logo

фарҳанг

Сайфиддин НАЗАРЗОДА: “МО ДАР ОМОДАСОЗИИ КАДРҲО МУШКИЛ ДОРЕМ”

Дар шаҳри Санкт - Петербурги Русия Анҷумани байналмилалии фарҳангӣ, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Русия ва ҳукумати Санкт-Петурбург ба муносибати 70 - умин солгарди таъсиси ЮНЕСКО доир гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Анҷуман профессор Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагӣ кард. Баъди бозгашт аз сафар аз Сайфиддин Назарзода дар суҳбат бо А. Раҳим, хабарнигори “Ҷумҳурият” ҳамоишро созанда ва муфид арзёбӣ карда, аз ҷумла гуфт: “Дар радифи чандин масоили мубраму баҳсии фарҳангӣ Анҷумани чорум низ як бахши муҳим дар бораи китобу китобхона дошт, ки бо номи “Китоб ва хониш дар қаламрави ИДМ” дар шакли мизи мудаввар баргузор шуд. Дар доираи ҳамин анҷуман 18 - умин Ҷаласаи умумии аъзои Ассамблеяи АвруОсиёии китобхонаӣ доир гашт.
Маҳфилҳо зери шиори “Аз соли фарҳангӣ ба кишвари китобхон” доир гардиданд, ки хеле рамзист. Хуб мешуд, ки дар ҷумҳурии мо ҳам намунаи ин гуна чорабиниҳо дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дар назар гирифта шавад. Месазад, ки яке аз солҳоро “Соли китобхонаи деҳот” номгузорӣ намоем. Китобхонаҳои деҳот бо китобхонаҳои мактаб бояд ба як маркази маърифатӣ барои ҷавонон табдил ёбанд.

- Дар барномаи Анҷуман аз Ассамблеяи китобхонаи АвруОсиё ёд мешавад. Ин чӣ ниҳод аст?
- “Ассамблеяи китобхонаи АвруОсиё” як ниҳоди ғайритиҷоратии ҳамкор барои ҳамаи китобхонаҳои кишварҳои ИДМ мебошад. Муфидтарин фаъолиятҳои ин ниҳод дастгирии толорҳои хониши маҷозӣ ва дастрасӣ ба диссертатсияҳои илмии Китобхонаи давлатии Русия аст. Ҳамчунин корҳои зиёде дар такмили ихтисос ва табодули таҷриба, такмили қонунгузориҳо вобаста ба корҳои китобдорӣ, татбиқи баъзе тарҳҳои муфид, нашри маҷалла бо номи “Вестник библиотечной Ассамблеи Евразии” - ро низ анҷом дод. Ин маҷалла дар тӯли мавҷудияти худ бештар аз 460 матлаб интишор намудааст, аз ҷумла 11 мақолаи он аз Тоҷикистон, навиштаи мутахассисону пажӯҳишгарони мост.

- Зимнан дар бораи китобхонаҳои электронӣ. Дар ҷойе хонда будам, ки директори генералии китобхонаи давлатии Русия А. Вислий мегуфт, ки ҳамоно китобхонаи электронӣ алтернативаи китобхонаи анъанавӣ шуда наметавонад. Назари Шумо, метавонад китобхонаи электронӣ ҷойи китобхонаи анъанавиро бигирад?
- Ин ҷо чанд нуктаи бебаҳс ҳаст, ки китобхонаи эектронӣ наметавонад дар айни замон бо китобхонаи анъанавӣ рақобат кунад. Аввалан, ҳоло ҳам ба чопи рақамӣ омода кардани ҳамаи он китобҳои илмӣ аз имкон берун аст, он чӣ дар китоб интишор меёбад, на ҳамеша дар чопи рақамӣ мешавад, ҷо кард. Албатта, мо ният дорем, ки вақтҳои наздик як пажӯҳиши фарогир дар мавриди китобҳои дархостмешуда гузаронем, то аниқтар бидонем, ки имрӯз талабот ба кадом китобҳо бештар аст. Вале аз ҳоло метавонам гӯям, ки имрӯз ҳам бештари хонандагони китобхона зиёдтар адабиёти илмӣ талаб мекунанд ва мехонанд, чун аксари аъзои китобхона донишҷӯён, хонандагони макотиби таҳсилоти миёна ва устодону кормандони илманд. Талабот ба адабиёти бадеӣ камтар аз адабиёти илмист.
Ва нуктаи дигар ҳам дар иртибот ба авлавият доштани китобхона ҳаст. Масалан, мақсад танҳо хондани кадом китобе бошад, пас, албатта, онро метавон ба осонӣ аз интернет пайдо кард ва мутолиа намуд. Вале боз ҳам агар ҳадаф он бошад, ки мавзӯи мавриди назар ва нашрҳои гуногуни он аз назар гузаронида шавад, пас хонанда онро танҳо аз китобхона метавонад дарёфт кунад. Зеро дар бойгонии ҳар китобхона китобҳои нодире мавҷуданд, ки онҳо замоне ҳамагӣ як маротиба чоп шудаанд. Ҳамаи онҳоро ҷо кардан ба системаи электронӣ кори чандон осону сода нест.
Ғайр аз ин, Китобхонаи миллӣ соҳиби бойгонии азими дастхатҳои қадима аст ва барои ошноӣ ва баҳрабардорӣ аз онҳо хонанда бояд ҳатман ба китобхона ояд.

  - Тавре дарёфтем, дар баробари дигар масоили муҳим масъалаҳои бозомӯзии кадрҳо ва умуман такмили ихтисос низ баҳс шуд. Магар ин масъала хеле мушкилоте дорад, ки муҷиби баҳси як Анҷумани байналмилалӣ шудааст?
- Бале, он чӣ аз баҳсҳо дарёфтам, қариб ҳамаи кишварҳои узви ИДМ, ҳатто Русия, ба мушкилоти кадрӣ дар соҳаи китобхонаҳо мувоҷеҳанд. Ва ин табиист, чун китобхонаи муосир аз китобхонаҳои чанд соли пеш фарқ мекунад. Як фарқият ворид шудани технологияи нав мебошад, ки рушди системаи коммуникатсионӣ фазои китобхонаҳоро иҳота кардааст. Дигар ин, ки тадриҷан китобхонаҳои электронӣ рушд мекунанд, вале онҳо низ алҳол аз ҳамин китобхонаҳои анъанавӣ идора мешаванд, чун бойгонии аслӣ ин ҷост. “Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020” ба ин мусоидат мекунад.
Масъалаи дигаре, ки муҳим медонем, ин омодагии назариявию амалии мутахассисон аст. Тибқи анъана ва мувофиқ ба нақшаҳои омӯзишӣ ғолибан ба таълими назариявӣ, таърихӣ ва методӣ таваҷҷуҳ мешавад, вале масъалаҳои технологӣ ва амалӣ дуюминдараҷа ҳисобида мешавад. Мутаассифона, ба мутахассисони ҷавон донишҳои назариявӣ намерасанд ва дар иҷрои корҳои амалӣ мушкилӣ мекашанд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки хатмкунандагони муассисаҳои миёнаи китобдорӣ дар қиёс ба хатмкунандагони макотиби олии китобдорӣ бештар ҷанбаҳои технологӣ ва амалиро меомӯзанд, аз ин рӯ мутахассисони маълумоташон миёна аз дигарон малакаи беҳтар доранд. Ва ин то ҳадде обрӯ, худбоварӣ, ташаббуси мутахассиси дорои маълумоти олиро паст мекунад. Яъне, мо ин гуна мушкилро дар омодасозии кадрҳо дорем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.2016    №: 2    Мутолиа карданд: 661

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед