фарҳанг
2016 - СОЛИ ҲАМДУНА
Дар Шарқи Қадим кадом вақте донишмандон мӯлҷар фикр карда баромадаанд, ки ҳар соли 12 сол аз рӯи хусусият ба як ҳайвон номгузорӣ мешавад. Ҳар як ҳайвон дорои хислат, талабот ва рафтори ба худ хос буда, одамони дар ин ё он мӯлҷар таваллудёфта низ сифатҳои махсус доранд, ки гӯиё аз ин ҳайвонҳо гузаштаанд. 2016 солест, ки зери ҳукмронии Бӯзинаи оташранг мегузарад. Дар бобати ин сол чӣ метавон гуфт?
Нахустин далели шавқангез: сол на аз 1 январ, чи тавре ки мо меҳисобем, балки аз моҳи феврал оғоз меёбад, аниқаш аз 8 - ум. Аммо боз чунин меҳисобанд, ки барои соли Бӯзина моҳи июл хос аст, зеро чиллаи тобистон асту бурҷи Асад ва ин моҳи Шери малламӯй мебошад ва оташрангии Бӯзина низ аз ҳамин ҷост ва дар моҳи июл Оташ кашф шудааст. Бинобар он, аз рӯи баъзе хислатҳо Бӯзинаву Шер ба ҳам монанданд.
Онҳое, ки дар соли Бӯзина ба дунё омаданд, чиро интизор шуда метавонанд? Сол барои онҳо комёбиҳо меорад: барои шуҳратёр ва муътабар шудан ҳамаи имкониятҳо мавҷуданд. Аммо ин танҳо барои онҳоест, ки дар айни миёнсолианд. Муваффақият аслан ба одамони ташаббускор, кашшоф, соҳибистеъдод ва эҷодкор даст медиҳад. Дар ҳар куҷое, ки ақл ва истеъдоди шахс харидор дорад, он ҷо пеш меравад. Онҳое, ки мӯлҷарашон Бӯзина аст, ба вазифаи роҳбарӣ пешниҳод мегарданд, зеро Бӯзина баҳри ба мақсад расидан устувору масъулиятнок аст ва дар нимароҳ боз намеистад. Вале аз корҳои ношоям бояд даст кашид, зеро бадӣ комёбиро мегурезонад. Ҳар гуна хоҳишу орзуро идора кардан даркор ва таҳаммулпазир бояд буд.
Медонем, ки Бӯзина ҳайвони ҳассос аст. Одӣ нест, басо зираку маккор ҳам ҳаст. Барои ба даст овардани мақсад аз ягон монеа наметарсад ва ҳамаи воситаҳоро барои соҳиб шудан ба орзуяш истифода мебарад. Дар рафтор низ калаванда аст: гоҳ мегиряд, баъди лаҳзае ҳанӯз ашкҳояш хушк нагашта механдад, яъне аз як канор ба канори дигар меғелад. Аз ин рӯ, шахси дар ин мӯлҷар ба дунё омада, эҳсосотист, дар муносибат дилкушо, хушсуҳбат ва ҳамчунин ботадбир буда, кори худро бо мақсади дигарон мувофиқ карда метавонад. Ақли гиро дошта дар як вақт ба чанд амал даст зада ва барои пешрафти кори худ дигаронро ҷалб сохта метавонад. Онҳое, ки дар мӯлҷари Бӯзина ба дунё омадаанд, дар оиладорӣ бисёр устуворанд, барои онҳо оилаи неруманду хотирҷамъӣ бисёр муҳим аст.
Соли 2016 ба зиндагии мо чӣ дигаргуниҳо меорад? Бӯзина, ки ҳайвони дорои хислати ноустувор аст, сол низ чунин мешавад. Баъзе соҳаҳои ҳаётамон устувор, баъзеи дигар заиф мешаванд. Вале касе, ки заҳмат мекашад ва ҳаёти солим мебарад, албатта, муваффақ мешавад.
Шуҳратмандоне, ки дар ин мӯлҷар чашм ба дунё кушодаанд: Александр Гертсен, Иван Кожедуб, Александра Колонтай, Егор Лигачёв, Борис Полевой, Константин Рокоссовский, Николай Добролюбов, Антон Деникин, Нестор Махно, Григорий Распутин, Ҷорҷ Байрон, Жаклин Биссет, Юлий Сезар, Жак Ширак, Искандари Македонӣ, Дэвид Копперфилд, Спиноза, Тимоти Далтон, Ҷозеф Чемберлен, Чарлз Диккенс, Ян Флеминг, Том Хэнкс, Гарри Гудини, Декарт, Мик Ҷаггер, Линдон Ҷонсон, Дайана Росс, Омар Шариф, Леонардо да Винчи, Род Стюарт, Ҷордано Бруно, Элизабет Тэйлор, Гарри Трумэн.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 1.01.2016 №: 1 Мутолиа карданд: 856