logo

сиёсат

ЭҲЁГАРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Сазовор гардидани Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми арзандаи Пешвои миллат як амри таърихиест, ки он подоши хизматҳои бузурги ӯ ба миллат мебошад. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди сарвариаш зам намоем, пеш аз ҳама, қобилияти баланд ва касбияти сиёсии ӯ ҳамчун пешвои сиёсӣ пеши назар меояд, ки ин боиси дастгирӣ ва эҳтирому ифтихор аст.
Дар фаҳмиши илмҳои сиёсӣ пешвои миллат сарвари сиёсиест, ки роҳбарии ҳокимияти давлатӣ ба дӯшаш гузошта шудааст. Ҳамзамон, ин як намунае аз нуфузҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар он пешво ҳамкории мардумро барои пайдо намудани ҳадафҳои миллӣ тақозо менамояд. Рисолати пешвои миллат дар он аст, ки ӯ ҳамчун сарвари сиёсӣ барои пешрафту мутараққӣ гардидани миллати худ ҷонбозиҳо намояд ва аз тамоми имконияти мавҷуда истифода барад. Дар ҷомеаи дунявии ҳуқуқбунёд нисбат ба чунин мансабу унвону ҷойгоҳ андешаҳои гуногун пайдо мегарданд, ки шарҳу эзоҳи онҳо бештар ба маҳбубият ва арзанда будани шахсият вобастагӣ дорад. Дар ин росто, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон пешвои эътирофгашта, кафили сулҳу ваҳдати тоҷикон, эҳёгари саҳифаҳои азёдрафтаи таърихи миллат аст.
Президенти кишари мо аз зумраи чунин сарваронест, ки дар байни мардум эътибор, ҷасорат ва рӯҳи қавӣ доштанашро эътироф менамоянд.
Бузургии чунин шахсиятҳо бештар дар фаъолияти кориашон ҳувайдо мегардад. Барои мисол як вохӯрии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Хосдеҳи Афғонистон пеши назар меорем, ки ин намунаи олии ҷасорат ва худгузаштагии як фарди тоҷик буд. Як нафаре, ки бо рӯҳи қавӣ дар масири соҳибистиқлолӣ мушкилии зиёдро ба дӯши худ гирифта, ҳамватанони моро аз ғурбат ба Ватан баргардонда тавонист. Аз ин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо Президенти эътирофшудаи халқ ва меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон, балки шахсиятест, ки дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва пешниҳоди масъалаҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон нақши махсус дорад.
Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳ ва ваҳдат, пеш аз ҳама, қобилияти дурусти баҳо додани ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ба таври фаврӣ андешидани чораҳои муассирро дорад. Пешвои сиёсие, ки мисли ӯ рӯҳи қавӣ ва ҷасорати миллӣ дошта бошад, ҳатто ҳузураш аллакай рӯҳияи мардуми ноошноро ҳам ба худ ҷазб мекунад. Қобилияти рӯҳи қавии сарвар, пеш аз ҳама, бовар доштани ӯ ба худ мебошад. Сарфи назар аз риштаи тахассус масъулияти сарварӣ ва ғайрату матонати шахсӣ муҷиби он мегарданд, ки роҳбар аз дигарон бофаҳмтару қавитар гашта, сифатҳои бештари сарвари хирадмандро дар бар мегирад.
Метавон гуфт, ки дарёфти асрори падидаи пешвои сиёсӣ ҷанбаҳои нуҳуфтаи зиёде дорад, ки аз қобилияти шахс, таълиму тарбия ва муҳити зиндагии инсон сарчашма мегирад. Дар асри XXI Пешвои сиёсӣ будан ба Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон боз як масъулияти наверо вогузор менамояд, ки бештар хусусияти геосиёсию геостратегиро дорост. Ҳамзамон, бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар вазъияти пуртазоду зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат барои мо зарурияти таърихию сиёсӣ дошта, барои таъмини амнияти кишвар ва ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳим аҳамияти бузург дорад. Пешвои миллат будани Президенти кишварамон имрӯз имтиҳону ифтихор ва вазифаи таърихиест, ки барои ояндаи давлатдории миллӣ хеле муҳим аст.

 Абдураҳмон МАҲМАДОВ,
директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи
А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ,
профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2016    №: 4    Мутолиа карданд: 686

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед