logo

фарҳанг

КОМПОЗИТОР ШАРОФИДДИН САЙФИДДИНОВ ДАРГУЗАШТ

25 декабри соли ҷорӣ дар синни 86 - солагӣ қалби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  Шарофиддин Сайфиддинов аз тапидан боз монд.

Ш. Сайфиддинов фаъолияти худро дар санъати мусиқӣ ҳамчун скрипканавоз оғоз намуда, пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе дар Консерваторияи Москва ба номи П. И. Чайковский ва Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М. Ашрафӣ таҳсил кардааст. Ҳанӯз дар давраи донишҷӯияш квартети торӣ ва асари калонҳаҷми вокалӣ – симфонӣ  кантатаи «Шукуфон бош,  Тоҷикистон» - ро иншо намуда буд.
Ӯ аввалин композитори тоҷик аст, ки ба жанри мураккаби мусиқӣ – саҳнавӣ опера даст задааст. Нахустин операи тоҷикро Ш. Сайфиддинов дар асоси асари Раҳим Ҷалил «Пӯлод ва Гулрӯ» соли 1951 офарида буд. Мусиқишиноси шинохтаи шӯравӣ Е. Андреева ба опера баҳои баланд дода, дар маҷаллаи «Советская музыка» чунин нигоштааст: «Опера аз ҳаводиси пуршиддати драмавӣ ва мазмуни таъсирбахшу дилчаспи мусиқӣ саршор аст. Мусиқии опера аз нигоҳи тарҳу хусусият хеле халқӣ мебошад».  Сипас, композитор операҳои «Рӯдакӣ» (соли 1975) ва «Айнӣ» - ро (соли 1978) меофарад, ки ҳар кадоме дар таърихи санъати мусиқии тоҷик мақоми хоса доранд. Достони симфонии «Қишлоқи тиллоӣ» - и Ш. Сайфиддинов (с. 1962) аз нигоҳи забони оҳанг ва тобишҳои оркестрӣ барҷаста ва дар санъати мусиқии тоҷик асари нодир ҳисобида мешавад. Фаъолияти Ш. Сайфиддинов дар эҷоди суруд ва романсҳо хеле самарабахш арзёбӣ шудааст. Дар байни сурудҳои композитор «Республикаи ман» шуҳрати хоса касб намудааст. Устод Мирзо Турсунзода дар замони хеш ба ин суруд баҳои баланд дода, чунин гуфта буд: « Дар байни тамоми сурудҳое, ки ҷумҳурии мо ва пойтахти он шаҳри Душанберо васф менамоянд, аз суруди «Республикаи ман», ки ба Шарофиддин Сайфиддинов шуҳрату маъруфият овардааст, беҳтару ҷаззобтар ва зеботар нест». Маҳз барои эҷоди ҳамин суруд Ш. Сайфиддинов барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1970) гардид.
Асарҳои солҳои охир офаридаи композитор равияи ватандӯстии ашъорашро идома доданд. Инҳо кантата барои сароянда, хор ва оркестр «Сомониёнем» (шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ), «Ба Тоҷикистон», «Бо роҳи ишқ» ва «Қасидаи Ватан» барои сароянда оркестри симфонӣ (шеъри Озарахш) мебошанд.
Ш. Сайфиддинов барои намоишҳои театрӣ ва кинофилмҳо мусиқии зиёд офаридааст. Мусиқии дилчаспи ба филми «Зумрат» офаридаи композитор ба комёбии ин асар мусоидат намуд. Пйесаҳо барои фортепиано офаридаи Ш. Сайфиддинов ба барномаи таълимии муассисаҳои таълимии мусиқии ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд.
Ҳамчун профессори кафедраи инструментовка ва хониши партитураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи М. Турсунзода  Шарофиддин Сайфиддинов дар тарбияи кадрҳои соҳа саҳми босазо гузоштааст.
Ёди неки ӯ дар дили дӯстон ва ҳаводорони ҳунараш ҳамеша боқӣ монда, оҳангҳои эҷодкардааш дар фазои Ватани азизаш танинандоз хоҳанд буд.            

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2015    №: 258-259    Мутолиа карданд: 1788

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед