logo

сиёсат

ЧЕҲРАИ ХУРШЕДРО РАВШАНГАРЕ ДАРКОР НЕСТ

Таърихи тамаддуни башарӣ гувоҳ аст, ки дар давраҳои муайян нобиғаҳое зуҳур мекунанд, ки чун офтоби дурахшон осмони тамаддуни инсониро нурафшонӣ ва ба пайкари миллат ҷони тоза бахшида, онро ба мардумони ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Ғайр аз он бо заҳматҳои сангин, худсӯзиҳо ва қаҳрамониҳои беҳамто дар дилу дидаи мардум барои ҷовидонӣ ҷо мегиранд. Ин нобиғаҳо бо ақлу хирад, донишу фазилат, заковатмандӣ, фидокорӣ ва талошҳои пайгиронаи худ ҷиҳати созандагӣ, бунёдкорӣ ва рушду нумӯи давлату миллат ва ҳатто тамоми инсоният нақши муассир мегузоранд.
Ба арсаи давлатдорӣ қадам мондани Эмомалӣ Раҳмон ба бахти баланди мардуми ба ошуфтагиҳо гирифтори тоҷик инояти Худованд буд, зеро ин шахсияти таърихӣ дар рӯзгорони хатарбор, бо иродаи устувор пеши садди сели сиёҳкорони панҷа болои давлатдорӣ гузоштаро гирифт. Аз рӯзҳои нахустин, ки Эмомалӣ Раҳмон масъулияти барафрохтани парчами ваҳдати миллиро ба дӯши худ гирифт, масъалаи зуҳури пешвои эътирофшудаи миллӣ ҳалли худро ёфт ва ин рӯйдоди сарнавиштсоз дастоварди муҳимтарини тамоми мардуми тоҷик аст.
Доштани пешвои миллӣ дар замони носозгориҳо ва парешониҳои миллатҳо зарурати муҳими наҷоти давлат мебошад ва ба низоми давлатдории демократӣ ҳаргиз халал ворид намесозад, балки баръакс, дар кишвари рӯ ба инқироз ниҳодаи мо зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии навини тоҷикон ташаккул ёфта, дар доираи ин мактаб давлати демократии ҳуқуқбунёд бунёд гашт. Таърихи начандон тӯлонӣ собит сохт, ки бо гузашти рӯзгор зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсату давлатдорӣ бо дурахши тоза ҷилвагар гардид.
Ҳама медонем, ки расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, аввал бо оромиву осудагӣ сурат гирифт, вале бунёди сулҳу осоиш ва устувории Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик, ҳамсони гузаштан аз водии пур аз ранҷу машаққат ва нокомиҳову нотавониҳо буд. Ҷанги худкушии тоҷикон сарзамини бунёдкорону кишоварзон, адабпарварону некманишонро фаро гирифта, кишварро ба вартаи ҳалокат равона карда буд. Танҳо бар асари ҷасорату мардонагӣ ва фидокории Пешвои миллат дар роҳи сулҳоварӣ, бозгашт ба оштии миллӣ ва ба таҳаммулпазирӣ водоштани силоҳдорони ҳар ду сангари муқовиматҳои хунин, хатари нобудии давлат аз байн бардошта шуд.
Аз баракати ин фарзанди фарзонаи миллат Тоҷикистон пас аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз вартаи ҳалокат раҳоӣ ёфта, низоми навини давлатдорӣ, бо бунёди парлумони касбӣ, артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ эҳё гардида, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шуд.
Дар давраи сарварии мамлакатро бар души худ гирифтани Эмомалӣ Раҳмон пояҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон харобу валангор гашта, азнавсозии он маблағҳои ҳангуфтеро мехост. Агар кишварҳои пасошӯравӣ аз давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ мероси гаронбаҳо, аз қабили аслиҳаву васоити низомӣ, корхонаву коргоҳҳои фаъол, дастгоҳҳову хатҳои тавлидотии маъдан ва нафту гази табиӣ, ба таври умда як давлати мукаммалеро ба мерос гирифта, дар пайи дигаргунсозиҳои замонавӣ бошанд, Тоҷикистон бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба бозпас овардани ватандорони гурезаи худ, азнавсозии иншооти вайроншуда, бо буҷаи як танга надошта аз роҳи корсозии моҳирона овардани ғалла, маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти зарурияти аввалияи мардум машғул буд. Новобаста ба халал ворид кардани неруҳои бадхоҳ ва тангравии бархе кишварҳои бухлу кинаварз, дар як замони барои таърих маҳдуд, ҳазорон километр роҳҳо, нақбҳо, пулҳо, хатҳои интиқоли барқ, иншооти маориф, тандурустӣ, варзишию маишӣ бунёд гардид. Соҳаҳои асосии ҳоҷагии халқ, ки гирифтори буҳрони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буданд, дар се марҳила, аз ҷумла тавассути таъмини фаврии мардум бо маводи хӯрокворӣ, ҷудо намудани 75000 гектар замин ба аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 90% ба 30%, таҷдид ва ислоҳоти иқтисодӣ, яъне гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ, аз буҳрон берун бароварда шуданд.
Дар ин давра истиқлолияти фикрии миллат эҳё ва ташаккул ёфта, ба ин васила ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти андешаҳои худшиносии миллӣ, ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ заминаи боэътимод гузошта шуд. Дар ин росто, бо мақсади арҷгузорӣ ба шахсиятҳои саршинос ва сарсупурдаи миллат санадҳои сарнавиштсозу таърихӣ ба тасвиб расиданд.
Ба шарофати раҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон имрӯз кишвари моро ҳамчун як воҳиди том бо доштани забону фарҳанги миллӣ, гузаштаи ҳазорсолаи таърихӣ, Сарқонуни ҷавобгӯи хостҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, асъори миллӣ ва дигар рукнҳои шоистаи як давлати хос, беш аз 150 мамлакати ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи устувор пайдо кардааст.
Президенти кишвар дар сиёсати давлатдории худ ба маориф бартарии вижа бахшида, дар як фурсати кӯтоҳ масъалаи бунёд ва таъмини муассисаҳои таълимиро аз ҳолати ногувор берун баровард он ҳал кард. Барои беҳсозии шароити тарбия ва таҳсили хонандагон дар понздаҳ соли охир зиёда аз 1700 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла барои хонандагони болаёқат 37 гимназия, 49 литсей ва 37 интернат бо тамоми шароити замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат ҳанӯз аз оғози фаъолияти пурсамари худ илму маорифро аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ ҳисобида, пайваста таъкид мекарданд, ки пешрафти минбаъдаи кишвар ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи таълим вобастагӣ дорад. Воқеан, пешрафти кишварҳои мутамаддин ва талаботи даврони навин моро вазифадор месозад, ки барои пойдории сулҳу ваҳдат, давлату миллат, тараққиёт ба дастовардҳои бузурги илмию техникӣ ва кашфиётҳо ноил бигардем. Расидан ба ин мақсадҳои бузург туфайли рушди илму маориф ва мавҷудияти низоми дурусти муосири таълим даст медиҳад.
Албатта, мусаллам аст, ки дастовардҳои илмӣ ва маҳсулоти фаъолияти зеҳнӣ ҳолиё дар бозори ҷаҳонӣ бо нархи гарон хариду -  фурӯш мешаванд.
Бо дарки амиқи масъалаҳои мазкур, ки имрӯз ба масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтаанд, Ҷаноби Олӣ ҳанӯз чандин сол пеш дастур медоданду раҳнамоӣ мекарданд, ки омӯзгорони соҳибмаърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардоранд, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносию ҷаҳоншиносӣ ҳидоят намоянд.
Дуруст аст, ки танҳо сарваре ба дурандешию ояндабинӣ моҳияти ин масъалаҳоро амиқан дармеёбаду раҳнамоӣ менамояд, ки хиради азалӣ ӯро ёр бошад. Инчунин бо ҳисси баланди масъулият ва ғамхорӣ барои ояндаи дурахшони давлату миллаташ ҳамеша бияндешаду саъю талоши хастагинопазир намояд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз нуҳ сол пеш таъкидан бори дигар иброз дошта буданд, ки: «Имрӯз ба низом ва усулҳои байналмилалии таълим гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисон тақозои замон аст. Зеро равандҳои ҷаҳонишавии бозори умумии интеллектуалӣ ва меҳнат дар назди мутахассисони оянда талабот ва меъёрҳои торафт ҷиддӣ пеш мегузоранд.
Бинобар ин, ба роҳбарони донишкадаву донишгоҳҳои олӣ зарур аст, ки таҷрибаи пешқадами муассисаҳои таълимии кишварҳои тараққикардаро омӯзанд ва дар ҷараёни таълим истифода намоянд».
Азбаски илму маориф аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбад, Президенти мамлакат ҳамасола дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатияшон аз ҷумла баён доштанд, ки «дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».
Агар дуруст ва мунсифона баррасӣ шавад, ин ҳақиқат бисёр рӯшан мегардад, ки то Эмомалӣ Раҳмон ягон Сарвари давлати мо ба масъалаҳои илму маориф ва рушди он бо ғамхорӣ ва дилсӯзӣ чунин таваҷҷуҳ зоҳир накарда буданд. Пештар аҳли зиё, хоса омӯзгорон, олимон вобаста ба ҳалли бисёр масъалаҳои мавҷудаи соҳаи илму маориф ба роҳбари вақти давлат борҳову борҳо муроҷиат  мекарданд. Мутаассифона, ба ҳалли аксар мушкилот муваффақ намегардиданд. Мо ин ҳақиқатро рӯшану возеҳ мебинем, ки дигар на мо, балки худи Сарвари давлат мушкилоти соҳаҳои моро сари вақт ба дурустӣ дармеёбанду барои ҳаллашон тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Ҳамчунин дар назди мо ба хотири рушди соҳаҳои мазкур масъалагузорӣ менамоянд ва дастур медиҳанду раҳнамоӣ мекунанд. Ин, албатта, аз сифатҳои Пешвоёни асили миллатанд. Ва Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба пуррагӣ  ин сифатҳои неку таърихиро доро мебошанд.
Дуруст аст, ки:
“Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд”.

Дар ҳақиқат, бузургмарди фарзона Эмомалӣ Раҳмон бо як доноиву тавоноии хос миллати тоҷикро ба самти бознигарӣ ба гузаштаи боифтихори фарҳанговарии ниёгон, бозёбии асолати хеш раҳнамоӣ кард. Ҳамин буд, ки бо талошҳои бевоситаи он кас ба симои як зумра абармардони таъриху фарҳанги миллат ҷилои тоза бахшида, як силсила ҷашнҳои муҳими фарҳангӣ, фарзонагони миллат, аз ҷумла 1100 - солагии Давлати Сомониён, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Камоли Хуҷандӣ, 2500 - солагии Истаравшан, 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб, 3000 - солагии Ҳисори Шодмон, 700 - солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар фарзонагон таҷлил гардиданд. Ёдоварии бузургон ва баргузории ҷашнҳои миллӣ бори дигар саҳми миллати тоҷикро дар ганҷинаи илму фарҳанги ҷаҳониён намоён сохт.
Ба дурустӣ, таҷлили ин ҷашнҳо танҳо ба хотири ифтихор намудан нест. Мақсад аз онҳо шинохти асли худ аст ва дарёфти ин ҳақиқат, ки аҷдоди баруманди мо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми асосиро доштанд ва тарғибгари фарҳанги асил буданд. Сарвари давлат ин ҳамаро барои шинохти ҳақиқат ва раҳнамоии мо бисёр зебову нишонрас баён доштанд: «Агар мо ба гузашта назар афканем, пас итминон ҳосил хоҳем кард, ки халқи мо дар ягон давру замон амале содир накардааст, то боиси хиҷолати наслҳои оянда гардад.
Тоҷикон дар давраҳои гуногун ҷаҳониёнро бо илм, бо ҳунар ва фарҳанги волои хеш тасхир карда буданд. Ин, албатта, боиси ифтихору сарфарозии мост».
Мақсад аз ифтихору сарфарозӣ бартариҷӯӣ нест, балки худшиносӣ ва саҳм гирифтан дар рушди тамаддуни башарӣ мебошад. Ба ин хотир, ки ифтихори миллӣ аз ғуруру манмании миллӣ фарқ карда шавад ва ин иштибоҳи азим роҳ наёбад, Сарвари давлат моҳияти масъаларо равшану возеҳ баён медоранд: «Худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст.
Бинобар ин, иддаои бартарӣ аз дигарон, паст задани ин ё он инсон аз рӯи нишонаҳои миллию нажодӣ кори шахсони маҳдуд ва ҷаҳолатпеша аст».
Пас, мо бояд чӣ мавқеъ дошта бошем? Ба ин пурсиш Президенти мамлакат посухи бисёр дурусту саҳеҳ додаанд, ки ин падидаи зишту номатлубро маҳкум бинамоем. Чаро? Чунки тоҷикон, ки таъриху фарҳанги оламгир доранд ва дорои ғояҳои башардӯстонаанд, ҳеҷ гоҳ чунин муносибатро ба ягон қавму миллат раво намебинанд. Барои дарёфти мақсад Сарвари давлат баён медоранд, ки «ягон давлат, ягон халқ танҳо ба сари худ вуҷуд дошта наметавонад. Аз қадимулайём илму фарҳанги кишварҳои гуногун ба ҳамдигар ворид шуда, яке дигареро ғанӣ ва пурра мегардонанд».
Воқеан, чунин андешаву суханронӣ ва мавқеъгириро дар ин сатҳи бисёр баланд бо муҳаббат ба тамоми инсонияти рӯи олам касе карда метавонад, ки дар ҳақиқат Пешвои миллат бошад.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллиро мебинад. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» барои мардуми шарифи Тоҷикистон рӯйдоди рӯҳбахше мебошад, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин навишта мешавад.
Пешвои миллат донистани Эмомалӣ Раҳмон тақозои замон, хостаи дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзии мо аст, ки ҳамакнун ба ҳукми қонун даромадааст. Мардуми сипосгузори тоҷик ба заҳмату талошҳои фидокоронаи Президенти маҳбуби кишвари худ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт, бо чашми хирад нигариста, бо як азму иродаи қатъӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи ин нобиғаи даҳр, поягузори давлатдории навини тоҷикон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.
Намунаи барҷастаи сиёсатмадорӣ, таҷассумгари рӯҳия ва хислатҳои наҷиби инсонӣ, ҳамдилу ҳамёри мардум будан он касро ба мартабаи Пешвои миллати тоҷик расондааст.
Ҳаргиз аз ёдҳо нахоҳад рафт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан, аз минбари баланди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ иродатмандона изҳор намуданд, ки «то охирин фирорӣ ба Ватан барнагардад, ман худро орому осуда ҳис намекунам». Воқеан, ба ин ваъдаи хеш вафо намуда, то ба имрӯз дар мушкилтарин ҳаводиси рӯзгор ҳамдилу ёвари мардуми шарифи Тоҷикистон мебошанд.
Сокинони шаҳри Кӯлоби бостонӣ дастгириҳои Ҷаноби Олиро дар замони сар задани офати табиӣ, сарозер шудани сели мудҳиш, ки манзилҳои истиқоматии мардум ва коргоҳҳо хароб гаштанд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Маҳз бо дастури шахсии он кас дар муддати хеле кӯтоҳ барои зарардидагони офати табиӣ хонаҳои истиқоматӣ сохта шуда, зистгоҳи осебдидагон бо асбобҳои рӯзгордорӣ таъмин гардиданд.
Корҳои шоёни таҳсини Эмомалӣ Раҳмонро ба таври фишурда ёдрас намуда, аз лутфу эҳсони он кас дар бозсозии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сухан нагуфтан барои банда, ки дастпарвари ин махзани илму маърифат мебошам, ҳамсон ба носипосӣ мебошад.
Бо камоли хушнудӣ мехоҳам ёдовар шавам, ки то ҳанӯз донишҷӯёну устодони донишгоҳ зери таъсири суханрониҳои пурмуҳтаво ва дастуру ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат, ки дар рӯзи таҷлили 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар мавриди кушодани дарҳои бинои ҳафтошёнаи маъмурию таълимӣ ва дар баргузории Дарси Сулҳ ва Рӯзи Дониш, рӯзи 1-уми сентябри соли 2015 баён намуданд, қарор доранд. Дар он рӯзи хотирмон Президенти кишвар ба олимони ҷавони донишгоҳ 25 манзили истиқоматӣ туҳфа намуда, баҳри бунёди боз як бинои таълимӣ ва як бинои истиқоматӣ барои олимони донишгоҳ дастур доданд. Дар он рӯзи муборак Сардори Давлат иловатан 1500 мизу курсӣ, 35 тахтаи электронӣ ва 230 адад компютер тақдим намуданд.
Дар пасманзари ҷашни пуршукӯҳи 70 - солагии донишгоҳ як зумра олимону омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ , аз ҷумла ордени “Шараф” ва унвонҳои фахрии “Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии маорифи Тоҷикистон” медали «Хизмати шоиста», туҳфаҳои молию пулӣ ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва раёсати донишгоҳ сарфароз гардиданд.  
Сокинони шаҳри Кӯлоб, хоса олимону омӯзгорони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори хушсалиқаи кохи пуриқтидору побарҷои миллат, кафили сулҳу озодӣ, эҳёгару посдори суннату анъанаҳои миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории навини тоҷикон самимона эҳтирому эътироф намуда, итминони комил доранд, ки бо роҳнамоии ин Сарвари оқилу фарзонаи хеш ба сӯи фардои дурахшон гомҳои устувор мениҳанд.
Мо ба шарофати Президенти интихобнамудаи худ ба беадолативу нобасомониҳои рӯзгори гузашта пирӯз шудем ва дар оянда низ зери парафшонии Парчами миллӣ, бо танини рӯҳафзои Суруди миллӣ, бо нишони дурахшони давлат, кишвари азизамонро ба сӯи ояндаи шукуфон мебарем. Ба Пешвои миллат, ки моро ба ин саодатмандиву комёбиҳо расонидааст, чун мояи ифтихор ва атои беҳамтои Худованд, ҳамеша гиромиву арҷгузор хоҳем буд.
Дар ин роҳ хираду заковати азалӣ, сипосшиносиву меҳрпарварии тоҷикона моро ҳидоят намуда, заковату фитрат ва рӯҳияи муқаддас донистани ормонҳои меҳанпарастиву созандагии Пешвои миллат илҳомбахш хоҳанд буд.
Зиҳӣ фарзанди фарзона, зиҳӣ Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон!

Абдулло ҲАБИБУЛЛО,
ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ,
доктори илмҳои физика ва
математика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2016    №: 4    Мутолиа карданд: 544

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед