logo

сиёсат

САРВАЗИР БА ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТӢ БАҲОИ БАЛАНД ДОД

25 декабр таҳти раёсати Сарвазири мамлакат - раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода Ҷаласаи Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия баргузор гардид. Дар он аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, намояндагони Шӯрои куҳансолон, аҳзоби сиёсӣ, иттифоқҳои ҷамъиятӣ ва масъулони Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон оид ба мубориза бо коррупсия, намояндаи Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок доштанд.
Қоҳир Расулзода, Сарвазири мамлакат, изҳор дошт, ки коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки то ҳол ягон кишвари олам барои пурра аз байн бурдани он муваффақ нашудааст. Бо дар назар гирифтани муҳимияти муқовимат бо ин омили хатарнок, ки боиси болоравии сатҳи камбизоатӣ ва садди пешравии иқтисодиёти давлатҳо мегардад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста тадбирҳои муассиру саривақтӣ меандешанд. Ба гуфтаи Сарвазири мамлакат, қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқгардонии санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳа ба талаботи низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, имзои фармону қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар кишвар, такмили сохтори ин ниҳод, таъсиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар соли 2010 ва андешидани дигар тадбирҳои муассир нишонаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб мебошад.
 Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Рустами Эмомалӣ зимни баррасии натиҷаҳои мониторинги иҷрои Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020, ки дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо гузаронда шудааст, изҳор дошт, ки рафти иҷрои нақшаи кории шӯро ва татбиқи стратегия дар аксар маврид ба талабот ҷавобгӯ нест. Натиҷаҳои мониторинг муайян кард, ки дар баъзе сохторҳо то ҳол нақшаи корӣ барои татбиқи стратегия тартиб дода нашудааст ва дар баъзе ҳолат бандҳои алоҳидаи он сарфи назар гардидааст. Ба таъкиди директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, барои пурра татбиқ кардани Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020 аъзои шӯро бояд нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ҳама зина барои муқовимати муштарак баҳри аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Зикр гардид, ки барои ҳамкории зич бо аҳолӣ аз ҷониби агентӣ телефони боварӣ фаъолият дошта, кормандони ин ниҳод 724 баромад, 51 суҳбати таҳлилӣ омода ва дар ВАО пахш карданд. Дар вазорату идораҳо 1350 мулоқот гузаронда шуд. Ҳамзамон, дар ин самт 240 семинари омӯзишӣ баргузор гашт.
 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мониторинге, ки аз ҷониби ин ниҳод гузаронда шудааст, баҳои баланд дод. Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки агентӣ зимни гузарондани мониторинг дар сохторҳои давлатӣ вазъро бо таҳлилҳои амиқ пешниҳод намуд.
 Дар ҷаласаи Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба натиҷаҳои санҷиши гузарондаи агентӣ ҳисоботи котиби шӯро Файзуллозода Шараф, раиси ноҳияи Варзоб Назирзода Савзаалӣ ва раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Шарбатулло Азизулло шунида шуд. Маълум гардид, дар ин ноҳияҳо дар давраи санҷиш мутаносибан аз 1 то 2, 5 миллион сомонӣ тасарруфи буҷет ошкор шудааст. Раисони ноҳияҳои Варзоб ва Вахш ҷиҳати таҳияи нақшаи корӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта вазифадор гардиданд.
 Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба аъзои шӯро барои татбиқи пурраи Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 - 2020, иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон супоришҳои мушаххас дод. Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия барои соли 2016 тасдиқ шуд.
 

«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.01.2016    №: 1    Мутолиа карданд: 511

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед