logo

ҳукумат

ИТТИЛОИЯ

28 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар оғози маҷлис тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016” қабул шуд.

Сипас, раиси ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” гузориш дод. Зикр гардид, ки дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ 5,5 км роҳҳои мошингарди маркази ноҳия навсозӣ ва кӯчаҳои шаҳраки Қумсангир чароғон карда шуданд. Соли 2016 2 ҳазор гектар замини нави кишоварзӣ шодоб мегардад. Соли 2015 дар ноҳия беш аз 73 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуда, дар 2300 гектар замин пиёзи барвақтӣ кишт кардаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳои муассир амалӣ карда шаванд.
Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016 - 2020 тасдиқ шуд. Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2018 - 2019 маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашт.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
 Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳои дигар доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси гумрук, Кодекси андоз, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба қонунҳо “Дар бораи маориф”, “Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ”, “Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ”, “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи алоқаи барқӣ” ва “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма” пас аз маъқул донистан пешниҳод гардид.
Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи молияи давлатӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи амният” низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гашт.
Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2025, Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи рушди роҳнамоии касбӣ барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи аз худ намудани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва сохтмони неругоҳҳои хурди обӣ барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016 - 2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ишкошим барои солҳои 2016 - 2020 ва Нақшаи генералии шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон тасдиқ карда шуданд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиронро ба масоили вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2015 ва дақиқсозии нақшаҳо барои соли 2016 ва ҳам ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ҳангоми истиқбол аз Соли Нави мелодӣ ҷалб намуда, дар назди масъулон вазифаҳои мушаххас гузошт.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2015    №: 260    Мутолиа карданд: 12282

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед