logo

фарҳанг

АНЪАНАҲОИ МИЛЛИИ СОЛИНАВӢ

Ҳар як кишвар ва ҳар як миллат дар таҷлили Соли нав анъанаҳои худро доранд. Дар Олмон зебо оростани арча аз асрҳои миёна оғоз ёфтааст. Немисҳо чунин меҳисобанд, ки Бобои барфӣ харсавор меояд. Аз ин рӯ, кӯдакон ба кафшҳои худ як каф ҷав мерезанд, то ки харро зиёфат намоянд.

Дар Ветнам боварӣ ба омадани Соли нав боз аҷоибтар аст. Ба ривояти онҳо Соли нав ба Ветнам аз баҳр, савори моҳии карп, шино карда меояд. Имрӯз низ ветнамиҳо аз мағозаҳо карпи зиндаро харида, баъд онро ба ҳавз ва ё дарё сар медиҳанд.
Дар Англия бо руқъа (откритка) табрик намудан пайдо шуда буд, ки ин анъана ҳоло дар тамоми дунё роиҷ аст. Дар ин ҷо низ кӯдакон барои хари Бобои барфӣ ҷав омода месозанд. Инчунин, соати 24 дари қафои хонаро мекушоянд, то ки соли куҳна баромада равад ва баъд дари пешро мекушоянд, ки Соли нав ворид гардад.
Шведсия бошад, нахустин маротиба дар асри 19 ба арча бастани бозичаҳои шишагинро кашф намуд. Дар ин кишвар дар шаби Соли нав дар кӯчаву хонаҳо чароғҳо то рӯз фурӯзон мемонанд.
Фаронсавиҳо бошанд, пирог пухта дар дохили он як ғилофаки лӯбиёдона мегузоранд. Лӯбиё насиби касе, ки шавад, вай шоҳи шабнишинӣ эълон мегардад ва ҳама ба фармонҳои ӯ гӯш медиҳанд.
Дар ИМА, дар соли 1895 дар наздикии Қасри сафед, ба арчаи солинавӣ нахустин маротиба шилшилаҳои барқӣ овехтанд, ки ба атроф рӯшанӣ меафканд ва дар равшании он одамон барои худ «вазифаҳои солинавӣ» менавиштанд ва мекӯшиданд, ки онҳоро дар тӯли сол иҷро намоянд. Финҳо бошанд, дар шаби Соли нав дастархони бошукӯҳи идона меороянд ва шамъҳои фурӯзонро ба оби хунук партофта бо аломатҳои он барои худ фол мебинанд. Ҷопонҳо Соли навро бо сарулибоси нав пешвоз мегиранд. Анъанаи аҷиби онҳо дар арафаи ид харидани хаскашак аст, то ки «барои худ бештар бахт ҷамъ намоянд».
Дар Панама одамон бо доду фарёд ва сарусадо Соли навро пешвоз мегиранд, дар Эрон аз камон тир мепарронанд. Дар Куба соати 24 аз тирезаҳои хона ба роҳу кӯчаҳо об мепошанд, то ки роҳи Соли нав тозаву беғубор ва чун об сафед бошад. Итолиёвиҳо бо шӯру мағал ва ҳангомаҳо аз тирезаҳои хона ба кӯча асбобу анҷомҳои куҳнаро мепартоянд, то ки ҷойи онҳоро чизҳои нав гиранд. Дар Непал бошад, бо тулӯи офтоб амволи куҳнаро месӯзонанд.
Булғорҳо дар 3 дақиқаи аввали Соли нав тамоми чароғҳоро хомӯш намуда, дар торикӣ ҳамдигарро мебӯсанд.
Дар Шотландия ҷашни Соли навро "Хогмани" меноманд. Дар кӯчаҳо суруд мехонанд, ки матнашро Роберт Бренс навиштааст. Аз рӯи одат дар шаби солинавӣ бӯчкаи қатронро оташ зада дар кӯчаҳо чарх мезананд ва ба ин минвол бо соли куҳна падруд гуфта, Соли навро фаро мехонанд. Дар Колумбия қаҳрамони асосии карнавали солинавӣ Соли куҳан аст. Вай дар болои пойҳои дарози чӯбин дар байни тӯдаи мардум гаштугузор намуда, ба бачаҳо афсонаҳои хандаовар мегӯяд. Папа Паскуале - Бобои барфии колумбист.
Дар Бирма Соли нав дар мобайни 12 - 17 апрел фаро мерасад. Рӯзи аниқи онро Вазорати фарҳанг бо фармони махсус муқаррар менамояд ва ҷашни солинавӣ 3 рӯз идома меёбад.
Дар минтақаҳои гуногуни Ҳиндустон Соли навро дар фаслҳои мухталиф пешвоз мегиранд.
Дар Лабрадор аз ҳосили фасли тобистон шалғам нигоҳ медоранд ва ба дохили он шамъ гузошта, чун туҳфа ба бачаҳо медиҳанд.
Дар Ҳолланд Бобои барфӣ савори киштӣ меояд. Бачаҳо бо сарусадои зиёд ба истиқболаш мебароянд. Вай ба онҳо ҳалвои мевагӣ, бозичаҳо, гулқандҳои рангоранг тақдим месозад.
Наврӯз - Соли нави тоҷикон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон 21 март фаро мерасад. Дар ин рӯз мардум бо фотиҳаи пирон ба замин дона мепартоянд.
 Дар Чин анъанаи солинавӣ оббозӣ дорондани буддо аст. Дар ин рӯз ҳамаи ҳайкалу ҳайкалчаҳои буддоро бо оби тозаи дарёчаҳои кӯҳӣ тоза мекунанд. Одамон бошанд, вақте ки касе онҳоро табрик менамояд, дар ҳамон вақт аз сарашон об мерезанд. Аз ин рӯ, дар ин рӯз дар кӯчаҳо мардум бо либоси таршуда мегарданд.
Дар Юнон меҳмонон бо худ санги калон оварда, онро дар назди остона партофта мегӯянд: «Бигузор боигарии соҳибхона ба мисли ҳамин санг вазнин бошад».

Қурбон МАДАЛИЕВ, Ҷумҳурият»
Тарҷума аз русӣ.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.2016    №: 1    Мутолиа карданд: 525

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед