logo

сиёсат

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ХОТИРАИ ИҶТИМОӢ

Худшиносӣ, пеш аз ҳама, ташаккул ёфтан ва ба ин васила худ ва дигаронро шинохтан аст. Мафҳуми худшиносӣ ба таври илмӣ ин амалиёт, ҳиссу фикр, сабабҳои рафтор, манфиат ва мақоми худро дар ҷомеа дарк намудани инсон мебошад. Дар ташаккули худшиносӣ ҳаракату фаъолияти бомақсади инсон нақши муҳим дорад. Ба ҷомеа вобаста будани худшиносӣ, на танҳо дар муоширати мустақими ҳамдигарии одамон ва муносибатҳои баҳодиҳии онҳо, балки дар ташаккули талаботи ҷомеа, ки ба инсони  ҷудогона пешниҳод мегардад, бастагӣ дорад.  Шахс худро на танҳо аз тариқи одамони гирду атроф, балки тавассути маданияти моддию маънавии офаридаи инсонҳои дигар ҳам дарк карда метавонад.
Худшиносии миллӣ таркиби шинохтани ҷараёни ҳаёти миллӣ ва унсури махсуси шуури миллӣ мебошад. Бинобар ин, шуури миллӣ бо мафҳуми худшиносӣ алоқамандии зич дошта, дар якҷоягӣ худшиносии миллиро ба вуҷуд меорад.
Бинобар ин, рисолати ҳар як падару модар ва  омӯзгор низ аз он иборат аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия намоянд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми омӯзгорону зиёиён дар ташаккулу инкишофи худшиносии миллӣ баҳои баланд дода, чунин ибрози назар намуданд: «Зиёиён ва омӯзгорони асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расондани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши арзанда мебозанд. Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳию худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва идеяҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ, ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро менамоянд».
Миллати тоҷик, ҳамчун умумияти этникӣ - иҷтимоӣ, бо таърихи хеш, ки дар хотираи инсонҳо нақш бастааст, барпо буд ва мемонад. Аз ин лиҳоз, худшиносии миллӣ бо хотираи иҷтимоӣ зич алоқаманд мебошад. Хотираи иҷтимоӣ ҳолатҳои гуногуни таърихию этникии миллати тоҷикро бо ҳамдигар пайваст намудааст.
 Рукнҳои асосии худшиносии миллӣ Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошанд. Истиқлолияти давлатӣ дар назди миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик масъулиятҳои хеле ҷиддӣ ва тақдирсозро гузошт, ки муҳимтарини онҳо  оштии миллӣ, сулҳу субот, бунёди давлати миллӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати инсон дар ҷомеа мебошад. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтаанд. Дар ин замина, таҷрибаи таърихии тоҷиконро то имрӯз меомӯзанд, аз он сабақ мегиранд ва дар ҳалли мушкилоти мардуми дигар давлатҳо истифода мебаранд. 

Убайдулло  РАҲМАТОВ,
мудири кафедраи фалсафа
ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон,   номзади илмҳои фалсафа,
Бобоҷон МИРЗОЕВ,
мудири кафедраи иқтисодиёти ДАТ,  
номзади илмҳои иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2016    №: 5    Мутолиа карданд: 991

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед