logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОРОМГОҲИ ПАЙҒАМБАРИ ИСЛОМРО ЗИЁРАТ НАМУД

5 январ дар доираи сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ, баъди тавофи Хонаи Каъба ва адои ҳаҷи умра Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Макка ба шаҳри Мадина ташриф овард.
Дар ин ҷо Пешвои миллати тоҷик дар Масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммадро (с) зиёрат кард.
Ҳар як бандаи муъмин, онҳое, ки маросими ҳаҷи фарзӣ ва умраро ба ҷо меоранд, дар шаҳри Мадина оромгоҳи пайғамбари исломро ҳам зиёрат мекунанд.
Шаҳри Мадина яке аз шаҳрҳои зебои сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ ва макони дуюми зиёрати аҳли ислом - мусулмонони ҷаҳон аст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати ҳамроҳ дар Масҷиди набавӣ дар назди равзаи пайғамбари ислом ду ракъат намози нафл хонда, барои осудагии мардуми шарафманди тоҷик ва шукуфоии Тоҷикистони азиз дуову фотеҳаи нек кард.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати неку бобарори хориҷӣ ва робитаҳои судманди ду кишвар якҷоя бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷи шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Ҳамин аст, ки ҳар сол садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои ҳаҷ ва умра ба шаҳрҳои Маккаву Мадина омада, Хонаи Каъбаро тавоф ва равзаи пайғамбари исломро зиёрат мекунанд.
Баъди зиёрати равзаи пайғамбари ислом Муҳаммади Мустафо (с) сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар  Арабистони Саудӣ анҷом ёфт.
Мулоқоту музокироти сатҳи олии роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воломақоми ин кишвар, баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, инчунин имзои як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ аз натиҷаҳои бобарори сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз 2 то 5 январ дар шаҳрҳои Риёз, Ҷидда, Макка ва Мадина ҷараён  гирифт.
5 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори расмӣ аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Ватан баргашт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.01.2016    №: 4    Мутолиа карданд: 582

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед