logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН - АРАБИСТОНИ САУДӢ: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва мулоқоти судманд бо Подшоҳ Салмон ибни Абдулазиз ва дигар роҳбарони воломақом дар таърихи муносиботи гуногунҷабҳаи ду кишвар саҳифаҳои нав кушод. Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат, Пешвои миллат бори дигар Хонаи Худо – Каъбаро зиёрат карданд, ки ин гувоҳи эҳтироми самимии Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Қобили зикр аст, ки Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз ҷумлаи нахустин кишварҳое буд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, аз моҳи январи соли 1992 робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд. Ин дар ҳолест, ки робитаҳои сиёсии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ аз заминаи муштаракоти таърихиву пайвандҳои бародариву дӯстӣ ва ҳамбастагии исломӣ маншаъ мегиранд, ки ба ифтитоҳи мутақобилаи сафоратҳо замина гузошт. Тирамоҳи соли 2008 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакати Арабистони Саудӣ - шаҳри Ар-Риёз ва моҳи октябри соли 2010 Сафорати ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Нахустин мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз декабри соли 1994 дар ҳамоиши сарони давлатҳои узви Созмони конфронси исломӣ дар шаҳри Дорулбайзои Мағриб сурат гирифт. Сипас, 30 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари корӣ ба Арабистони Саудӣ бо шодравон Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Фаҳд ибни Абдулазиз ва дигар мақомоти Шоҳигарӣ дидору мулоқоти судманд анҷом дода, ба рушду муносибатҳои дуҷониба такони ҷиддӣ бахшид.
Соли 2013 мо дар доираи як сафар ба Арабистони Саудӣ аз Маркази тадқиқотӣ ва омӯзиши ислом ба номи Малик Файсал дидан кардем. Ин марказ ба он донишҷӯёне, ки аз дигар кишварҳои мусулмонӣ дар соҳаи тиб, ҳандаса ва дигар илмҳо таҳсил мекунанд, идрорпулӣ дода, бо марказҳои илмии Аврупо ҷиҳати пешгирии бемории саратон ҳамкорӣ мекунад. Яҳё Маҳмуд бинни Ҷунайд, директори генералии марказ, иброз дошт, ки дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти зиёд дар даст дошта, ба дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар ва тақвияти муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ хушбин аст. Бино ба гуфтаи ӯ, Маркази тадқиқотӣ ва омӯзиши ислом ба номи Малик Файсал дар садади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию тадқиқотӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, барои барқарории равобити илмӣ ҳавасманд аст. Зикр шуд, ки ҳар сол аз ҷониби марказ ба шахсони арзанда аз рӯи бахшҳои хидмат ба ислом, пажӯҳишҳои исломӣ, пажӯҳишҳо дар забони арабӣ, фиқҳ ва илм Ҷоизаи ҷаҳонии Малик Файсал дода мешавад. Аз шахсиятҳои ҷаҳонӣ, ки ба ислом хидмат кардаанд, собиқ сарвазири Малайзия Муқатир Муҳаммад, президенти Босния Алӣ Норбекович, президенти Сенегал ва ҳамаи подшоҳон баъди Файсал Малик Холид, Малик Фаҳд ва Малик Абдуллоҳ ба ин ҷоиза мушарраф гардидаанд.
Ба гуфтаи муовини директор, тақрибан дар 15 ҳолат шахсиятҳое буданд, ки аввал ба Ҷоизаи Малик Файсал ноил шуда, баъди 1-3 сол дар ҳамон соҳа ҷоизаи Нобел гирифтанд.
Яҳё Маҳмуд бинни Ҷунайд, директори генералии марказ ва Ҳаммод, муовини ӯ, бо назардошти хидматҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии доимии ӯ аз ҷаҳони Ислом изҳор доштанд, ки Академияи илмҳои Тоҷикистон ё Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, Президенти муҳтарами Тоҷикистонро ба Ҷоизаи ҷаҳонии Малик Файсал пешбарӣ намоянд.
Ин суҳбат ва пешниҳод моро ба дарки ин ҳақиқат водор кард, ки воқеан ҳам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист ва Пешвои миллати моро дар хориҷ аз кишвар, бахусус миёни мусулмонони олам, самимона эҳтиром мекунанд. Чунончи, Иёд Амин Маданӣ, Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ, дар ин сафар зимни мулоқот Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро «шахсияти бузург миёни пешвоёни ислом ва дорандаи фикру андешаҳои амиқ» номида, ӯро барои иштирок дар ҳамоиши  навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки моҳи апрели соли 2016  дар Истамбул баргузор мегардад, даъват кард.
Яъне метавон чунин хулоса кард, ки маҳз сафарҳои бобарору пурмаҳсули Сарвари давлат ба Арабистони Саудӣ имкон фароҳам овардааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои гуногун вусъати тоза касб намоянд. Чунончи, дар доираи сафари расмии ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ ва дар натиҷа музокироту мулоқоти сатҳи олӣ миёни ду кишвар панҷ санади нави ҳамкорӣ имзо шуд, ки ба таҳкими равобити ҳасана мусоидат хоҳанд кард.

Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2016    №: 4    Мутолиа карданд: 554

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед