logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҚОЗОИ ТАЪРИХ АСТ

Мо, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо камоли майл ва самимияти беандоза иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат оид ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат” - ро ҷонибдорӣ намудем.

Агар аз рӯйи ҳақиқат ва мунсифона ба хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳогузорӣ кунем, маълум аст, ки аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат таъйин гаштанаш мақоми Пешвои миллатро дар миёни мардум касб карда буд. Пешвои миллат будани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон худ воқеияти таърихӣ ва талаботи замони муосир аст. Зеро сарсупурдагиву фидокории ин абармарди арсаи сиёсат барои халқу Ватан, истиқрори сулҳу ваҳдат дар таърих собиқа надорад.
Барқарор сохтани рукнҳои давлатдории миллӣ ва сохторҳои фалаҷгаштаи давлатӣ хиради воло ва ҷасорати бемислро мехост. Сарвари давлат дар кӯтоҳтарин вақту замон ниҳодҳои фалаҷгаштаи давлатиро аз нав эҳё намуда, сохти конститутсиониро барқарор сохт. Натиҷаи ҳамин хидматҳои беназир аст, ки имрӯз мардуми тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдати комил зиндагии оромона доранд.
Дар ин радиф мо - сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳамеша даст ба дуо дорем, ки давлати тоҷикон пояндаву устувор бошад. Маҳз ба шарофати сиёсати дурандешона ва хиради волои ин фарди кабир роҳ ба сӯи вилояти мо барои ҳамеша боз гашт ва он аз бунбасти коммуникатсионӣ баромад. Ҳатто давлати соҳибқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ бо тамоми захираю имкониятҳояш натавонист ин мушкилотро аз миён бардорад. Имрӯз шабу рӯз равуои мошинҳо дар ин роҳ ҷараён дорад. Дастрасии  васеъ пайдо  намудани мардуми  вилоят ба тамошои барномаҳои телевизионӣ, ки дар замони  шӯравӣ ғайриимкон маънидод мешуд,  низ меваи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва файзи сиёсати бунёдгарои Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ҳарчанд дар  солҳои душвори навадуми асри гузашта вазъ дар дигар минтақаҳои  кишвар  нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, ҳанӯз дар Бадахшон авзоъ хеле ҳассос буд ва дар чунин шароит касе ҷуръат намекард, ки ба вилоят сафар кунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди хавфу хатари ҷиддӣ ба сафари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом намуд. Бисёре аз силоҳбадастон назди  матонати Эмомалӣ Раҳмон - ин  сарсупурдаи миллат силоҳашонро  ба  замин  гузоштанд. Дарёфтанд, ки  ӯ  барои  манфиати  шахсиаш не, балки  барои  миллати  худ, кишвари  азизаш - Тоҷикистон  ҷоннисорӣ  дорад.
Сарвари давлат дар сафарҳои қаблии худ ба ин гӯшаи диёр гуфта буданд, ки «Бадахшон дарвозаи тиллоии Тоҷикистон хоҳад шуд». Дарвоқеъ, ҳоло  Бадахшон ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистон мубаддал гашта истодааст, ки дар ин амр нақши Эмомалӣ Раҳмон мондагору таърихист.
Ҳамаи он дигаргуниҳои азимеро, ки ба шарофати сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои миллат дар Бадахшон ба вуқӯъ омаданд,  ҳама бевосита бо чашми сар мушоҳида мекунанд. Агар ин ва дигар хизматҳои Президенти мамлакатро дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Бадахшон сарфи назар  намоем, фақат таваҷҷуҳ, лутфу марҳамат, дастгириву меҳрубониҳои падаронаи Сарвари  мамлакат  дар  рӯзҳои  душвортарин барои  ин  мардум- офатҳои табиӣ  басандаанд, ки  ӯро бо майли том ва самимона Пешвои  ҳақиқии худ  пазирем. Зеро, ба пиндори мо, Пешвои миллӣ як омили боз ҳам мустаҳкам намудани ваҳдат, сулҳу оромӣ ва истиқлолият аст. Ин як рамзи иттиҳод, ягонагии Тоҷикистон буда, халқро муттаҳид ва ҷомеаро ба сӯи рушду тараққиёт раҳнамун месозад.
Мо, сокинони  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон, ин рӯйдоди муҳими таърихӣ - расман эътироф гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Пешвои миллат бо эҳсоси баланди ватандорӣ пазируфта, ифтихор аз он дорем, ки таҳти сарварии чунин шахсияти нотакрор барои таъмини шукуфоии Ватани азиз - Тоҷикистони соҳибистиқлол талош меварзем.

Бо арзи эҳтиром ва самимият,
сокинони Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2015    №: 260    Мутолиа карданд: 498

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед