logo

ҳуқуқ

НОМГУЗОРӢ. БОЗГАШТ БА АСЛИ ХЕШ

Кӯшиши бозгашт ба асли хеш аз падидаҳои ояндасози замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Ва дар ҳамин доира номгузории анъанавии миллӣ равандест, ки сокинони мамлакат тайи чанд соли охир ба он рӯ ниҳодаанд. Бо вуҷуди он ки дар ин раванд як қатор монеаҳо низ ҳастанд, эҳсос мешавад, ки он солҳои охир тақвият меёбад.
Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин маврид ва дигар масоили вобаста ба шиносномаҳои биометрӣ, маблағу ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иваз кардани ном андешаҳояшро чунин баён намуд:    

- 22 июни соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» қабул гардид. Дар моддаи 31 қонуни мазкур, ки ба он 10 сентябри соли 1991, таҳти № 397 тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, чунин омадааст: «Гражданинҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд, ки мувофиқи анъанаҳои миллии худ ном дошта бошанд. Онҳо метавонанд, ки ном, номи падар ва фамилияи худро мувофиқи имлои забони модарӣ нависанд».
Бо дар назар гирифтани меъёри зикршуда дар вақти бақайдгирии сабти таваллуди кӯдакон тибқи анъанаҳои миллӣ аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар бисёр ҳолат бе ташаккули насаб, ба решаи номи падар илова намудани пасвандҳои «зод», «зода», «ён», «иён», «пур», «духт» ва ба номи шаҳрванд илова намудани бандаки изофии «и» дар сабт ва шаҳодатномаи таваллуд аввал ном, баъдан номи падар дарҷ гардида, ҷои насаб хонапурӣ нашуда, холӣ монд. Яъне, ин шахсон бе насаб шаҳодатномаи таваллуд гирифтанд. Дар аксари шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо шиноснома надоданд. Шаҳрвандон маҷбур шуданд, ки барои дар сабти таваллуд ворид намудани насаб ва гирифтани шаҳодатномаи таваллуди нав ба шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд. Ҳамчунин, ба шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостанд ба хориҷ сафар намоянд ва дар шиносномаҳояшон ҷои насаб холӣ буд, чиптаи ҳавопаймо фурӯхта нашуд. Ин боиси он гашт, ки онҳо барои пурра намудани насаб боз ба шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намуда, сутуни (графаи) насабашонро пурра намоянд. Ин раванд боиси ба номгузории анъанавии миллӣ камтар таваҷҷуҳ зоҳир намудани шаҳрвандон гардид.
Солҳои охир эҳсос мегардад, ки раванди номгузорӣ ба таври анъанавӣ тақвият ёфт. Дар соли сипаришуда 5,5 дарсади кӯдакони навзод ва дар 11 моҳи соли равон 10,7 дарсад ба таври анъанаҳои миллӣ номгузорӣ шуда, бори аввал шаҳодатномаи таваллуд гирифтанд. Агар дар соли 2014 -ум 8 дарсад ному насабашонро мувофиқи анъанаҳои миллӣ иваз намуда бошанд, пас ин адад дар 11 моҳи соли 2015 ба 26 дарсад расид. Онҳое, ки дар ҳуҷҷатҳояшон фақат ном ва номи падар сабт гардидааст, бояд барои пурра намудани насаб ба шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, сутуни насабашонро пурра намоянд. Дар мавриди ворид намудани маълумоти нав ба шиносномаи биометрӣ гуфтанием, ки дар паси он нишони маҳалли зист, инчунин вазъи оилавӣ сабт гардидааст. Дар ҳолати дигар кардани ҷои истиқомат ё оиладор шудан ва ё бекор кардани ақди никоҳ аз тарафи шуъбаҳои шиносномадиҳӣ маълумоти пешина аз шиноснома гирифта шуда, маълумотномаи нав часпонда мешавад. 
Муовини вазир ба саволи он ки дар ҳолати иваз шудани ном он ордену медал ва дигар мукофотҳои давлатӣ чӣ тавр номнавис мегарданд, гуфт, ки дар ин маврид аз тарафи шуъба ва бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шаҳодатномаи ивази насаб, ном ва номи падарӣ дода мешавад.Тибқи қисми 2, моддаи 20 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ҳақ дорад номи худро иваз кунад. Дигар кардани ном барои қатъ ё тағйири ҳуқуқу уҳдадориҳои бо номи қаблӣ бадастовардаи ӯ асос намебошад.
Бо мақсади иваз намудани насаб, ном ва номи падар ариза, тарҷумаи ҳол, маълумотнома аз ҷои истиқомат, нусхаи сабти таваллуд ва шаҳодатномаи аслии таваллуд, нусхаи шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нусхаи билети ҳарбӣ (гувоҳномаи бақайдгирии даъватшавандаи ҳарбӣ), 2 дона сурати 3х4, нусхаи диплом (агар шаҳрванд дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус бошад), нусхаи сабт ва шаҳодатномаи аслии никоҳ (агар шаҳрванд ақди никоҳ дошта бошад), нусхаи сабт ва асли шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ (агар ақди никоҳ бекор карда шуда бошад), нусхаи сабти таваллуд ва аслии шаҳодатномаи таваллуди фарзандони ноболиғ, нусхаи сабти никоҳ ва шиносномаи падару модар ва хатти никоҳи онҳо, агар волидайн ё яке аз онҳо дар қайди ҳаёт набошанд, нусхаи хати вафоти онҳо, шаҳодатномаи фарзандхондӣ нусха ва аслаш, ё муқаррар намудани падарӣ (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шахсе, ки шаҳрванд мехоҳад аз номи ӯ насаб дошта бошад, бобо ё бобокалон, бибӣ ё бибикалон) пешниҳод мешаванд. Дар сурати пайдо гардидани шубҳа оид ба дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида мудири бахш метавонад дигар ҳуҷҷатҳоро талаб намояд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» барои иваз намудани ном ва ё насаб ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ, барои бланки шаҳодатномаи ивази насаб, ном ва номи падар ва шаҳодатномаи таваллуд бошад, 8 сомонӣ ситонда мешавад. Агар дар сурати иваз намудани ном шаҳодатномаи дигар фарзандони ноболиғ иваз карда шаванд, барои ҳар яке аз фарзандон як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва 8 сомонӣ барои ҳар як бланки шаҳодатномаи таваллуд маблағ гирифта мешавад.
Инчунин, тибқи тартиб ва андозаҳои пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2014, таҳти № 430 тасдиқ шудааст, маблағи хизматрасонӣ ситонда мешавад.
 
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.01.2016    №: 2    Мутолиа карданд: 1028

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед