logo

порлумон

Ш. ЗУҲУРОВ: ТАШАББУСКОРИ ЛОИҲАИ CASA - 1000 ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН АСТ

24 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ як шартнома ва шаш созишнома баррасӣ ва тасдиқ гардид

Шартнома маҳдудиятҳоро бартараф месозад
Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо, зимни баррасии Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод гуфт, ки ҳуҷҷати мазкур дар асоси созишномаҳои Созмони ҷаҳонии савдо таҳия гардида, аз 18 октябри соли 2011 аз тарафи сарони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба имзо расонда шуд. То ба имрӯз Шартномаи минтақаи савдои озод аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Беларус, Украина, Федератсияи Русия, Арманистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Молдова ва Қирғизистон ба тасвиб расидааст. Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи мазкурро дар шакли протокол ба тасвиб расонда, мутобиқи он то 31 декабри соли 2020 масъулияти иҷрои бисёре аз муқаррароти шартномаро бар дӯши худ нагирифтааст.
Ҳадафҳои аслии шартнома фароҳам овардани шароити мусоид барои интиқоли озодонаи молҳо, поён бурдани тарифҳои боҷҳои воридотӣ - содиротӣ, бартараф сохтани маҳдудиятҳои тарифӣ дар савдои мутақобилаи байни давлатҳои аъзо, таъмини дастрасии озоди молҳои истеҳсолкунандагони миллӣ дар бозорҳои ИДМ ба ҳисоб меравад.
Вазир зикр кард, ки ҳиссаи кишварҳои иштирокчии ИДМ дар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ҳамасола ҳудуди 45 дарсадро ташкил медиҳад, ки, мутаассифона, имрӯзҳо коҳиши пайвастаи он ба мушоҳида мерасад. Дар 11 моҳи соли равон ҳаҷми умумии савдои Тоҷикистон бо ин кишварҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,6 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, бо Федератсияи Русия ва Қазоқистон, ки шарикони асосии савдои хориҷии мо маҳсуб меёбанд, мутаносибан 7,8 дарсад ва 18 дарсад кам шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Шартнома оид ба  минтақаи савдои озод барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, рафъи монеаҳо, содагардонии  зина ба зинаи савдои байниҳамдигарӣ заминаи ҳуқуқии саривақтиро эҷод мекунад. Инчунин, 110 созишномаи савдои озоди дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар бораи кишварҳои иштирокчии ИДМ иваз мекунад, ки аксаран хилофи ҳамдигаранд ва ба оқибатҳои маҳдудкунии савдо оварда расондаанд.
Шартномаи мазкур мувофиқи қоидаҳои Созмони ҷаҳонии савдо, татбиқи муваққатии истифодаи маҳдудиятҳоро бо мақсади бартараф сохтани таҳдидҳои коҳиши захираҳои асъорӣ ва тавозуни пардохтӣ, аз ҷумла истифодаи маҳдудиятҳои пардохтӣ ва интиқолӣ, ки дар ҳолатҳои савдои молу маҳсулот ба мамолики хориҷӣ дучор меоянд, пешбинӣ мекунад. Дар замимаҳои шартнома ҳама номгӯи молҳои истисноӣ аз низоми савдои озод нишон дода шудаанд, ки дар муқаррароти онҳо дар бораи татбиқ нагаштани боҷи гумрукӣ ва баланд набардоштани нархҳои содиротӣ таъкид гаштаанд.

Арзиши лоиҳа беш аз як миллиард доллар аст
Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молия, зимни баррасии Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Интиқол ва тиҷорати неруи барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ» (CASA - 1000) гуфт, ки солҳои охир барои рушди энергетика тадбирҳои муассир, аз ҷумла навсозию барқарорсозии  иқтидорҳои истеҳсолӣ ва шабакаҳои интиқоли неруи барқ, амалӣ мегарданд.
Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар соли 2014 агрегати дуюми НБО - и «Сангтӯда - 2» ва агрегати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» бо иқтидори 220 мегават ба кор дароварда шуд. Сохтмони агрегати дуюми он оғоз гардида, соли 2017 бо иқтидори 400 мегават ба истифода дода мешавад. Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати кишвар корҳои лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии Нуробод - 1, Нуробод - 2, Айнӣ, Фондарё, Санобод ва Себзод идома дошта, сохтмони хатҳои интиқоли неруи барқ ва бунёду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии онҳо ба нақша гирифта шудааст. Таҷдиду барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак идома дошта, чунин корҳо дар НБО - ҳои Қайроққум ва Сарбанд низ шурӯъ мегарданд. Ҳамаи ин омилҳо ба рушди соҳаи энергетика ва истеҳсоли иловагии неруи барқ мусоидат менамоянд. Новобаста аз ин, айни замон дар ҷумҳурӣ имконияти истеҳсоли барзиёди неруи барқ дар тобистон дида мешавад. Дар ҳоле ки дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон, дар ҳамин фасл аз норасоии барқ танқисӣ мекашанд. Аз ин лиҳоз, бо ташаббуси ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон ва раёсати Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи минтақавии  (CASA-1000) таҳия ва ҷонибдорӣ гардид. Мақсади лоиҳа интиқоли барқи изофаи тобистонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон мебошад.
Ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, дар назар аст, ки ҳар ду кишвар дар моҳҳои апрел - октябр 5 миллиард квт/с, аз ҷумла Тоҷикистон 3 миллиард квт/с ва Қирғизистон 2 миллиард квт/с, неруи барқ интиқол диҳанд. Тибқи маълумоти пешакӣ даромад аз ҳисоби фурӯши неруи барқ дар ҳафт моҳ аз 140 то 150 миллион долларро ташкил хоҳад дод. Зикр гардид, ки арзиши умумии лоиҳа 1 миллиарду 86 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ҳиссаи хароҷоти Қирғизистон 209 млн $, Тоҷикистон 314 млн $, Афғонистон 354 млн $ ва Покистон 209 миллион доллар аст.
Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷ-лиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, таъкид бар он дошт, ки ташаббускори CASA - 1000 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ҷаласа созишномаҳои қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки исломии рушд ба тасвиб расиданд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2015    №: 258-259    Мутолиа карданд: 5634

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед