logo

фарҳанг

Убайдулло Раҷабов: СОДА БОШЕД, СОФ БОШЕД!

Шаби Соли нав дар хонаи як нависанда дӯстонаш меҳмон мешаванд. Миёни онҳо муҳаррири як рӯзномаи бонуфуз, академики шинохта, равоншинос, сиёсатмадор, муҳандиси варзида ва устодони донишгоҳ буданд. Онҳо пас аз табрикоти ҳамдигар ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз қабили гармшавии иқлим, пешравии илму техника, тағйирот дар коинот ва воқеаҳои рӯзҳои охир мегузаранд. Набераи нависанда, ки суҳбати онҳоро бодиққат гӯш мекард, як варақро оварда ба онҳо нишон дода мегӯяд: «Канӣ гӯед, ман дар ин ҷо расми чиро кашидаам?»

Академик расмро ба даст гирифта мегӯяд: «Ин расми замин аст, ки кӯдак онро аз нигоҳи хеш тасвир намудааст». «Не, - мегӯяд сиёсатмадор, - ақли кӯдак ба ин гуна чизҳо намерасад, ин расми гулӯла аст, ки бо он тайёраҳоро зада меафтонанд». «О, ба кашидани расми замин ақли кӯдак нарасад, ба ин аз куҷо мерасад, - ба сухан ҳамроҳ мешавад равоншинос. – Ин чоҳи обкашист». «Шояд диаметри қубури газ ҳам бошад», - ба баҳс ҳамроҳ мешавад муҳандис.
«Ба ақли кӯдак ин гуна фикрҳо намерасад, - сухани онҳоро бурид устоди донишгоҳ, - ин расми тарбуз аст». «Расми тарбуз ҳам нест, - эътироз баён кард рӯзноманигор, - ҳаҷми тарбуз калонтар мешавад, ин помидор аст».
Нависанда лабу лунҷи кашоли набераашро дида, ӯро бо навозиш ба наздаш хонда, аз худаш пурсид, ки расми чиро кашидааст. «Ин расми давраи одӣ аст», - ҷавоб медиҳад набера.
Андешаҳои бузург аз қалби сода, беолоиш ва беғаш сар мезананд. Хонаатон гарм, давраатон обод ва дӯстонатон ҳамеша сарҷамъ бошанд!

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.2016    №: 1    Мутолиа карданд: 520

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед