logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, Айналишо Айналишоев, муовини сардори   Раёсати адлияи ВМКБ ва Фарҳод Тоҳиров, адвокати Маслиҳатхонаи ҳуқуқии шаҳри Қӯрғонтеппа ҷавоб доданд.
 Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 -16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Ҳуқуқи  бартаридошта ба мерос чист?  Он дар чӣ зоҳир мегардад?
Амонулло Асматуллоев,  сокини шаҳри Хоруғ

- Қонунгузории кишвар тибқи моддаи 1185 Кодекси граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар кардааст, ворисе, ки ҳамроҳи меросгузор ба амволи тақсимнашаванда (масалан, автомобил) ҳуқуқи моликияти умумӣ дорад  ва ҳангоми дар қайди ҳаёт будани меросгузор ҳамеша аз он истифода мебурд, ҳангоми тақсими мерос барои  қабули  он дар шакли  аслӣ аз ҳисоби ҳиссаи меросии худ  ҳуқуқи бартарӣ дорад. Гирифтани  амволи мерос аз ҷониби ягон ворис  бо роҳи афзалиятнок,  ҳатман бо пардохти ҷуброн  ба дигар ворисон ҳамроҳ карда мешавад, ки аз  ҳисоби дигар  амволи меросӣ ва ё маблағҳои шахсии  худи ворис  амалӣ карда  мешавад".

 


- Дар асоси қарори нозироти андоз маро барои истифода набурдани мошинаи хазинавии хотирааш фискалӣ ба андозаи 7 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима кардаанд, ки беасос мебошад. Аз болои қарори санадҳои мақомоти андоз ба куҷо шикоят кардан мумкин аст?
Шуҳрат, соҳибкор аз шаҳри Қӯрғонтеппа

- Дар асоси талаботи моддаи 81 - и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкор ҳамчун андозсупоранда ҳуқуқ дорад, ки аз болои қарори санадҳои мақомоти андоз, амал ё беамалии кормандони онҳо шикоят намояд. Шикояти андозсупоранда метавонад ба мақоми болоии андоз, ваколатдори давлатӣ ва ё суд пешниҳод гардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои хазинавии хотирааш фискалӣ, ки дар асоси Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 2 июни соли 2008 таҳти № 310 тасдиқ гардидааст, амал мекунад. Агар амали шумо дар доираи қоидаи номбурда сурат гирифта бошад, метавонед нисбат ба қарори қабулшуда ба суд аризаи шикоятӣ пешниҳод намоед.

 


- Писари холаамро солҳои донишҷӯ  буданаш ба қайди доимии манзили истиқоматиам гузошта будам. Вай моҳи июли соли 2014 донишгоҳро хатм намуда, ба деҳа баргашт ва айни замон дар он ҷо истиқомати доимӣ дорад. Вале, бо сабабҳои барои ман номаълум, намехоҳад, ки ихтиёран аз қайди хонаи ман барояд. Дар хадамоти шиносномадиҳӣ - бақайдгирӣ муроҷиати маро дар бораи аз қайди хонаам баровардани ӯ, ки зиёда аз як сол боз зиндагӣ намекунад, бинобар шахсан ба он ҷой ҳозир нашудани охирон рад намуданд. Ба куҷо муроҷиат намоям?
С. Азизова, сокини маҳаллаи 32 - и шаҳри Хуҷанд

- Тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз муҳлати пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин кодекс, яъне муддати зиёда аз шаш моҳ дар манзили истиқоматӣ зиндагӣ накардани шаҳрванд, аз ҳуқуқи истифодаи манзил маҳрум кардани шахс бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад.
Шумо метавонед ба суди маҳали зистатон бо аризаи даъвогӣ «Оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ» муроҷиат намуда, танҳо пас аз дастрас намудани ҳалномаи ба қувваи қонунӣ даромадаи суд хешатонро дар хадамоти шиносномадиҳӣ - бақайдгирӣ аз қайди манзил бароред.

Шуъбаи ҳуқуқи
рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.2016    №: 2    Мутолиа карданд: 545

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед