logo

сиёсат

ҲАҚИҚАТИ ТАЪРИХӢ ВА ҲИКМАТИ ВАТАНДОРӢ

Таърихи башарият дар паҳнои густардаи хеш шахсиятҳои тобнокеро, ки ба нафъи ҷомеа хидматҳои бунёдӣ кардаву ба сурати табиӣ соҳиби нуфузу эътибор гардидаанд, ҳамеша дар ёд дорад. Ва таҷрибаи инсонӣ нишон медиҳад, ки нуфузи фаромиллии як шахсияти сиёсӣ ё арбоби илму ҳунар дар шинохти давлату миллат, фарҳангу тамаддуни халқаш аз сӯи аҳли башар таъсиргузор аст.

Таҷрибаи зиндагӣ ва кору пайкори чунин фарзандони соҳибноми Ватан, ки фарогири ҳазорон қиссаву достон ва ёдномаву хотираҳост, ҳамчун саҳифаи сабақомӯзу ибратбахш барои наслҳои имрӯзу оянда хоҳад  буд. Фарзанди шарафманди миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳои беназири сиёсӣ мебошад, ки дар бунёдгузории таърихи навини  миллати мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ  нақши ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, дар робита ба хидматҳои бунёдии Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”, ки бо иродаи халқ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул ва аз сӯи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ якдилона ҷонибдорӣ шуд, воқеан ҳақиқати таърихӣ ва ҳикмати ватандорист. Зеро дар низомҳои гуногуни сиёсиву ҳуқуқӣ борҳо ин амр санҷида шуда, он барои бедории миллӣ ва рушди давлатдорӣ таъсири бевосита дорад.
Чунонки борҳо таъкид шуд, дар шароити ҳассоси ҷаҳони имрӯз доштани пешвои сиёсӣ барои миллати тоҷик, ҳамчун рамзи иттиҳоди халқ аҳамияти вижаи таърихӣ дорад. Ин аст, ки барои бозкушоии чунин як саҳифаи тозаи таърихи давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мардуми қадршиноси тоҷик иқдом кард ва баъдан он аз ҷониби вакилони халқ ба расмияти таърихӣ дароварда шуд. Албатта, далели ин иқдомҳо дар мавриди қабули қонуни мазкур фаъолияти содиқонаю созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва бунёди давлату эҳёи фарҳанги миллат аст.
Маҳз ҳамин сиёсатмадори тавоно тавонист, ки ҷанги шаҳрвандиро дар  Тоҷикистони соҳибистиқлол бо талошҳои пайгиронааш хотима бахшида, ба мардуми олам собит созад, ки миллати тоҷик собиқаи тӯлонии хирадпешагӣ, оштипазирӣ, таҳаммулгароиву сулҳовариро дорост. Ҳақиқати бебаҳс аст, ки дар ҳамин даврони тақдирсоз ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон хости Худованд буд, зеро маҳз ин сиёсатмадори пурҷасорат бори гарони он рӯзҳои барои миллат душворро ба дӯш гирифта, барои расидан ба сулҳу субот иршодгари воқеӣ шуд. Дар баробари роҳандозиву пойдор намудани сулҳу осоиштагӣ ва ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ Сарвари давлат зуҳуроти номатлуби ҷудоиандозӣ ва маҳалгароиро барҳам зада, худшиносиву созандагиро ҳамчун омили пойдории давлату миллат таҳким бахшид.
Таъмини сулҳу ваҳдати воқеӣ, ки ҳосили талошҳои созандаи Президенти мамлакат аст, ба оғози бунёдкориву созандагӣ ва рушди давра ба давраи иқтисоди миллӣ шароит фароҳам овард. Бо бунёди иншооти бузургу чашмгир дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, пулу нақбҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир Тоҷикистони азизро дар чашми хориҷиён чун кишвари рӯ ба тараққӣ ҷилвагар намуд. Гузашта аз ин, нуфузи бештар касб кардани Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар мамолики олам ба ташаббусҳои ҷаҳонии Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим дорад. Зеро даъватҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муборизаи муштараку қотеъона алайҳи терроризму экстермизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, гармшавии иқлим, ҳамкорӣ дар соҳаи об мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ва сиёсатмадорону коршиносон қарор дошт.
Шинохти дурусти талошҳои Перзиденти мамлакат дар эъмори ҷомеаи солим, истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ, низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҷойгоҳи муътабари ӯ дар миёни халқ моро дар ростои ин андеша қарор медиҳад, ки воқеан ҳам Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як воқеияти таърихӣ ва дарси ватандорист.

Абдулфаттоҳ РАҲИМОВ,
муовини ректори Донишгоҳи
давлатии Хуҷанд ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.01.2016    №: 5    Мутолиа карданд: 508

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед