logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК БОРИ ЧОРУМ ХОНАИ ХУДО – КАЪБАТУЛЛОҲРО ЗИЁРАТ КАРД

5 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ ба шаҳри Маккаи мукаррама ташриф оварда, бо ҳамсар ва чанде аз фарзандону пайвандони худ қиблаи муъминон - Каъбаро зиёрат кард.
Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ либоси хоси маросими ҳаҷ - эҳромро ба бар карда, бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, маросими умра ё худ зиёрати хонаи рамзии Худоро ба ҷо оварданд.
Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлуи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ пас аз адои намоз барои пешрафту шукуфоии ояндаи Тоҷикистон - хонаи умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ва сарҷамъию осудагии мардуми шарифи тоҷик дуои хайр карданд.   
Сипас,  дар назди  чоҳи замзам бо як ҷаҳон орзуву ниятҳои нек аз оби замзам нӯши ҷон намуда, онҳо ба  пояи  кӯҳи Сафо баромаданд, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои  Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд. 4 бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс.
Дар миёни ду кӯҳ масофае чанд бо ранги  сабз аз ду тараф нишона шудааст, ки аз он ҷо  бояд давида ва ё  бо суръат гузашт.
Аз рӯйи  ривоят дар ҳамин мавзеъ бибӣ-Ҳоҷар – ҳамсари пайғамбар Иброҳим барои  шикастани ташнагии писараш ҳазрати   Исмоил 7 маротиба ду тараф давида, об  ҷустааст, дар ҷое, ки  ҳеҷ нишона аз об набуд. Баъди саъйи зиёди бенатиҷа ба назди кӯдак бармегардад ва мебинад, ки он ҷо  аз пояшро бисёр ба хок кӯфтани кӯдак бо амри Офаридгори олам об баромадааст. Ба чашма «Зам Зам» ном мемонанд ва то имрӯз кулли мусулмонони олам аз оби  он нӯши ҷон карда, аз Худованд имони комил, файзу баракат ва нусрату некбахтӣ металабанд.
Баъди анҷоми саъй дар пояи  кӯҳи Марва мӯйи сар бояд тарошида ё кӯтоҳ карда шавад. Бо амалӣ намудани ин рукн  маросими умраи  ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  анҷом ёфт.
Мавриди зикри хос аст, ки зимни ин зиёрат ҳам, ки дафъаи чорум ҷараён мегирад, бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷуҳи хосу эҳтироми баланди Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ба дохили хонаи рамзии Худо - Каъбатуллоҳ бори дувум ворид шавад ва 2 ракъат намоз гузошта, барои Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку кунад.
Ба чунин шарафи баланд даст ёфтани Пешвои миллат, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозгӯй аз нуфузу эътибори шоистаи ӯ дар олами ислом аст. Ин аст, ки ду дафъа ӯ ба феҳристи 500 мусулмони соҳибнуфузи олам шомил гардидааст.
Пуштибонии пайваста аз номи поки дини мубини ислом дар арсаи минтақа ва ҷаҳон, чанд дафъа ба забони тоҷикӣ нашру дастраси мардум кардани Қуръони Карим ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ таҷлил намудани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, Имоми Аъзам аз ҷумлаи хизматҳои шоёни Пешвои миллати тоҷик дар ҷаҳони исломанд, ки ӯро ба чунин  шаъну эътибори баланд расондаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 маротиба, солҳои 1997 ва 2001 ба Мамлакати Арабистони Саудӣ сафари расмӣ анҷом дода, моҳи декабри соли 2005 барои иштирок дар мулоқоти фавқулодаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ (ҳоло Созмони ҳамкории исломӣ) ба шаҳри Макка рафта буд.
Зимни ҳарсе сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими умра ё худ зиёрати Каъбаро ба ҷо оварда, моҳи декабри соли 2005 бори нахуст ба ворид шудан ба даруни хонаи Каъба мушарраф гардида буд.
Боиси хушнудию шукргузорӣ аст, ки Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон барои шаҳрвандон, зоироне, ки мақсади тавофи хонаи Каъбаву зиёрати равзаи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) доранд, сол то сол тадбирҳои хайрро амалӣ менамоянд. Шароити сафар ва будубоши ҳоҷиён аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мамлакати Арабистони Саудӣ беҳтар мегардад. Қаблан аз Тоҷикистон танҳо 5 ҳазор нафар барои адои ҳаҷи фарзӣ ба Маккаю Мадина сафар мекарданд. Ҳоло бошад, бо ташаббуси роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар теъдоди танҳо адокунандагони ҳаҷи фарзӣ ба беш аз 6 ҳазор расидааст.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.01.2016    №: 3    Мутолиа карданд: 426

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед