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти давлатие, ки дар моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинӣ нагардидаанд, ба истиснои талаботи қисми 2 ҳамин модда ва мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ, манъ аст.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мансубанд:
- иштирок дар таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва тасдиқи низомномаи он;
- тасдиқи қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо;
- тасдиқи қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- тасдиқи Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;
- тасдиқи расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ;
- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
1. Ба ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дохил мешаванд:
- роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии ислоҳоти низоми санҷиш барои афзун намудани самараи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, молу мулк, муҳити зист, амнияти ҷомеа ва кам кардани сарборӣ барои субъектҳои хоҷагидор;
- мусоидат ба таъсис ва таҳкими инфрасохтори маъмурӣ, ки ба таъмини иҷрои мақсад ва вазифаҳои санҷиш зарур аст;
- ҳамоҳангсозии кор оид ба ташкили махзани ягонаи маълумот  дар бораи санҷишҳо;
- таъмини риояи қоидаҳои гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ;
- ҳамоҳангсозии нақшаҳои санҷиши мақомоти санҷишӣ бо мақсади роҳ надодан ба такроршавии санҷишҳо;
- тасдиқи меъёрҳои умумии арзёбии самара ва натиҷабахшии фаъолияти марбут ба санҷишҳои мақомоти санҷишӣ;
- баррасӣ ва тасдиқ  намудани қоидаҳои умумии ҷамъ овардани маълумот ва таҳияи методологияи ягонаи арзёбии санҷишҳо;
- баррасии ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишӣ бо арзёбии ҳарсолаи самара ва натиҷабахшии санҷишҳо ва муайян намудани тартиби интишори он дар воситаҳои ахбори омма;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили мақомоти санҷишӣ ва муайян намудани мавзӯи санҷишҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ.
2. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ мутобиқи самтҳои фаъолият ҳуқуқ дорад:
- аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор маълумоти заруриро талаб карда гирад;
- бо тартиби муқарраргардида дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиш ва фаъолияти мақомоти санҷишӣ таклиф пешниҳод намояд;
- ҳисоботи шашмоҳа ва солонаро шунида, нақшаҳои солона ва тағйирот ба онҳоро маъқул шуморад;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо иҷро намояд.
3. Дар сурати аз ҷониби мақомоти санҷишӣ таҳия гардидани лоиҳаи қонунҳое, ки мавзӯъҳои нав ё таъсиси мақомоти нави санҷиширо пешбинӣ менамоянд, Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ доир ба лоиҳаи қонунҳои мазкур хулоса медиҳад. Лоиҳаи қонунҳои мазкур бе гирифтани хулосаи мусбати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда наметавонанд.
4. Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ҳангоми баррасии лоиҳаи қонунҳои мазкур, ба истиснои масъалаҳое, ки мавзӯи онҳо танзими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ мебошад,  бо  соҳибкорон машварат мегузаронад.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор чунин ваколатҳоро амалӣ мегардонад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- мониторинги санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз рӯи натиҷаҳои он;
- натиҷагирӣ аз таҷрибаи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- пешбурди фаъолияти котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ;
- мусоидат ҷиҳати ҷорӣ намудани хатти алоқаи телефонии фаврӣ ва сомонаи дахлдор барои воридшавии шикоят нисбат ба мақомоти санҷишӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муқаррароти зеринро дар бар мегиранд:
- мавзӯи танзим, шумора ва доираи гузаронидани санҷишҳо;
  - асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мақомоти санҷишӣ;
  - ваколатҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;
  - тартиби банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо;
  - услуби  тартибдиҳии санади  санҷишӣ;
- расмиёт оид ба баррасии дохилиидоравии муроҷиати субъекти хоҷагидор;
- расмиёт ҷиҳати банақшагирӣ, пешниҳоди иттилоот ва машварат ба субъектҳои хоҷагидор;
- расмиёт оид ба арзёбии таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва тақсимоти онҳо аз рӯи дараҷаи таваккал;
- қоидаҳои рафтори кормандони мақомоти санҷишӣ;
- расмиёт оид ба баррасии муроҷиатҳо ва пешниҳоди иттилооти дигар аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор;
- расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулот, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли он барои гузаронидани ташхис;
- ҷалби эксперт, ташкилоти экспертӣ барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор.
2. Мақомоти санҷишӣ дар асоси қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи худ таҳия ва тасдиқ менамоянд, ки бо тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шуда, мавриди интишори расмӣ қарор дода мешаванд.
3. Гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта нашудаанд ва мавриди интишори расмӣ қарор нагирифтанд, манъ аст.
Моддаи 9. Принсипҳои асосии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният, беғаразӣ ва ошкорбаёнӣ;
- пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо;
- поквиҷдонии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъекти хоҷагидор;
- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор;
- роҳ надодани дахолат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба мавзӯи санҷиш вобастагӣ надорад;
- даврияти гузаронидани санҷиш;
- нораво будани такроркунии санҷишу назорати идоравӣ ва байниидоравӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш;
- ҳатмӣ будани маълумотдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки шарту талаботи ҳатмиро пешбинӣ менамоянд ва риояи онҳо мавриди санҷиш қарор дода мешавад;  
- ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба санҷишҳои  фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- гузаронидани санҷиш бо риояи талаботи Қонуни мазкур танҳо дар минтақаи фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- кам кардани сарборӣ нисбати субъекти хоҷагидор, ки бо санҷиши фаъолияти он алоқаманд аст ва таъмин намудани камкунии самараи таваккалҳо;
- пайвастагӣ ва фаврӣ будани гузаронидани санҷиш дар муҳлати муқарраргардида;
- уҳдадории мақомоти санҷишӣ оид ба асосноккунии амалҳои худ дар асоси дараҷаи таваккал.
Моддаи 10. Мақомоти санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо
1. Мақомоти санҷишӣ дар доираи ваколати худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро бо назардошти мавзӯъҳои зерини санҷиш амалӣ менамоянд:
1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:
- ҳифзи муҳити зист, назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ.
2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда:
- назорати хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.
3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон:
- меъморӣ ва сохтмон.
4) Мақоми ваколатдори давлатии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ:
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, геологияи кӯҳии техникӣ, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, пешбурди бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ, иншооти истеҳсоли хатарнок, истифодаи бехатари иншооти газ.
5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио:
- пахши барномаҳои телевизионӣ  ва  радио;
- истеҳсол ва/ё  интишори маводи овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ, инчунин интишори ахбори иловагӣ, дуюмбора ва намудҳои дигари ахбори омма.
6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ:
- ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ,  қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
- танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ;
- ҳимояи  ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- танзими фаъолияти рекламавӣ.
7) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи оташнишонӣ:
- риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор.
8) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати иёргирӣ:
- истеҳсол, истихроҷ, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо.
9) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати суғурта:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғурта.
10) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати энергетикӣ:
- истифодаи оқилона ва босамари захираҳои гармию энергетикӣ;
- таъминоти реҷавӣ ва босифати истеъмолкунандагон бо захираҳои гармию энергетикӣ;
- ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истифодаи қувваи барқу гармӣ;
- ҳолати техникии неругоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқию гармӣ, низоми истифодаи қувваи (неруи) барқу гармӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои таъминкунандаи хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқӣ ва истифодабарандаи гармӣ.
11) Мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ:
- риояи меъёр ва қоидаҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ;
- риояи чораҳо ҷиҳати пешгирии садама ва осебёбии иншооти гидротехникӣ;
- ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ;
- санҷиши иншооти гидротехникӣ бо мақсади мутобиқати онҳо ба эъломияҳои бехатарӣ.
12) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати фаъолияти фармасевтӣ:
- фаъолияти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ;
- ғизои кӯдакон ва маводи ороишӣ (косметикӣ);
- муомилоти қонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда.
13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
  - фаъолияти тиббӣ;
  - ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:
   - риояи меъёр ва қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ.
15) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо:
- стандартонӣ, метрология ва сертификатсия;
- риояи қоидаҳои савдо ва хӯроки умумӣ;
- бамеъёрдарории техникӣ;
- аккредитатсия.
16)  Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ:
- фаъолияти байторӣ.
17) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ:
- риояи қоидаҳои фитосанитарӣ ва  карантини растаниҳо.
18) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ:
- пешбурди корҳои зотпарварӣ дар чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ.
19) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати техникаи  кишоварзӣ:
- техникаи кишоварзӣ.
20) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ:
- сифати тухмӣ ва парвариши ниҳолҳо.
21) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ:
- ҳифзи меҳнат;
- муҳоҷират;
- шуғли аҳолӣ.
22) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт:
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, ҳавоӣ, барқӣ, саноатӣ ва хоҷагии роҳ.
23) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа:
- алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ.
24) Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ:
- риояи шарт ва талаботи иҷозат ва иҷозатнома.
25) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ:
- назорати истифодаи  амволи давлатӣ;
- риояи қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳо. 
26) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм:
- риояи раванди таълим ва тарбия дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
- маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
27) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи забон ва истилоҳот:
- риояи қонунгузории забони давлатӣ.
28) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар:
- фаъолият вобаста ба парвариши растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин тайёр кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии нав;
- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯхтан, тақсим кардан, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот).
29) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими муносибатҳо вобаста ба замин, геодезия, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он:
- назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин;
- назорати давлатии геодезӣ;
- бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.
30) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор:
- дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ.
31) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа:
- истифодаи мақсадноки маблағи андози иҷтимоӣ;
- бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- амалигардонии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ.
2. Мавзӯи санҷиши як мақоми санҷишӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, наметавонад аз тарафи мақоми дигари санҷишӣ такрор карда шавад.
3.Тағйир додани номгӯи мақомоти давлатии санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо танҳо бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми 1 ҳамин модда имконпазир мебошад.
Моддаи 11. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Мақомоти санҷишӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар асоси дараҷаи таваккал мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Мақомоти санҷишӣ меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккалро дар асоси сатҳи имконияти расонидани зарар дар натиҷаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, манфиатҳои молумулкӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи муҳити зист, бо дарназардошти дараҷаи вазнинии оқибатҳои он, муайян менамоянд.
2. Мақомоти санҷишӣ меъёрҳоеро таҳия менамоянд, ки дар асоси онҳо дараҷаи таваккал ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти субъекти хоҷагидор дар соҳаи мансуб ба ваколати он арзёбӣ мегардад.
3. Сатҳи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бо дараҷаи таваккалии баланд, миёна ва паст муайян карда мешавад. Гурӯҳи субъектҳое, ки дараҷаи таваккалиашон баланд мебошад, набояд аз 10 фоиз зиёд бошад. Маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккалӣ ба ҳама дастрас мебошад.
4. Бо мақсади муайян намудани дараҷаи таваккалии пешбининамудаи қисми 3 ҳамин модда, мақомоти санҷишӣ ба коршинос ё ба ташкилоти экспертӣ муроҷиат менамоянд.

БОБИ 2. РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
Моддаи 12. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. - Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор қарори мутобиқи Қонуни мазкур қабулнамудаи мақоми санҷишӣ оид ба гузаронидани санҷиш мебошад.
2. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиш дорои маълумоти зерин мебошад:
- сана ва рақами бақайдгирии қарор дар мақоми санҷишӣ;
- номи мақоми санҷише, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарор қабул намудааст;
- номи пурраи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ё насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ;
- мавзӯъ, мақсад ва объекти мушаххаси санҷиш дар субъекти хоҷагидори мазкур;
- мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санҷишгузаронанда;
- сана ва давомнокии гузаронидани санҷиш;
- давраи санҷиш;
- имзои роҳбари мақоми санҷишӣ;
- муҳри мақоми санҷишӣ.
3. Аз гирифтани қарор саркашӣ намудани роҳбари субъекти хоҷагидор ба оғози санҷиш монеа шуда наметавонад. Роҳбари субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад пас аз гузашти муҳлати санҷиши дар қарор зикргардида шахсони мансабдори мақомоти санҷишро ба объекти санҷиш роҳ надиҳад, ба истиснои муқаррароти қисми 4 моддаи 26 Қонуни мазкур.
4. Дар асоси як қарор дар бораи санҷиш танҳо як санҷиш гузаронида мешавад.
Моддаи 13. Дафтари бақайдгирии санҷишҳо
1. Бо мақсади таъмини шаффофият санҷишҳои аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузаронидашаванда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба қайд гирифта мешаванд. Шахсони масъули мақомоти давлатӣ оид ба санҷишҳои дар доираи назорати прокурорӣ, аудити Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, қонунгузории бонкӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва фаъолияти оперативию ҷустуҷӯӣ амалишаванда, ки тибқи моддаи 4 Қонуни мазкур амали ҳамин Қонун ба онҳо татбиқ намегардад, уҳдадоранд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо оид ба санҷишҳои дар доираи ваколаташон гузаронидашуда қайдҳо гузорад.
2. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар ҳолати ворид накардани қайдҳо ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба санҷиш роҳ дода намешавад. Дар ҳолати гузаронидани санҷиш бе гузоштани қайд дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо натиҷаи он беэътибор ҳисобида мешавад.
3. Мақомоти давлатии бақайдгирандаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ субъектҳои хоҷагидорро бо дафтари бақайдгирии санҷишҳо таъмин менамоянд. Ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумот дар бораи санҷишҳои гузаронидашуда ворид карда мешавад.
4. Пас аз супоридани қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ба субъекти хоҷагидор ҳар шахси мансабдори мақоми санҷишӣ уҳдадор аст ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти зеринро ворид ва бо имзои худ тасдиқ намояд:
- асос барои санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, сана ва вақти оғоз ва анҷоми он;
- мавзӯъ ва мақсади санҷиш;
- намуди санҷиш;
- насаб, ном, номи  падар,  рақами  шаҳодатномаи хизматӣ, номи мақоме, ки шаҳодатномаро додааст (муҳлати эътибори шаҳодатнома);
- ҳангоми иштироки мутахассиси  даъватшуда дар гузаронидани санҷиш насаб, ном, номи падар, инчунин рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки  намояндаи  он  мебошад  ва дар сурати мутахассиси мустақил будани ӯ, рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва агар фаъолияти мутахассиси даъватшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон тибқи иҷозатнома ба роҳ монда шавад, рақами иҷозатнома, номи мақоме, ки иҷозатномаро додааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома.
5. Роҳбари субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти зеринро қайд намояд:
- сана ва вақти анҷоми санҷиш;
- чораҳои андешидаи шахси мансабдори мақоми санҷишӣ аз рӯи натиҷаҳои санҷиш:
- кумаки расонидашудаи машваратӣ;
- санади тартибдодашудаи санҷиш;
- мулоҳизаҳои худ аз рӯи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда дар шаклҳои:  «Розиям»,  «Розӣ нестам»,  «Бо эродҳо розиям».
6. Шахси  мансабдори  мақоми санҷишӣ барои  саркашӣ  аз  ворид намудани маълумот оид ба санҷиши  гузаронидашаванда  дар  дафтари бақайдгирии санҷишҳо масъулияти муқаррарнамудаи Қонуни мазкурро бар ӯҳда дорад.
Моддаи 14. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор иборат аст аз:
- машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои коҳиш додани  таваккал ва амалигардонии фаъолияти онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои чорабиниҳои дигаре, ки ба пешниҳоди иттилоот дар хусуси пешгирии риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон  равона шудаанд;
- санҷиши мутобиқати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани арзёбии иттилоот оид ба фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои таъсиррасонӣ нисбати субъектҳои хоҷагидор.
2. Санҷиши фаъолияти намояндагиҳо ва филиалҳои субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар доираи анҷом додани санҷиши фаъолияти худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
Моддаи 15. Пешниҳоди иттилоот ва машварат
1. Мақомоти санҷишӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои мутобиқати фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал ва бартараф намудани шароити ба ҳуқуқвайронкуниҳо имкониятдиҳанда то оғози санҷиш, дар рафти санҷиш ва пас аз анҷоми санҷиш машварат ва тавсияҳо медиҳанд.
2. Пешниҳоди машварату тавсияҳо инҳоро дар бар мегирад:
- пешниҳоди иттилооти умумӣ ба аҳли ҷомеа;
- посухҳо ба саволҳои хаттӣ ва шифоҳии субъектҳои хоҷагидор, тавассути телефон, дар шакли электронӣ ё дар ҳомили коғазӣ дар раванди гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ё баъди гузаронидани онҳо;
- пешниҳод кардани машварату тавсияҳо ва ёрии методӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба паст кардани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар раванди санҷиш.
3. - Машварату тавсияҳои ба субъектҳои хоҷагидор пешниҳодшаванда аз нигоҳи ҳуқуқӣ асоснок, дақиқ ва фаҳмо, дорои мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, кам ва бартараф намудани эҳтимолияти таваккалҳо мебошанд.
4. - Агар субъекти хоҷагидор мутобиқи машварат ва тавсияи ба тариқи хаттӣ пешниҳоднамудаи мақоми санҷишӣ амал намояд, пас барои ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани амалҳояш ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Муқаррароти мазкур ба кирдоре, ки дар он аломатҳои таркиби ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешаванд, дахл надоранд.
5. Баъди гирифтани машварату тавсияҳои дурусти мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидор амалҳои худро ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ менамояд.
6. Мақомоти санҷишӣ дар сомонаи расмии худ маълумоти зеринро ҷойгир менамоянд:
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- нақшаи ҳарсолаи гузаронидани санҷишҳо;
- маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккалӣ ва инчунин асоснокии гузаронидани онҳо ба ин намуди таваккалҳо.
Моддаи 16. Беэътибории гузаронидани санҷишҳо
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҳолатҳои зерин беэътибор дониста мешавад:
- аз ҷониби мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор фиристода нашудани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ва номгӯи масъалаҳои санҷишӣ;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор пешниҳод накардани шаҳодатномаи хизматӣ;
- дар сурати набудани сабти шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар дафтари бақайдгирии субъекти хоҷагидор;
- гузаронидани санҷиши аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, дар давоми ду соли аввали фаъолияти он.
Моддаи 17. Намудҳои санҷиш
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз намудҳои зерин иборат аст:
- нақшавӣ;
- ғайринақшавӣ;
- иловагӣ;
- такрорӣ.
Моддаи 18. Санҷиши нақшавӣ
1. Санҷиши нақшавӣ - санҷишест, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти марказии санҷиш нисбати субъекти хоҷагидори мушаххас дар асоси нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ таъин карда мешавад.
2. Мақомоти санҷишӣ дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо санҷиши нақшавии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро мутобиқи нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавии аз ҷониби мақомоти марказии санҷиш тасдиқшуда мегузаронанд.
3. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо бо назардошти даврияти санҷишҳои барои ҳар як гурӯҳи таваккалҳо  муқарраргардида вобаста ба дараҷаи таваккалӣ фаъолияти ҳар субъекти хоҷагидори мушаххас таҳия карда мешавад.
4. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо аз ҷониби роҳбари мақоми марказии санҷиш барои соли ояндаи  тақвимӣ то 1 ноябр дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ карда шуда, дар сомонаи расмии мақомоти санҷиш ва воситаҳои ахбори омма ҷойгир карда мешавад.
5. Вобаста ба тағйирёбии дараҷаҳои таваккалӣ субъектҳои хоҷагидор мақомоти санҷишӣ ба нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо бо риояи талаботи мувофиқакунӣ тибқи қисми 4 моддаи мазкур ҳар шашмоҳа як маротиба тағйирот ворид менамоянд.
6. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо маълумоти зерин дарҷ мегардад:
- номгӯи мақоми санҷишӣ;
- номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташон мавриди санҷиши нақшавӣ қарор дода мешавад;
- маълумот дар бораи санҷиши қаблии фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- асосноккунии ҳуқуқӣ, мавзӯъ ва объектҳои санҷиш;
- суроғаи воқеии объекти гузаронидани санҷиш;
- давраи санҷиш (бо нишон додани санаи оғоз ва анҷоми давра);
- давомнокии санҷиш (бо нишон додани санаи оғоз ва анҷоми санҷиш).
7. Санҷиши якҷоя аз ҷониби мақомоти санҷишӣ танҳо дар доираи нақшаи солонаи мақоми санҷишӣ гузаронида шуда, мақомоти мазкур уҳдадоранд қарори алоҳидаро дар бораи таъини санҷиш ба расмият дароранд.
8. Дар ҳолати мавҷуд набудани нақшаи солонаи тасдиқшудаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ мақоми санҷишӣ барои гузаронидани намуди санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, ба истиснои санҷишҳое, ки бо аризаи хаттии худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешаванд, ҳуқуқ надорад.
9. Санҷиши нақшавӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 19. Санҷиши ғайринақшавӣ
1. Санҷиши ғайринақшавӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- бо ташаббуси субъекти хоҷагидор дар асоси аризаи хаттии он; 
- ба мақомоти санҷишӣ ворид шудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба далелҳои расонидан ё эҳтимолияти баланди расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти миллӣ, инчунин ба миён омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда;
- дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.
2. Аризаи ба мақоми санҷишӣ ирсолгардида, ки тибқи он муайян кардани насаб, ном, номи падар ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ба мақоми санҷишӣ муроҷиаткарда ғайриимкон аст, барои гузаронидани санҷиш асос шуда наметавонад.
3. Гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ бо асосҳои дигар манъ аст.
4. Санҷиши ғайринақшавӣ дар асоси қарори (фармоиши, амри) роҳбари мақоми санҷишӣ гузаронида мешавад. Санҷиши ғайринақшавӣ танҳо аз рӯи масъалаҳое гузаронида мешавад, ки барои гузаронидани ин намуди санҷиш асос шудаанд. Дар вақти гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ мақомоти санҷишӣ уҳдадоранд, ки ба субъекти хоҷагидор оид ба шикоятҳои ҷойдошта маълумоти дақиқ ва асоснок пешниҳод намоянд.
5. Ба санҷидани масъалаҳое, ки асоси гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ нестанд ва дар номгӯи саволҳои санҷишӣ пешбинӣ нашудаанд, роҳ дода намешавад.
6. Шумораи санҷишҳои ғайринақшавии гузаронидашаванда нисбат ба шумораи умумии санҷишҳои гузаронидашавандаи мақомоти санҷишӣ набояд аз 10 % (фоиз) зиёд бошад. Дар ҳолати аз фоизи муқарраршуда зиёд шудани санҷишҳо онҳо бо розигии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ гузаронида мешаванд.
7. Агар дар натиҷаи гузаронидани санҷиши ғайринақшавӣ муайян карда шавад, ки дар фаъолияти субъекти хоҷагидор камбудиҳои ҷиддӣ ҷой дошта, фаъолияти он мавриди санҷиши нақшавӣ қарор гирифтааст, шахси мансабдоре, ки санҷиши нақшавиро гузаронидааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
8. Санҷишҳои ғайринақшавӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.
Моддаи 20. Санҷиши иловагӣ
1. Санҷиши иловагӣ танҳо дар ҳолати аз натиҷаи санҷиш розӣ набудани субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
2. Ҳангоми гузаронидани санҷиши иловагӣ гузаронидани санҷиш аз рӯи ҳамаи масъалаҳои санҷиши нақшавӣ манъ аст. Танҳо масъалаҳои дар шикояти субъекти хоҷагидор зикргардида мавриди санҷиши иловагӣ қарор дода мешаванд.
3. Шикояти субъектҳои хоҷагидор бояд дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули шикоят аз ҷониби мақоми санҷишӣ баррасӣ гардида, нисбати он қарори асоснок қабул карда шавад.
4. Санҷиши иловагӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 21. Санҷиши такрорӣ
1. Санҷиши такрорӣ дар доираи талаботи расмӣ дар бораи бартараф кардани камбудиҳои дар раванди санҷиши қаблӣ ошкоргардида гузаронида мешавад.
2. Санҷиши такрорӣ пас аз ба охир расидани муҳлате, ки ба субъекти хоҷагидор барои бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст, на дертар аз 10 рӯзи ба охир расидани муҳлати зикршуда ва танҳо нисбати камбудиҳои ислоҳшуда  гузаронида мешавад.
3. Субъекти хоҷагидор бо дархости мақоми санҷишӣ дар бораи камбудиҳои ислоҳшуда маълумот пешниҳод менамояд.
4. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани дараҷаи эҳтимолияти расонидани зарари назаррас ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва муҳити зист аз ҷониби роҳбари мақоми санҷишӣ қабул карда мешавад.
5. Мақоми санҷишӣ  субъекти хоҷагидорро дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ дар муҳлати се рӯзи корӣ пеш аз оғози санҷиши такрорӣ огоҳ менамояд.
6. Ҳангоми муроҷиат намудани субъекти хоҷагидор ба мақомоти санҷишӣ дар бораи гузаронидани санҷиши такрорӣ қарори роҳбари мақоми санҷишӣ дар бораи санҷиш бояд дар давоми се рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид гардидани чунин муроҷиат қабул карда шавад.
7. Санҷиши такрорӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 22. Даврияти санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
1. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ба истиснои санҷишҳои ғайринақшавӣ, танҳо бо назардошти дараҷаи таваккалнокӣ, ки тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур муайян карда шудааст, гузаронида мешавад.
2. Вобаста ба дараҷаи таваккалнокӣ санҷишҳои нақшавӣ мутобиқи даврияти зерин гузаронида мешаванд:
- на зиёда аз ду маротиба дар як сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд;
- на зиёда аз як маротиба дар се сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон миёна;
- на зиёда аз як маротиба дар панҷ сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон  паст.
3.-Даврияти санҷишҳои объектҳои мушаххас бо назардошти дараҷаи таваккалнокии он аз ҷониби  мақомоти санҷишӣ дар нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳо муайян мегардад.
4. Санҷиши нақшавии аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, танҳо баъди сипарӣ гардидани ду сол пас аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он гузаронида шуда, ду соли аввали фаъолияти субъекти мазкур мавриди санҷиш қарор дода намешавад.
5. Агар то гузаштани муҳлати дар қисми 4 ҳамин модда нишондодашуда фаъолияти субъекти хоҷагидор қатъ гардад (аз нав ташкил карда ё барҳам дода шавад), фаъолияти молиявии субъекти хоҷагидор, намояндагиҳо ва филиалҳои он дар доираи санҷиши фаъолияти худи субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.
6. Мавзӯи санҷиши як мақоми санҷишӣ наметавонад аз ҷониби мақоми дигари санҷишӣ такрор карда шавад ва чунин санҷиш метавонад дар асосҳои зерин гузаронида шавад:
- аризаи худи субъекти хоҷагидор;
- хабари мақоме, ки оид ба азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст;
иттилооти мақоме, ки азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқиро амалӣ намудааст.
7. Дар давоми ду соли аввали фаъолияти субъекти хоҷагидор чораҳои муҷозот нисбати он метавонанд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ истифода шаванд, агар фаъолияти субъекти мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаҳои дигар таъмин шуда натавонад ва танҳо дар ҳолати зарурат ва ногузир будани пешгирии расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ё муҳити зист, дар ҳолате ки чунин зарар таҳдиди ҷиддӣ дошта бошад.
8. Дар ҳолати ташрифи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ тибқи муқаррароти қисми 1 ҳамин модда маълумоти зарурӣ бо риояи талаботи пешбининамудаи қисми 4 моддаи 13 Қонуни мазкур дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо сабт карда мешавад.
Моддаи 23. Машваратдиҳӣ ва расонидани кумаки методӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис
1. Шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис дар давоми ду соли аввали фаъолияти он танҳо барои додани машварат ва расонидани кӯмаки методӣ оид ба масъалаҳои мавзӯи санҷиши онҳо ташриф меоранд.
2. Дар мӯҳлати озодкунӣ аз санҷишҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур субъекти хоҷагидори навтаъсис аз иҷрои ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки риояи онҳо мутобиқи ҳамин Қонун бояд санҷида шаванд, озод карда намешавад. 
Моддаи 24. Огоҳинома дар бораи санҷиш
1. Бо мақсади гузаронидани санҷиш, ба истиснои гузаронидани санҷиш бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро аз санҷиши гузаронидашаванда дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ қабл аз оғози санҷиш ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. Огоҳиномаи хаттӣ шарти асосии гузаронидани санҷиш буда, мақомоти санҷишӣ на дертар аз даҳ рӯзи корӣ аз рӯзи қабули огоҳинома ҳуқуқи оғоз намудани санҷишро доранд.
2. Дар огоҳинома дар бораи гузаронидани  санҷиш  масъалаҳои зерин бояд зикр карда шаванд:
- номи мақоми санҷишӣ, насаб, ном, номи падари шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва суроғаи маҳалли зисти он, рақами шаҳодатномаи хизматӣ;
- асос барои гузаронидани санҷиш;
- мавзӯъ, мақсад ва объектҳои санҷиш;
- санаи оғоз ва анҷоми гузаронидани санҷиш;
- номи субъекти хоҷагидоре, ки фаъолияти он мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
3. Огоҳинома ба роҳбари субъекти хоҷагидор ё ба шахси ваколатдор шахсан ё тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ва огоҳиномаи почта ё мустақиман бо имзо супорида мешавад. Роҳбар ё шахси ваколатдори субъекти хоҷагидор баъди гирифтани огоҳинома вазифадор аст дар объекти санҷидашаванда дар вақти барои оғози санҷиш таъингардида ҳозир бошанд.
4. Агар субъекти хоҷагидор бо сабабҳои узрнок оғози санҷишро дар рӯз ва вақти дар огоҳинома муқарраргардида таъмин карда натавонад, он уҳдадор аст ба мақоми санҷишӣ дар ин хусус на дертар аз ду рӯз то оғози санҷиш хабар дода, сана ва вақти барои тарафҳо мувофиқро барои оғози санҷиш мувофиқа намояд.
5. Субъекти хоҷагидор дар сурати нагирифтани огоҳинома дар бораи гузаронидани санҷиш ҳуқуқ дорад шахси мансабдори мақоми санҷишро барои гузаронидани санҷиш роҳ надиҳад.
6. Агар мақоми санҷишӣ субъекти хоҷагидорро дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ба таври хаттӣ огоҳ насозад, қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш беэътибор буда, оқибати ҳуқуқӣ надорад.
Моддаи 25. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад
1. Санҷиш тибқи номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
2. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, ба субъекти хоҷагидор ҳамзамон бо огоҳинома дар бораи санҷиш супорида мешавад. Ба субъекти хоҷагидор насупоридани номгӯи масъалаҳои назоратӣ ҳамзамон бо  огоҳинома дар бораи санҷиш боиси беэътибор гардидани қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш мегардад.
3. Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз рӯи номгӯи масъалаҳои назоратӣ гузаронида шуда, аз доираи он баромадан манъ аст. Номгӯи масъалаҳои назоратӣ бояд талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирад, ки метавонанд ба ҳаёт ва саломатии одамон, бехатарии ҷамъиятӣ, моликият, ҳифзи муҳити зист таҳдид кунанд ё зарари бевоситаи назаррас расонанд.
4. Ҳангоми таҳияи номгӯи масъалаҳои назоратӣ мақомоти санҷишӣ метавонанд бо субъектҳои хоҷагидор ё ассотсиатсияҳои дахлдор барои ба инобат гирифтани ақидаи онҳо машварат гузаронанд.
5. Номгӯи масъалаҳои назоратӣ ҳар сол бояд бо назардошти тағйирот дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таклифҳои пешниҳоднамудаи шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъектҳои хоҷагидор аз нав дида баромада шавад.
6. Масъалаҳо дар номгӯи масъалаҳои назоратӣ барои риояи минбаъдаи онҳо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор бояд дақиқ, возеҳ ва дастрас ифода карда шаванд.
7. Номгӯи масъалаҳои назоратӣ қисми ҷудонашавандаи санади санҷиш буда, бояд дар сомонаи расмии мақоми санҷишӣ ҷойгир карда шавад.
Моддаи 26. Давомнокӣ ва муҳлати гузаронидани санҷиш
1. Муҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти шахси ҳуқуқӣ набояд аз бист рӯзи корӣ зиёд бошад.
2. Муҳлати гузаронидани санҷиши молиявии фаъолияти соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси шаҳодатнома амалӣ менамояд, набояд аз панҷ рӯзи корӣ ва соҳибкори инфиродие, ки фаъолияти худро дар асоси патент амалӣ менамояд, набояд аз ду рӯзи тақвимӣ зиёд бошад.
3. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар муҳлати на зиёдтар аз 10 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории калон, 5 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории миёна ва 2 рӯзи корӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд гузаронида мешавад.
4. Дар ҳолатҳои истисноӣ ба монанди фалокат, беморӣ, фавти шахси масъул ва ҳолатҳои дигари рафънопазир – бо қарори роҳбари мақоми санҷишӣ муҳлати пешбининамудаи қисмҳои 1, 2 ва 3 ҳамин модда як маротиба ба муҳлати на зиёда аз сеяки муҳлати асосии гузаронидани санҷиш тамдид карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар хусуси тамдиди муҳлати мазкур санҷиши минбаъдаи фаъолияти субъекти хоҷагидор манъ аст.
5. Санҷиш танҳо дар вақти корӣ ва рӯзҳои кории субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад, ба истиснои санҷиши ғайринақшавӣ.
Моддаи 27. Манъи такроран гузаронидани санҷиш аз тарафи мақомоти санҷиши сатҳи гуногун ё мақомоти дигари санҷиш
1. Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз рӯи масъалаҳое, ки қаблан аз ҷониби мақоми санҷишӣ сатҳи дигар ё мақоми дигари санҷишӣ дар давраи санҷиш муқарраргардида гузаронида шудааст, манъ аст.
2. Мақоми санҷишӣ салоҳияти ҳар яке аз сатҳҳои мақомоти санҷишро оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор муайян менамояд. 
3. Дар ҳолате, ки санҷиши фаъолияти субъекти  хоҷагидор аз ҷониби мақоми санҷиши як сатҳ (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ё ноҳиявӣ)  гузаронида шавад, ба мақоми санҷиши сатҳи дигар гузаронидани санҷиши ҳамон як субъекти хоҷагидор манъ аст.
4. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд санҷишҳои аз ҷониби мақомоти дигари санҷиш гузаронидашударо такроран гузаронанд, ба истиснои талаботи пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур.
Моддаи 28. Анҷоми санҷиш
1. Баъди анҷоми санҷиш, сарфи назар аз натиҷаҳои он, шахси мансабдори мақоми санҷишӣ санад тартиб дода, дар он маълумоти зеринро қайд менамояд:
- маҳалли гузаронидани санҷиш, санаи таҳияи санад;
- мавзӯи санҷиш;
- вазифа, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиш гузаронидаанд;
- насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродии санҷидашуда ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба санҷиши қаблӣ;
- давраи санҷидашаванда ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое (объектҳое), ки субъекти хоҷагидор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод намудааст;
- натиҷаҳои санҷиш;
- дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо - шарҳи муфассали  онҳо  бо истинод ба меъёри дахлдори санади меъёрии ҳуқуқӣ.
2. Анҷоми санҷиш рӯзи ба субъекти хоҷагидор супоридани  санади санҷиш ё санаи ба он фиристодани санади санҷиш бо мактуби фармоишӣ ва огоҳинома, лекин на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз муҳлати дар қарор зикргардида, ҳисобида мешавад.
3. Ба санади санҷиш нусхаҳои зарурии ҳуҷҷатҳо, ҳисобҳои анҷомдодаи шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва маводи дигари дар раванди санҷиши гузаронидашуда бадастомада замима карда мешаванд.
4. Санади санҷиш ба миқдори на кам аз ду нусха таҳия гардида,  аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиши дахлдорро гузаронидааст, имзо карда мешавад.
5. Як нусхаи санади санҷиш ба субъекти хоҷагидор дар давоми  панҷ рӯзи корӣ супурда мешавад. Ҳангоми гирифтани санади санҷиш роҳбари субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки дар нусхаи дигари санад  дар  хусуси гирифтани он қайд ворид намуда, имзо гузорад.
6. Агар роҳбари субъекти хоҷагидор гирифтани санади санҷишро  рад намуда бошад, дар ин бора дар нусхаи санади санҷиши барои мақомоти санҷишӣ пешбинигардида қайд ворид намуда, бо имзои шахси  мансабдори санҷиши дахлдорро анҷомдода тасдиқ карда мешавад. Дар чунин ҳолат санади санҷиш бо мактуби фармоишӣ ва огоҳинома ба субъекти хоҷагидор фиристода мешавад.
7. Дар сурати ошкор гардидани содиршавии ҷиноят дар рафти фаъолияти субъекти хоҷагидор нусхаи санад ва маводи натиҷаи санҷиш аз рӯи тобеият барои қабули қарор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор фиристонида мешаванд.
Моддаи 29. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш
1. Баъди анҷоми ҳар як санҷиш дар асоси натиҷаҳое, ки дар санади санҷиш дарҷ гардидаанд, мақоми санҷишӣ бо имзои роҳбар ё шахси ивазкунандаи ӯ аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қарор қабул менамояд, ки он дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ баъди рӯзи анҷоми санҷиш ба субъекти  хоҷагидор дода мешавад.
2. Қарор бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- сана ва рақами бақайдгирии қарор ва санади санҷиш;
- насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
- мавзӯи санҷиши гузаронидашуда;
- чораи андешидашаванда, агар камбудиҳо ошкор гардида бошанд;
- талабот оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида дар сурати ошкор гардидани онҳо;
- муҳлат, маҳал ва тартиби шикоят овардан нисбат ба қарор.
3. Дар ҳолати ошкор нагардидани камбудиҳо баъди анҷоми санҷиш  ба қарор қайди дахлдор ворид карда мешавад.
4. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш дар ҳолатҳое, ки дар моддаи 16 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, беэътибор дониста мешавад.
5. Аз рӯи натиҷаи гузаронидани санҷиш мақомоти санҷишӣ ҳар шашмоҳа ба шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар бораи санҷишҳои гузаронидашуда маълумоти дахлдор пешниҳод менамояд.
Моддаи 30. Муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор
1. Дар рафти санҷиш ҳангоми мавҷуд будани асосҳои зерин шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қарор қабул менамояд:
- ошкор гардидани анҷоми фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набуда, бевосита боиси хатари ҷиддӣ гардида, метавонад ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва муҳити зист зарар расонад;
- таҳдиди дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолият ба миён омада, ки бо назардошти ногузирии хатар ва бузургии эҳтимолияти он дар сурати имкон надоштани субъекти хоҷагидор барои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани фаъолияти худ онро бояд фавран боздорад.
2. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ бояд танҳо он фаъолияти субъекти хоҷагидорро муваққатан боздорад, ки боиси расонидани зарари назаррас ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ё муҳити зист шуда метавонад.
3. Дар ҳолати муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор чораҳои гузоштани муҳр (штамп), суратгирӣ, банаворгирӣ ва дигар усулҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, метавонанд истифода карда шаванд.
4. Муҳлати дар қарор оид ба муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қайдгардида набояд аз се моҳ зиёд бошад.
5. Қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор  маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- сана ва рақами қарор;
- номи мақоми санҷишӣ ва номи субъекти хоҷагидор;
- асос барои муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- номгӯи фаъолияти боздошташуда;
- номгӯй ва миқдори молу мулк, таҷҳизот барои истеҳсолот;
- чораҳое, ки бояд барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ андешида шаванд;
- муҳлат барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва муҳлате, ки фаъолияти субъекти хоҷагидор муваққатан боздошта мешавад.
6. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст, роҳбари мақоми санҷишро дар ин хусус огоҳ менамояд.   
7. Субъекти хоҷагидор метавонад аз рӯи қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор ба суд, мақомоти прокуратура ё ба тариқи маъмурӣ шикоят намояд.
8. Дар ҳолате, ки субъекти хоҷагидор камбудиҳои ошкоргардидаро пеш аз муҳлати дар қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор зикргардида бартараф  намояд, роҳбари мақоми санҷишӣ дар давоми 3 рӯз аз лаҳзаи қабули аризаи субъекти хоҷагидор дар бораи барқарор намудани фаъолият тибқи аризаи  он  қарор қабул менамояд.
Моддаи 31. Гирифтани намунаҳо барои гузаронидани ташхис
1. Гирифтани намунаҳои маҳсулот барои гузаронидани ташхис танҳо дар ҳолати ғайриимкон будани муайянкунии масъалаи бехатарии маҳсулот аз рӯи натиҷаи муоинаи он амалӣ карда мешавад. Дар ин ҳолат мақоми санҷишӣ дар бораи гирифтани намунаҳо санад тартиб медиҳад, ки дар он ҳолатҳои зерин нишон дода мешаванд:
- маҳал ва санаи тартиб додани он;
- номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии субъекти санҷидашаванда, ки намунаи маҳсулоти он гирифта мешавад;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси ваколатдори субъекти хоҷагидори санҷидашаванда;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдоре, ки намунаи маҳсулотро мегирад;
- асос ва талабот барои гирифтани намунаи маҳсулот;
- номгӯй ва миқдори намунаи маҳсулоти гирифташуда бо зикр кардани истеҳсолкунанда, санаи истеҳсол, силсилаи (рақами) дастаи мол, арзиши умумии намунаҳо;
- сана ва вақти гирифтани намунаи маҳсулот.
2. Мақоми санҷишӣ гирифтани намунаҳоро ба миқдоре, ки ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии маҳсулот барои гузаронидани ташхис муқаррар намудаанд, амалӣ менамояд.
3. Санади гирифтани намунаҳои маҳсулот дар се нусха тартиб дода мешавад. Ҳамаи нусхаҳои санад аз ҷониби шахси мансабдори тартибдода, ки намунаи маҳсулотро гирифтааст ва роҳбар ё намояндаи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда имзо карда мешаванд. Як нусхаи санади гирифтани намунаи маҳсулот бо роҳхат ва намунаи маҳсулоти бо тартиби муқарраргардида гирифташуда ба ташкилоте фиристода мешавад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани ташхис ваколатдор шудааст. Нусхаи дуюми санади гирифтани намунаи маҳсулот дар ихитиёри субъекти хоҷагидор мемонад. Нусхаи сеюми санади  гирифтани намунаи маҳсулотро шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки намунаи маҳсулотро гирифтааст, нигоҳ медорад. Фурӯш ва ба муомилот баровардани молу маҳсулоте, ки аз он барои ташхис намуна гирифта шудааст, то муайян гардидани натиҷаи ташхис манъ аст.
4. Шароити нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли намунаи маҳсулоти гирифташуда набояд нишондиҳандаҳоеро, ки аз рӯи онҳо ташхиси намунаҳо гузаронида мешавад, тағйир диҳад. Шахси мансабдори мақоми санҷишӣ, ки намунаи маҳсулотро барои озмоиш гирифтааст, амният ва сари вақт ба ҷойи гузаронидани ташхис расонидани онро таъмин менамояд. Субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуқуқ дорад ҳангоми гирифтани намунаҳо норозигӣ изҳор намояд.
5. Дар ҳолати номураттабии раванди муътадили истеҳсолот, ки бо гирифтани намунаи маҳсулот алоқаманд аст, намунаи маҳсулот пас аз гузаронидани ташхис бояд баргардонида шавад.
6. Хароҷоти марбут ба гирифтани намунаи маҳсулот аз тарафи мақоми санҷишӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои молиявӣ расмиёти амалӣ намудани пардохти хароҷоти марбут ба гирифтани намунаи маҳсулотро тасдиқ менамояд.
7. Дар ҳолати бо натиҷаҳои ташхис тасдиқ гардидани далели вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъекти хоҷагидор, он вазифадор аст, ки хароҷоти марбут ба гузаронидани ташхисро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд. 
8. Мақомоти санҷишӣ бояд хулосаи мақомоти дигари санҷиш ва натиҷаи ташхисро, ки дар озмоишгоҳҳои аккредитатсияшудаи  мақомоти санҷишӣ гузаронида шудааст, эътироф намоянд.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ  ХОҶАГИДОР ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 32. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор
1. Субъектҳои хоҷагидор ҳуқуқ доранд:
- дар бораи санҷиши гузаронидашаванда маълумот гиранд;
- аз шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ асосҳои гузаронидани санҷишро талаб намоянд, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи  шахсияти узви гурӯҳи санҷишӣ шинос шаванд;
- шахсонеро, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарори дахлдор надоранд ва ё онҳо дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид накардаанд  ва ё муҳлати дар қарор зикргардидаи онҳо фаро нарасида ва ё гузаштааст, ба санҷиш роҳ надиҳанд;
- талаботи шахсони мансабдори мақомоти санҷишро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо мансуб нестанд, иҷро накунанд ва онҳоро бо маводе, ки ба мавзӯи санҷиш дахл надоранд,  шинос накунанд;
- аз мақомоти санҷишӣ нусхаи санади санҷишро дар давоми панҷ рӯзи корӣ баъди анҷоми санҷиш талаб намоянд ва гиранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми санҷишӣ ҷуброни зиёни дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори он ҳангоми гузаронидани санҷиш расонидашударо талаб намоянд;
- ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ шарҳу эзоҳро оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиш ва натиҷаҳои он пешниҳод кунанд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати натиҷаҳои санҷиш шикоят намоянд;
- бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дар раванди гузаронидани санҷиш ва аз рӯи натиҷаҳои он мутахассисон ва намояндагони ассотсиатсияҳоеро, ки аъзои онҳо мебошанд, инчунин дигар ташкилоти ҷамъиятиро ҷалб намоянд.
2. Субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:
- шахсони мансабдори мақомоти санҷишро дар сурати доштани  қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ва аз ҷониби онҳо пешниҳод гардидани шаҳодатномаи  хизматӣ ва ворид намудани сабтҳои дахлдор ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба объектҳои дахлдори санҷиш роҳ диҳанд;
- дар асоси талаботи асосноки шахсони мансабдори  мақомоти  санҷишӣ мавод ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гузаронидани санҷиш зарур мебошанд, пешниҳод намоянд;
- қарорҳои  мақомоти  санҷишро дар бораи дар муҳлатҳои муқарраршуда бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешниҳод намудани шикоят аз рӯи қарори мақоми санҷишӣ, иҷро намоянд;
- ба шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо мусоидат намоянд;
- ба оғози санҷиш дар сана ва дар вақти муқарраргардида монеъ нашаванд;
- бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
1. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳуқуқ доранд:
- ба ҳудуди объектҳои субъекти хоҷагидор бо ҳамроҳии намояндаи субъекти хоҷагидор ворид шаванд;
- аз субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои заруриеро, ки бевосита бо гузаронидани санҷиш алоқаманданд,  талаб намуда,  аз  онҳо иқтибос ва нусха гиранд;
- аз роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷиши фаъолияти он баёноти хаттӣ талаб намоянд;
- намунаҳоро дар асоси санади хаттии тартибдодаи тарафҳо ба миқдоре, ки барои гузаронидани санҷиш зарур аст, гиранд ва новобаста ба намуди намуна, онҳоро баъди анҷоми санҷиш дар асоси уҳдадории хаттӣ баргардонанд;
- ба ҷараёни санҷиши субъекти хоҷагидорӣ коршиносону (мутахассисону) машваратчиёнро ҷалб намоянд.
2. Шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор уҳдадоранд:
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои субъекти хоҷагидорро риоя намоянд;
- санҷишҳоро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур гузаронанд;
- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, шаҳодатномаи хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд;
- бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумот ворид намоянд;
- то оғози санҷиш ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро вобаста ба гузаронидани санҷиш фаҳмонида диҳанд;
- ба иштирок намудани намояндагони субъекти хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш монеъ нашаванд ва оид ба масъалаҳои вобаста ба  мавзӯи санҷиш ба онҳо шарҳ диҳанд;
- нигоҳдории миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои таҷрибавӣ  ва маводи дигари муваққатан гирифташуда, инчунин сари вақт баргардонидани онҳоро таъмин намоянд;
- мавзӯъ ва моҳияти камбудиҳои ошкоргардида ва чораҳои  бартараф намудани онҳоро ба субъектҳои хоҷагидор шарҳ дода, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;
- барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеъ нашаванд;
- аз ҳудуди субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои санҷидашавандаро берун набароранд;
- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашуда доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дастурҳои асосноки иҷрояшон  ҳатмиро диҳанд;
- риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро таъмин намоянд.
Моддаи 34. Маҳдудиятҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Ба мақомоти санҷишӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ мебошад:
- дахолат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои ба мавзӯи санҷиш вобастанабуда;
- аз субъектҳои хоҷагидор дар шакли нақдӣ ситонидани пардохтҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаримаҳо, фоизҳо;
- истифода бурдани далелҳои вуҷуд доштани камбудиҳо ҳамчун асос барои дахолат ё маҳдуд намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- анҷом додани амалҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор монеъ мешаванд;
- гузаронидани санҷиш тибқи асосҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд ва бе қарор оид ба гузаронидани санҷиш;
- гузаронидани санҷиш нисбати субъектҳои хоҷагидор, ки ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ муносибатҳои хешутаборӣ доранд;
- гузаронидани санҷиш ҳангоми набудани роҳбар ё намояндаи ваколатдори субъекти хоҷагидор;
- талаб намудани ҳуҷҷатҳо, иттилоот, маълумот, намунаи маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот, агар онҳо объекти санҷиш ё ба мавзӯи санҷиш алоқаманд набошанд, инчунин мусодира намудани нусхаи аслии чунин ҳуҷҷатҳо;
- гирифтани намунаҳои маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот барои гузаронидани таҳқиқот, озмоиш, ченкунии онҳо бе тартиб додани протоколҳо оид ба гирифтани намунаҳои зикргардида, иёргирӣ аз рӯи намунаи муқарраргардида ва зиёда аз миқдори муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ, қоидаҳои гирифтани намуна, иёргирӣ ва усулҳои таҳқиқ, озмоиш, ченкунии онҳо ва регламентҳои техникӣ;
- паҳн намудани маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиш дастрас шудааст ва он дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз муҳлати муқарраргардида зиёд гузаронидани санҷиш;
- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур ё пешниҳод дар бораи  аз ҳисоби онҳо гузаронидани чорабиниҳои марбут ба санҷиш.

БОБИ 4. НАҚШАИ СОЛОНА, ҲИСОБОТДИҲӢ, ОМӮЗИШ ВА АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 35. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ
1. Мақомоти санҷишӣ дар асоси таҳлили дараҷаи ҷойдоштаи мутобиқати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дониши субъектҳои хоҷагидор оид ба амалӣ намудани фаъолияти худ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, арзёбии дараҷаи таваккалнокии фаъолияти субъекти хоҷагидор, сабабҳои риоя нагардидан ё ба таври зарурӣ риоя нагардидани талабот нисбати субъектҳои хоҷагидор муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси тадбирҳои қаблан андешидашуда ҷиҳати пешгирии қонунвайронкунӣ, чораҳои таъсиррасонӣ ва меъёрҳои риоянашавандаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти санҷишӣ нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавиро таҳия менамоянд.
2. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳо афзалиятҳо ва нақшаҳои соли оянда барои мавзӯи санҷиш зикр карда мешаванд.
3. Дар нақшаҳои солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ маълумоти зерин зикр карда мешавад:
- арзёбии таваккалҳои асосӣ дар ҳар як соҳаи санҷиш;
- арзёбии миқдори санҷишҳои нақшавие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузаронида мешаванд;
- арзёбии миқдор ва намудҳои тадбирҳои машваратӣ ва иттилоотии аз тарафи мақомоти санҷишӣ андешидашаванда.
Моддаи 36. Ҳисоботдиҳии мақоми санҷишӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки мақоми санҷишӣ дар нақшаи идоракунии он қарор дорад, ҳар сол мақсадҳои стратегӣ ва вазифаҳои солонаи мақомоти санҷишро муайян намуда, арзёбии фаъолиятро дар асоси нишондиҳандаҳои зерин мегузаронад:
- дараҷаи хатарнокӣ ё рӯйдодҳо (нишондиҳандаҳои фавт, харобшавӣ, партовҳо, ифлосшавӣ ва дигар нишондиҳандаҳо) дар соҳаи санҷидашаванда ва динамикаи нишондиҳандаҳои мазкур;
- нишондиҳандаҳои фаъолият, ки шумораи санҷишҳо, машваратҳо, тренингҳои гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳоро нишон медиҳанд;
- нишондиҳандаҳои афкори умум;
- натиҷаҳои пурсиши ҷомеа, ки дарккунӣ ва арзёбии иттиҳодҳои соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба арзёбии фаъолияти мақомоти санҷишӣ нишон медиҳанд.
Моддаи 37. Арзёбии фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
1. Фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки санҷиш мегузаронанд, дар асоси меъёрҳои зерин арзёбӣ мегардад: 
- натиҷаҳои арзёбии шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор гирифта шудааст;
- миқдори машварат ва тавсияҳои додашуда ба субъекти хоҷагидор оиди риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ оиди кам кардани сатҳи таваккалнокӣ.
2. Мақоми санҷишӣ низоми арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишро, ки санҷиш мегузаронад, бо назардошти меъёрҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда таҳия менамояд.
3. Шумораи муҷозоти татбиқшуда, миқдори ҷаримаҳо ё дигар нишондиҳандаҳои марбут ба истифодаи муҷозот нисбати субъектҳои хоҷагидор набояд барои арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ асос шавад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
5. Мақомоти санҷишӣ ҳар се моҳ ба мақомоти болоии худ дар бораи фаъолияти анҷомдодаашон ҳисобот таҳия ва пешниҳод менамоянд, ки дар он маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- арзёбии сатҳи таваккалнокӣ дар соҳаи санҷидашаванда;
- вазифаҳои соли ҷорӣ, иҷрои онҳо ва натиҷаҳои арзёбӣ;
- фаъолияти машваратдиҳӣ бо ишораи масъалаҳои барои субъектҳои хоҷагидор муҳими давраи ҳисоботӣ, меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд муфассал фаҳмонида шаванд;
- шумора, хусусият ва давомнокии санҷишҳои гузаронидашуда;
- маълумоти мухтасар оид ба маблағгузории фаъолияти мақоми санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш.
6. Ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишӣ дар бораи фаъолияти анҷомдода, ки мақомоти санҷишӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод менамоянд, бояд маълумот дар бораи шумораи санҷишҳои ғайринақшавӣ ва такрории гузаронидашуда, инчунин маълумоти мухтасар дар бораи ҳамаи муроҷиатҳои аз субъектҳои хоҷагидор воридшударо дар бар гирад.
Моддаи 38. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори  мақомоти санҷишӣ
1. Мақоми санҷишӣ мақсад ва принсипҳои асосии такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти худро оид ба донишҳои техникӣ дар соҳаи гузаронидани санҷиш ва малакаи гузаронидани санҷиш,  гузаронидани машварат барои субъектҳои хоҷагидор тасдиқ менамояд.
2. Нақшаи солонаи такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ то 1 марти соли ҷорӣ тасдиқ карда мешавад. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бояд на камтар аз як маротиба дар 3 сол гузаронида шавад.
3. Мақоми санҷишӣ на камтар аз як маротиба дар 3 сол талаботи тахассусиро нисбати шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки меъёри асосии интихоб ва ҷобаҷогузории шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ мебошад, таҳия ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод менамояд.

БОБИ 5. ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 39. Таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
1. Бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис дода, ҳайат ва низомномаи онро тасдиқ мекунад.
2. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ шаффоф буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии субъектҳои хоҷагидорро ба маълумот дар бораи санҷишҳо ё оид ба фаъолияти он таъмин намояд.
Моддаи 40. Махзани маълумот ва низоми идоракунӣ дар мақоми санҷишӣ
1. Мақоми санҷишӣ махзани маълумот ва низоми идоракуниро таъсис дода, пешбурд ва иҷрои уҳдадориҳоро оид ба амалӣ гардонидани ваколатҳои назоратӣ таъмин менамояд.
2. Махзани маълумот иттилооти зеринро дар бар мегирад:
- номгӯи ҳама шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо мавриди санҷиш қарор мегирад;
- маълумот оид ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда;
- маълумот оид ба истифодаи захираҳои мақомоти санҷишӣ.
3. Қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷиш ва қарорҳои аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қабулгардида дар махзани маълумоти мақоми санҷишӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Моддаи 41. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ
1. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ барои босамар будани мубодилаи маълумот байни махзанҳои маълумот ва низомҳои идоракунии мақомоти санҷишӣ ташкил карда мешавад.
2. Мақсади босамар будани мубодилаи иттилоот байни махзанҳои  маълумот ва низоми идоракунии мақомоти санҷишӣ аз ҳамоҳангсозии банақшагирии гузаронидани санҷишҳо, пешгирии такроршавии санҷишҳо, пешгирии вайронкунии муҳлати санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва истифодаи маълумот барои арзёбии таваккалҳо барои ҳар бахш иборат аст.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягонаи гузаронидани санҷишҳоро тасдиқ менамояд.
4. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ бояд дорои иттилооти аз мақоми санҷишӣ воридшаванда, маълумоти марбут ба муайян намудани дараҷаи таваккалнокӣ ва маълумот оид ба санҷишҳои ба нақшагирифташуда ва санҷишҳои гузаронидашуда бошад.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 42. Ҷуброни зарари ба субъектҳои хоҷагидор расонидашуда
Зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор дар натиҷаи қарорҳои ғайриқонунӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ расонида шудааст, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 43. Ҳалли баҳсҳо ва ҳуқуқи шикоят
1. Ҳифзи ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш тавассути овардани шикоят ба суд, мақомоти прокуратура ва ба тариқи маъмурӣ амалӣ карда мешавад.
2. Нисбати амалҳо ва қарорҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардан мумкин аст.
3. Шикоятҳое, ки ба мақомоти санҷишӣ оварда мешаванд, дар муддати на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи ворид шудани шикоят мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва дар ин муҳлат вобаста ба онҳо қарорҳо қабул карда мешаванд. Дар ҳолати дар ин муддат ба шикоят ҷавоби хаттӣ нагирифтан, далелҳое, ки дар шикоят оварда шудаанд, қабулшуда ҳисобида мешаванд. Давоми муҳлати дар ҳамин қисм муқарраргардида аз рӯзи якуми кории пас аз ба қайд гирифтани шикояти хаттӣ дар мақоми санҷишӣ дахлдор оғоз мегардад.
4. Шикоят аз рӯи қарори мақомоти санҷишӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ба истиснои қарор дар бораи татбиқи ҷазои маъмурӣ дар шакли огоҳӣ, иҷрои қарорро  бозмедорад. Иҷрои қарори мақоми санҷишӣ то лаҳзаи қабул гардидани қарори дахлдор доир ба моҳияти шикоят боздошта мешавад.
5. Мақомоти санҷишӣ уҳдадоранд ҳар сол оид ба далелҳои баррасии арзу шикоятҳои субъектҳои хоҷагидор, чораҳои андешидашуда ва натиҷаҳо ҳисобот омода намуда, то 1 феврали пас аз соли ҳисоботӣ  ба баррасии Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намоянд.
6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷишӣ фаъолияти субъектҳои хоҷагидор вазифадор аст, ки барои ба воситаи хатти алоқаи телефонии фаврӣ воридшавии шикоят нисбати мақомоти санҷишӣ дастрас, инчунин ошкоро ва дастрас будани маълумотро дар бораи расмиёти шикоят овардан ва чораҳои аз рӯи онҳо андешидашуда, инчунин тавассути ҷойгир намудани ин маълумот дар сомонаи расмии мақомоти санҷишӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма мусоидат намояд.
7. Мақомоти санҷишӣ иҷрои уҳдадориҳои хизматиро аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти санҷиши дахлдор назорат карда, ҳолатҳои иҷрои номуносиби уҳдадориҳои хизматиро аз ҷониби  шахсони мансабдор ба ҳисоб мегиранд, санҷиши дахлдори хизматӣ мегузаронанд ва нисбати чунин шахсони мансабдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешанд.
8. Мақомоти санҷишӣ оид ба чораҳое, ки нисбати шахсони дар риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор андешида шудаанд, дар муддати 10 рӯз аз санаи андешидани чунин чораҳо вазифадоранд ба субъекти хоҷагидор, ки ҳуқуқ ва (ё) манфиатҳои қонуниашон риоя нашудааст, ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
 Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 45. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 7, мод. 342; с. 2008, № 3, мод. 196; с. 2013, № 7, мод. 528) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 46. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои муқаррароти  пешбининамудаи қисми 6 моддаи 19, ки аз 1 июли соли 2018 эътибор пайдо мекунад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015, № 1269

 

ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид  ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 4 ноябри соли 2015,  № 210


ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷонибдорӣ  карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 декабри соли 2015,  № 156
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2015    №: 258-259    Мутолиа карданд: 889

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед