logo

сиёсат

ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚИҚИСТ

Ё ИСЛОМ НИЁЗ БА ҲИЗБ НАДОРАД
Тоҷикон дар арсаи таърих ҳамеша кӯшиш ба харҷ додаанду ҳанӯз ҳам омодаанд, ки кишварҳои ҳамзабону ҳамдини хешро дар масири дӯстӣ қарор бидиҳанд, то ба эътимоду бовар ва муҳаббату самимияти тарафайн халале ворид нашавад, вале, мутаассифона, гоҳе иқдомоте дониста ва ё иштибоҳан сурат мегирад, ки ҷонибҳоро бетараф гузошта наметавонад. Набояд фаромӯш сохт, ки тамоми робитаҳои дӯстонаи устувору ташаккулёфтаи кишвари соҳибистиқлоли мо бо кишвари ҳамзабонамон Ҷумҳурии  Исломии Эрон дар заминаи таърихии ҳамон анъанаҳои неки ниёгонамон барқарор шудааст.
Вале ҳамкорӣ намудани тарафҳо бо ашхосу аҳзобе, ки фаъолияташон аз ҷониби қонунгузории ин ё он ҷониб маҳкум шудааст, метавонад боиси эҷод гардидани нобоварӣ миёни ду давлати бо ҳам дӯст гардад.
Тоҷикистон - ҳамчун ҷумҳурии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба тамоми асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории кишварҳое, ки бо онон иртиботи сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ дорад, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон, эҳтиром қоил аст, пас, ҳамин гуна муносибатро низ аз онҳо интизор аст.   
Аз санаи 27 то 29 декабри соли гузашта дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 29 - умин Конфронси байналмилалии ваҳдати исломӣ таҳти унвони «Буҳронҳои кунунии ҷаҳони Ислом» ба кори худ шурӯъ кард, ки дар он намояндагони зиёда аз 50 кишвари олам ширкат варзиданд. Аз ҷумла, бо даъвати ҷониби баргузоркунандаи конфронс ва бар хилофи тасмими Ҳукумати Тоҷикистон оид ба мамнӯъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави ин кишвар ва ҳамчун ҳизби террористӣ эълон шуданаш, собиқ раиси ин ҳизб М. Кабирӣ низ дар кори конфронс иштирок намуда, худро «дувумин ҳизби муҳим дар Тоҷикистон» донистааст.
Ҷумҳурии Исломии Эрон ин конфронси байналмилалии «ваҳдати исломӣ»-ро дар вазъияте доир намудааст, ки дар кори он ба ҷуз намояндагӣ аз аҳзобу ҷунбишҳо, созмонҳои умури динӣ, вазорату идораҳо, ҳайате аз намояндагони собиқ ҳизби расман мамнӯъшуда ва террористӣ эълонгардидаи ҲНИТ, ки ҷиноятҳои содирнамудаи аъзояш ба ҳамагон маълум асту раҳбари он дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ ба ҳайси ошӯбгар қарор дорад, бе назардошти манфиатҳои ду кишвари ҳамзабону бо ҳам дӯст, иштироку суханронӣ намуда, ҳамчунин дар ҳошияи конфронси мазкур бо иддае аз раҳбарони ҷаҳони Ислом дидору гуфтугӯҳо анҷом додааст.
Оё ширкати аҳзобу ҷунбишҳо ва созмонҳое, ки хусусияти ифротигароиву террористӣ доранд, дар чунин конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ равобити дуҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯстро зери суол намебарад?
Агар ҳадаф аз баргузории конфронс танҳо ваҳдати исломӣ бошад, пас, даъвату дидорбинӣ ва гуфтугӯҳо бо аҳзобу ҷараёнҳо ва ҷунбишҳои ғайрирасмиву ғайриқонунӣ ба кадом мақсад аст?
Дар замони муосир муассисони аҳзобу ҷараёнҳои ба ном исломӣ комилан бо номи дину диндорӣ аз минбарҳо баромад намуда, худро ворисони ҳақиқии дини мубини Ислом мепиндоранд ва даъво мекунанд, ки аҳли дину диёнат буда, ҷуз онҳо касе вориси аслӣ намебошад. Онҳо мардумро бо таълимоти авомфиребона, шиорҳои зоҳирфиреб, ҳиллаву макри ошкору пинҳон, ваъдаҳои пуч дарунхолӣ саргарм намуда, дини мубини Исломро ҷомаи сиёсӣ пӯшонидан мехоҳанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар дини Ислом ҳизб вуҷуд надорад ва таъсисдиҳандаи он рӯзи Қиёмат дар назди Худованд пурсида мешавад. Худованд роҳи росту мустақими диндориро ба бандагонаш муайян карда, мефармояд: «Ва ин роҳи рости Ман аст, пас, онро пайравӣ кунед ва роҳҳои дигарро пайравӣ макунед, ки шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунад. Ин аст он чи Худо шуморо ба он ҳукм фармудааст, то шояд, ки шумо парҳезгорӣ кунед»  (Сураи «Анъом», ояти 153).
 Ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ роҳу равиши дурусти барномаҳои худро доранд, ки метавонанд боиси тафриқа ва аз роҳи Худо ҷудо кардани мусалмонон гарданд.
Агар шахсе дар методи корбурди Ислом навоварӣ намуда, Исломи бузургро бо таъсиси ҳизбу ҷараёнҳои динӣ ҷомаи сиёсӣ пӯшонад, яқин аз таълимоти ноби исломӣ хориҷ ва амалаш дар назди Паёмбар (с) мардуд радшуда мебошад. Ҳамчуноне ки Паёмбар (с) мефармояд: «Шахсе, ки дар шариати мо навоварӣ мекунад ва он чизеро, ки аз шариати мо нест, ба шариати мо ворид месозад, он чиз мардуд аст».
Яъне дин ва таълимоти динӣ аз ҷониби Худо ва Паёмбар (с) комил шудааст ва ҳама гуна илова ва изофаҳо мардуд мебошанд. Аз ҷумла, таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳо ва ҷамоату тоифаҳои динӣ навоварӣ мебошанд, зеро Паёмбари Ислом (с) онро таъсис надоданд ва арзи вуҷуд доштанашонро ҳам тавсия накарданд, балки аз таъсису шомил гардидан ба онҳо ва тафриқаву парокандагӣ мардумро ҳушдор доданд.      
Қуртубӣ дар тафсираш роҷеъ ба лафзи гурӯҳ-гурӯҳ мегӯяд: «ба фирқаву аҳзоб тақсим шуданд». Инчунин Худованд мефармояд: «Аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд; ҳар гурӯҳ ба он чи назди ӯст, хурсанд аст» (Сураи «Рум», ояти 32).
Имрӯз хоҷагони хориҷӣ ҳаргиз намехоҳанд, ки Тоҷикистон кишвари озоду ҳуқуқбунёд бошад ва аз дунявияти он меҳаросанд, зеро ягона маҳаки ташвишдиҳӣ ва барҳам задани низоми давлатдории кишварҳои исломӣ ва мусалмоннишин, ё бо дину диндорӣ (масоҷиду ҷамъомадҳо) ва ё ин ки бо унсурҳои милливу қавмият сурат мегирад. Бозӣ кардан бо эҳсосоти миллӣ ва динӣ, анъанаи қадимаи хоҷагони хориҷӣ мебошад. Яъне маҳз ба торҳои ҳассоси миллӣ ва эътиқодии миллатҳо чанг задан бо шиори деринаи «Тафриқа андозу сиёсат кун!» ин хислати қадима ва ҳамешапойдори онҳост.
Мусалмонон бояд дар омӯзишу фаҳм ва дарку ташхиси моҳиятҳо неруи зеҳнии худро масраф кунанд. Кишварҳои мусалмононро зарур аст, ки барои иҷтиноб намудан аз бархӯрди ин гуна ҳиллагарон, дар масири зиндагӣ ва дар ҷодаи дин хеле эҳтиёт карда, роҳи тамаддунмеҳвариро пеша кунанд. Тамаддуни миллати мо аз арзишҳои инсонсози дини мубини Ислом берун нест. Дар тамоми минбару масоҷиди кишвар ҳарами манофеи миллӣ риоя ва қадр карда мешавад.
Вақт довари ҳақиқист, ки бо гузашти он, нақшаву ҳадафҳо новобаста аз мусбат ва ё манфӣ буданашон ошкор гардида, аз ҷониби Худованд ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират подош дода мешавад.  

Раёсат ва ҳайати устодону
кормандони ДИТ ба номи
Имоми Аъзам - Абуҳанифа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2016    №: 5    Мутолиа карданд: 618

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед