logo

фарҳанг

5000 НОМИ ТОҶИКӢ АРМУҒОНИ КУМИТАИ ИСТИЛОҲОТ ВА ЗАБОН

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо кӯшишу тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳот, Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои дахлдор анъанаи номгузорӣ дар оилаҳои тоҷик аз нав эҳё гашта, чандин фарҳанги номвожаҳо тартиб дода шуданд.  Хушбахтона, номҳои зебову тоҷиконаи Шаҳриёр, Ардашер, Сино, Гурдофарид, Рудоба, Бахтофар, Анӯш, Меҳрофарин, Нӯшервон, Сиёвуш ҷойгузини номҳои таҳрифшуда ва решаву пасванди бегона дошта гаштанд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳанӯз номгузорӣ барои оилаҳои тоҷик масъалаи мубрам боқӣ мемонад. Ҳоло расму оин ва вазъи номгузорӣ каме тағйир ёфтааст. Бо вуҷуди адабиёти бузург ва  фаровонии ному вожаҳои пурмаъно ҳанӯз ҳам номҳои таҳрифшуда ба ҳайрати кас меафзоянд.
Ҳамин ҷиҳати масъаларо ба инобат гирифта, бахшида ба ҷамъбасти Соли оила бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳот китоби «Фарҳанги номҳои миллӣ» ва «Феҳристи номҳои миллӣ», ки замимаи ин китоб аст, ба чоп омода намудааст. Дар ин бора Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот чунин иттилоъ дод: «Китоби «Фарҳанги номҳои миллӣ», ки зиёда аз 5000 номи хушоҳангу пурмазмуни тоҷикиро дар бар гирифта, феҳристи он ба кормандони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, нуқтаҳои шиносномадиҳӣ, таваллудхонаҳо, ҳамзамон барои ба расмиёт даровардани ҳуҷҷатҳо дар ҷамоатҳо, ба хотири дуруст сабт намудани ному насаби шаҳрвандон рӯзҳои наздик дастрас мегардад. Ба китоби «Фарҳанги номҳои миллӣ», ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои кумита бо мақсади арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012 - 2016 таҳия ва пешниҳод мешавад «Феҳристи номҳои миллӣ» низ замима мешавад. Аз ин пас, шаҳрвандон метавонанд аз феҳрист номҳои дурустро интихоб карда, аз китоби «Фарҳанги номҳои миллӣ» шарҳу тафсири онҳоро пайдо намоянд».
Бино ба гуфтаи Саломатшо Матробов, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳот номвожаҳои «Фарҳанги номҳои миллӣ»  бо хатҳои кириллӣ ва англисӣ оварда шудааст, то ҳангоми додани шиносномаҳои хориҷӣ истифода гардад ва иштибоҳҳо дар мавриди ба ҳарфҳои англисӣ навиштани номҳои тоҷикӣ бартараф шаванд.
- Дар кори мураттаб намудани фарҳанг ва феҳристи номҳои миллӣ даҳ нафар пажӯҳишгарони варзидаи забон иштирок доранд. Номҳоро асосан аз  китобҳои муътабари форсӣ «Шоҳнома», «Доробнома» ва  «Гуштоспнома»  баргузидаем. Кормандони соҳа ҳоло дар ҷустуҷӯи номҳои тоҷикии дугоник ҳастанд. Дар шарҳу тафсири номҳои форсии тоҷикӣ, ки маънояшон бо гузашти асрҳо нофаҳмову номаълум шудааст, кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуд. Бо истифода аз фарҳангу маъхазҳои бостонӣ решаву маншаи номҳои ориёӣ барқарор карда шуданд.
Мувофиқи меъёри муқаррарнамудаи ҳайати корӣ ба фарҳанг номҳои таҳрифшуда, тобишҳои маъноии оҷизиву таҳқирдошта ворид карда намешаванд, - афзуд Саломатшо Матробов. 
Дар гузаштаи на чандон дур дар оилаи тоҷик вазифаи гузоштани ном ба дӯши бобову бибии кӯдаки навзод буд. Дар оилаҳое, ки китобдору китобхон ва аз фарҳанги ниёгонамон бархӯрдор буданд, китобҳои бахшида ба марду занҳои солеҳу порсо ё аз ашъори хирадмандони гузашта, аз ҷумла, девони Ҳофиз, «Шоҳнома» - и Фирдавсиро кушода ном интихоб мекарданд ва мазмуну муҳтавои номҳои баргузидаи худро медонистанд. Масъулияти номгузориро ҳаргиз сабук намегирифтанд.
Имрӯзҳо номи қаҳрамон ё ҳунарманди писандидаи худро аз филмҳои хориҷӣ гузоштан, ё худ кӯр - кӯрона номҳои «болохонадор» ва «дабдабанок» - и арабиро барои кӯдак баргузидан муд шудааст. Чунин падару модарон ба ин васила мехоҳанд тифлашон бо номи ҳунармандони хориҷӣ шуҳратёр гарданд ва ё дар зери сояи номҳои арабӣ ба тифлонашон шафоате расад. Ҳол он ки ном ҳаргиз маънои маъруфу шинохта шудани шахсиятро надорад. Баръакс, ин мову шумоем, ки номи худро бо корҳои хайру савоб ба атрофиён муаррифӣ мекунем. Дар мавриди номвожаҳои арабӣ профессор, Баҳриддин Камолиддинов назари худро чунин баён дошт: «Забони арабӣ дар як марҳилаи инкишофи худ забони илм, маърифат, адабиёт ва забони шеър гардид ва ба забони мо калимаҳои бешумореро ворид намуд. Аз як ҷониб, хазинаи луғавии мо аз ин вожаҳо ғанӣ гардид. Гузоштани номҳо аз он давра шурӯъ шуд. Лекин ифтихори миллӣ моро намегузорад, ки аз баҳри номҳои бостонии ориёӣ гузарем. Барои мо ин номҳо зиндакунандаи таъриху маданият ва қаҳрамонҳои миллии моянд». 
Унсурулмаолии Кайковус дар ин мавзӯъ таъкиди муҳим дорад: «Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писар диҳад, аввал номи хуш бар вай бинеҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст».

Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2016    №: 3    Мутолиа карданд: 4886

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед