logo

фарҳанг

80 СОЛ ДАР ҲИФЗИ ХАЗИНАИ МАЪНАВИЁТИ МИЛЛАТ

Муассисаи давлатии Агентии миллии  хонаи китоби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», ҳифзу нигоҳдории  осори гузаштаву муосир ва китобатнигории матбуоти миллӣ  нақши бориз дорад. Аз фаъолияти пурсамари муассиса ва мутолиаи ҳар шумораи феҳрасти давлатии «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки тайи солҳои охир қабул ва  ҷобаҷогузории тасвирҳои библиографии давлатӣ, ба барномаи феҳрасти ягонаи электронӣ ворид намудани номгӯйи китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳо, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ дар ин соҳа, таъмини нашриётҳо бо рақамҳои стандарти ҷаҳонии китоб рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Ин нуктаро Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, зимни ифтитоҳи конфронси илмӣ дар мавзӯи «Нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва тарғиби матбуоти миллӣ», ки ба муносибати 80 – солагии таъсисёбии Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти  китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, доир гардид, ироа дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Агентии миллии хонаи китоби Тоҷикистон  дар шароити кунунии фазои иттилоотӣ, рисолати хешро баҳри татбиқи собитқадамонаи сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар соҳаи табъу нашр ва матбуот ба ҷо оварда, барои ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани осори гузаштаву муосир кӯшишҳои шоён ба харҷ дода истодааст.
- Муассиса масъулияти назорати матбуоти мамлакат, маҳсулоти чопӣ, электронӣ, таҳлил ва коркарди библиографии нашрияҳои расмӣ, ғайрирасмӣ, илмию адабӣ ва оммавӣ, инчунин ҷустуҷӯ, дарёфт ва бақайдгирии библиографии  адабиёт роҷеъ ба тарҷума ва нашри осори дар хориҷи кишвар интишорёфтаи олимону адибони тоҷикро ба уҳда дорад, - гуфт  Қурбоналӣ Бӯриев, директори ин ниҳод.  - Он аз соли 1935 фаъолият дошта, беш аз 2, 5 миллион нусхаҳои аввалини китобҳо аз соли 1922 ва рӯзномаҳо аз соли 1924 - ро дар бойгонии худ маҳфуз медорад. Дар давоми 80 соли мавҷудият роҳбарии онро 11 нафар ба дӯш доштанд, ки ҳар якашон дар пешрафти муассиса саҳми назаррас гузоштаанд. 
Дар конфронс, ҳамчунин, Шариф Комилзода, директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, Сироҷиддин Икромӣ, директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб»  перомуни  масоили риояи меъёрҳои байналмилалии корҳои ноширӣ ва зарурати корбурди онҳо дар Хонаи китоби Тоҷикистон, нақши библиографияи тарҷеӣ дар рушди фаъолияти илмӣ, услуби интихоби матолиб дар «Солномаи  матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта  сухан гуфтанд.

Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.2016    №: 2    Мутолиа карданд: 584

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед