logo

туризм

БАЛҶУВОН: МОНЕАҲОИ РУШДИ ТУРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар низоми иқтисодиёти байналмилалӣ дар баробари соҳаҳои саноату нафту газ туризм яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Он аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор рафта, дар сатҳи байналмилалӣ тамоюли мунтазами болоравӣ дорад. Индустрияи туризм як қатор муассисаҳои хусусӣ ва давлатиро дарбар мегирад, ки даромади иҷтимоию иқтисодӣ оварда, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозад. Аксари давлатҳо ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, сатҳи зиндагии мардумашонро ба маротиб боло мебаранд, дар ҳоле ки ба монанди кишвари мо захира ва имконоти бузурги сайёҳӣ надоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002 – 2012” барномаи махсусеро роҳандозӣ кард. Ноҳияи Балҷувон ҳамчун ноҳияи туризми байналмилалӣ эътироф гардид. Минбаъд муҳлати татбиқи барнома солҳои 2013 – 2016 – ро низ фаро гирифт. Шамсулло Аҳадов, мудири шуъбаи фарҳанг ва туризми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ба мо гуфт, дар ноҳия ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиӣ хеле зиёданд. Балҷувон ҷойҳои таърихиву дидание дорад, ки метавонад ба ҷалби зиёди сайёҳон мусоидат кунад. Ёдгориҳои таърихӣ, ба монанди Қалъаи мири Балҷувон мутааллиқ ба асрҳои XVIII - XIX, Тӯпхона мутааллиқ ба асрҳои I пеш аз милод - VI милодӣ, Қалъаи Чорбоғ мутааллиқ ба асрҳои миёна, Қалъаи Дектур мутааллиқ ба асрҳои XVIII - XIX, Қалъаи Турк мутааллиқ ба асрҳои XII-XIII, мақбараҳои Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ, Хоҷа Қутбиддин, Ҳазрати Шоҳи Аккоша, Искандар, Хинги Парвоз, Санги Сабз, Ҳосиб, Шоҳбақои Тӯморӣ, Саид Минҳоҷи Марди Валӣ ва ёдгориҳои табиии Шаршараи Боғи Камолӣ, Сафедов, обҳои шифобахши Гӯгирд, Султон Увайс, Қалъак, Булғурӣ, Оби Шулук, Чашмаи Касхо, Хибил, дарахти азимҷуссаи Шинг дар деҳаи Шингдара ва Ҷувозчинор дар деҳаи Дашбодҳо аз ҳамин қабиланд.
Инчунин, осорхонаи таърихию фарҳангии ноҳия, ҳамчун мавзеи туристӣ шинохта шудааст. Шабчароғ бозёфти куҳнатарини ин осорхона мебошад, ки таърихи беш аз 3500 - сола дорад. Осори дигаре, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб кардааст, хиштҳои боқимондаи қалъаи Балҷувон мебошанд, ки таърихи 2500 - сола доранд. Теъдоди ашёи осорхона ба 2700, сайёҳони дохиливу хориҷие, ки ба тамошои осорхона омадаанд, ба 5000 нафар расидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба солҳои 2001 ва 2010 ба ин осорхонаи таърихӣ ташриф оварда, ба кори сармутахассиси осорхона Мирсаид Миров баҳои баланд додааст. Инчунин Шаршара ва мавзеи Сарихосор аз зеботарин манзараҳои табиати афсонавии ин гӯшаи зебои Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки қалби ҳар як сайёҳро тасхир месозанд.
Мутаассифона, камбуди маблағгузорӣ мушкили умдатарин ва масъалаи “доғ” – и татбиқи барнома гардида, барои рушди соҳаи туризми ноҳия садди вазнине пеш овардааст. Агар ба бунёди сохтори соҳаи туризм дар ноҳия таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, масъалаи маблағгузорӣ ба ин соҳа аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба роҳ монда шавад, боварӣ ҳаст, ки ин соҳаи даромаднок ҳазорон нафарро бо ҷои кори доимӣ ва даромади иловагӣ таъмин мекунад.
Фаъолияти вазорату идораҳои мутасаддӣ, бахшҳои хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2001 таҳти рақами 498 нокифоя ё ғайриқаноатбахш арзёбӣ мешавад. Сохтмони роҳи автомобилгарди Балҷувон – Сарихосор, ки 36 километрро ташкил медиҳад, аз тарафи паймонкор - Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кашол ёфта истодааст. Роҳи автомобилгарди 26 - километраи Кангурт – Балҷувон дар ҳолати валангор қарор дошта, барои рафтуомади сайёҳони дохиливу хориҷӣ муносиб нест.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2003 таҳти рақами 475 Боғи табиии Сарихосор таъсис дода шудааст, ки масоҳати он 3805 гектарро ташкил медиҳад. Вале барои афзун намудани захираҳои биологӣ ва ташаккули инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳудуди ин боғ маблағгузорӣ мувофиқи мақсад нест. Бо сабаби нокифоя будани реклама ва корҳои тарғиботӣ оид ба рушди ҷаҳонгардӣ ташрифи гурӯҳҳои сайёҳии хориҷӣ ба Балҷувон хеле кам ба чашм мерасад. Дар Тоҷикистон Балҷувон аз ҷиҳати мавҷудияти захираҳои зиёди туристӣ байни 5 минтақаи асосии сайёҳии ҷумҳурӣ дар ҷои аввал меистад. Вале дар қиёс ба ин 4 минтақа, новобаста аз имкониятҳои мавҷуда, Балҷувон аз ҷиҳати рушди туризм қафо мондааст. Чунки механизми идоракунии туризм дар вилоят ба таври бояду шояд муайян нест ва ин раванд ба суст рушд ёфтани соҳа оварда расондааст. Захираҳои туристии ноҳия то ҳол ба таври зарурӣ ва мувофиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии туризми муосир истифода нашуда, шароити мусоид барои сайёҳон муҳайё нагардидааст.
Раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода зимни суҳбат ба мо гуфт, ноҳияро тавре бояд ба талаботи минтақаи туризми байналмилалӣ омода созем, ки барои сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми шароит ба меъёрҳои ҷаҳонии туризм ҷавобгӯ бошанд. Барои қабулу гуселонидани меҳмонон кадрҳои баландихтисос бояд якчанд забонро донанд, одоби муоширати миллӣ ва байналмилалиро хуб риоя намоянд.
Дар сурати иҷрои мукаммали маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории барнома амнияти сайёҳони дохилию хориҷӣ дар давраи сукунаташон дар ноҳияи Балҷувон метавонад пурра таъмин бошад.
Зимни сафари корӣ аз ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон, мо бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Сурхоб шинос шудем. Шамсулло Аҳадов гуфт, ки корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо айби вазорату ширкатҳои мутасаддӣ ва бо сабабҳои сари вақт ҷудо нагардидани маблағҳои муайян кашол ёфта истодаанд. Биноҳои бунёдшуда ва сохташавандаи маъмурӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, ҷойҳои истироҳатӣ дар соҳили рӯди тезҷараёни Сурхоб ҷойгиранд. Ҳангоми зиёд шудани ҳаҷми оби дарё, рахна шудани соҳил аз эҳтимол дур нест. Сохтмони ин гуна иншооти пурқимат дар мавқеи географии кунунии ноҳия мувофиқи мақсад нест.
Анҷом додани корҳои соҳилбандии канори чапи дарёи Сурхоб, дарёҳои Талхак, Оби Тира ва Оби Мазор, ки масофаи онҳо зиёда аз 7 километрро ташкил медиҳад, бе ҷалби сармояи хориҷӣ хеле мушкил аст. Беаҳамиятӣ ва хунукназарӣ нисбат ба моликияти давлат, гуноҳест нобахшиданӣ. Аз ин рӯ, ба вазорату идораҳои дар ин кор масъул ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлону ноҳияи Балҷувон пешниҳод менамоем, ки бо таҳия ва татбиқи як барномаи мукаммал дар пешгирии эҳтимоли сар задани селу обхезӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ноҳияи ҷаннатсиришти Балҷувон макони биҳиштосо ва зодгоҳи инсонҳои бузург мебошад. Дидани зебоиҳои нотакрор, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, арзишҳои табиӣ ва зиёрати бузургони ин диёри бостонӣ барои ҳар як фарди худогоҳу соҳибдили кишвар фарз асту суннат.

Холназар КАСИРОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2016    №: 5    Мутолиа карданд: 11394

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед