logo

фарҳанг

САҲИФАИ «ШОМИ ШАНБЕ»

АСРОРИ АСПИ ТРОЯ
Имрӯз ривояти машҳурро дар хусуси муҳорибаи афсонавии Троя ва аспи Троя кӣ нашунидааст?
Албатта, ин ривояти мароқангез бовар кардан душвор аст, аммо ҳанӯз дар асри гузашта ҳафриёти бостоншиноси номии олмонӣ Ҳенрих Шлиман (1822-1890) исбот намуд, ки чунин шаҳр вуҷуд доштааст. Таҳқиқоти бостоншиносии муосир воқеаҳои фоҷиавии дар охирҳои асри XIII – оғози асри XII то эраи мо ба вуқӯъ пайвастаро собит месозанд. Имрӯз маълум аст, ки задухӯрди ҳарбии байни артиши иттифоқчиёни давлатҳои ахейиҳо бо шаҳри Троя (Илион), ки дар соҳили баҳри Эгей доман густурда буд, дар байни солҳои 1190 ва 1180 то милод (ба қавли дигар наздикии соли 1240 то эраи мо) сурат гирифтааст. 
Манбаъҳои нахустини ин ҳодисаи афсонавӣ ва ҳам беҳад фоҷиаангез достонҳои «Илиада» ва «Одиссей» - и Ҳомер ба шумор мераванд. Баъдтар дар ин мавзӯъ бисёр асарҳо падид омаданд, ки аксар маҳсули бофтаҳои нависандагон буданд. Мутобиқи гуфтаҳои ин асарҳо сабаби ҷанг рабудани Еленаи соҳибҷамол, завҷаи Менелай, шоҳи Спарта, аз тарафи Парис, писари Приам, шоҳи Троя буд. Бо даъвати Менелай қаҳрамонҳои асотирии Юнон ба ёрии ӯ омаданд. Аз рӯи «Илиада» бошад, барои озод намудани дуздидашуда артиши юнониҳо бо сарварии шоҳи микениҳо Агамемнон, бародари Менелай, сафарбар гашт. Гуфтушунидҳо дар бобати баргардондани Елена бенатиҷа анҷом пазируфтанду юнониҳо ба ҷанг сар карданд. Дар муҳорибаҳо худоҳои афсонавӣ низ иштирок доштанд. Афина ва Гера аз тарафи юнониҳо, Афродита, Артемида, Аполлон ва Арес аз ҷониби трояниҳо. Трояниҳо даҳ маротиба камтар буданд, вале шаҳр устувор истодагарӣ мекард.
Шаҳри Троя якчанд километр дуртар аз Геллеспонт (Дарданелл) қомат афрохта буд. Аз доманаи шаҳр роҳҳои зиёди тиҷоратӣ мегузаштанд, ки аз онҳо қабилаҳои юнонӣ фоида мебурданд. Шояд трояниҳо ба тиҷорати юнониҳо халал мерасониданд, ки онҳо ҳама бар зидди Троя иттифоқ бастанду дар натиҷа ҷанг солҳои зиёд тӯл кашид.
Троя, имрӯз мавзеи он Ҳисораки Туркия ном дорад, бо девори баланди дандонадори сангӣ қалъабандӣ шуда буд. Ахейиҳо ҷуръати ба қалъа ҳамла овардан накарданд ва онро ба муҳосира низ нагирифтанд. Аз ин рӯ, амалиётҳои ҳарбӣ дар соҳили Геллеспонт дар майдони байни шаҳру урдугоҳи юнониҳо мегузаштанд. Трояниҳо гоҳо ба урдугоҳи душман зада даромада мехостанд киштиҳои ба соҳил кашида баровардаи онҳоро сӯзонанд.
Ҳомер 1186 киштии юнониҳоро шумурдааст, ки сад ҳазор лашкар оварда буд. Бешубҳа, адади киштиҳо ва ҳам лашкар аз будаш зиёд зикр ёфтааст. Зеро киштиҳо хурд будаанд, ки онҳоро ба соҳил кашида баровардану боз ба зудӣ ба баҳр сар додан осон будааст. Чунин киштӣ 100 одамро, албатта, бардошта наметавонист. 
Ахейиҳоро (як қабилаи юнониҳо) Ҳомер «найзапарто» меномид, зеро онҳо бо найзаҳои нӯгашон мисӣ мусаллаҳ буданд. Лашкари савора ва ҳам сардорони қабилаҳо дар аробаҳои дучархаи ҳарбӣ меҷангиданд. Ба қавли Ҳомер ҷанг рӯзе бо аробаҳо, рӯзи дигар бо ҷанги тан ба тани паҳлавонон, рӯзи сеюм бо ҳуҷуми умумӣ бо иштироки камонкашҳо мегузашт. Тааҷҷубовар нест, ки дар ҳамаи ин муҳорибаҳо ҷанговари зӯр бар заиф ҳатман пирӯз мешуд.
Ахилли мағлубнопазир дар ҳамаи ҷангҳои як ба як ғолиб меомад. Патрокл, дӯсти Ахилл, бо дасти Гектор, писари шоҳи Троя, кушта шуд. Ва худаш низ дар муҳорибаи тан ба тан бо Ахилл ҷон бохт.
Бо ҳамин  «Илиада» - и Ҳомер анҷом мепазирад.
(Давом дорад)
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият».
Тарҷума аз русӣ 

 

Ҳикоят
Ҳакиме писаронро панд ҳамедод, ки ҷонони падар, ҳунар омӯзед, ки мулку дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар ба маҳали хатар аст: ё дузд ба як бор бибарад, ё хоҷа ба тафоруқ бихӯрад. Аммо ҳунар  чашмае зоянда асту давлате поянда. Агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, ғам набошад, ки ҳунарманд дар нафси худ давлат аст, ҳар ҷо, ки равад, қадр бинад ва дар садр нишинад ва беҳунар луқма чинаду сахтӣ бинад!
* * *
Сахт аст пас аз ҷоҳ таҳаккум бурдан,
Хӯ карда ба ноз, ҷаври мардум бурдан.

* * *
Вақте афтод фитнае дар Шом,
Ҳар кас аз гӯшае фаро рафтанд.
Рустозодагони донишманд,
Ба вазирии подшо рафтанд.
Писарони вазири ноқисақл,
Ба гадоӣ ба русто рафтанд.

 

МАСЛИҲАТҲО АЗ ДЕЙЛ КАРНЕГИ
- Номи инсон барояш аз ҳама чизи ширин ва садои форам ба дилхоҳ забон аст.
- Оқибати бадтарини кирдори худро тасаввур кун, пешакӣ ба он тан деҳ ва амал намо!
- Дар хотир доред, ки ҳамсуҳбати шумо метавонад тамоман ноҳақ бошад. Вале ӯ ҳаргиз чунин гумон надорад. Маҳкумаш накунед, кӯшиш намоед, ки  ӯро фаҳмед. Танҳо одамони оқилу сабур дар ин ҳолатҳо чунин рафтор мекунанд.
- Ҳар кадоми мо ҳамагӣ чанд даҳсола дар рӯи замин ба сар мебарем. Вале соатҳои бешумореро дар фикри хафа шуданамон аз касе ё аз чизе беҳуда сарф мекунем, ки пас аз як сол онро на танҳо худи мо аз хотир мебарорем, балки тамоми атрофиён низ фаромӯш мекунанд.

Тарҷумаи Қ. ШАРИФӢ, «Ҷумҳурият»

 

ҲАМИН ҲАМ ҶӮРАГӢ ШУД
Солҳои донишҷӯӣ  ҷойи ҷамъомади дӯстони ҳамсабақ хонаи Пӯлод Толис буд. Он вақт Толис дар кӯчаи ба номи Орҷоникидзе (ҳоло Бухоро), дар хобгоҳи Иттифоқи нависандагон мезист.
Ҳар бори ба Хуҷанд рафтан ӯ китобҳои хондаашро ба халта андохта, ҳамроҳаш мебурд ва дар бозгашт халтаро пури ғӯлинги қандак карда, ба Сталинобод меовард. Ҳамсабақон Бобо Ҳоҷӣ, Толис ва дигарон  ғӯлингро маза карда мехӯрданд. Ва донакашро то дили шаб шикаста,  бо чойи хушбӯ нӯши ҷон мекарданд…
Суҳбат гарм ва хандаҳо осмонкаф, ки буданд,  тақ – тақи гӯшхароши донакшиканӣ ба гӯши касе намеғунҷид.
Аммо устод Мирзо Турсунзода, ки дар қабати  якуми бино мезист, боре бо Толис бархӯрда гилаомез мегӯянд:
- Толисҷон ғӯлинги қандакро худатон танҳо мехӯреду донакашро дар сари мо мешиканед. Ҳамин ҳам ҷӯрагӣ шуд…?
Таҳияи Умар АЛӢ

 

«БЕҲУНАРТАРИН» ЗАНИ ДУНЁ
Соли 1915 ба директори яке аз театрҳои назди Москва хонуми ҷавоне аз номи дӯсти наздикаш мактубе овард. Он аз номи антрепренёри машҳури москвагӣ Соколовский буд. «Ванюшаи азиз, - навишта буд Соколовский, - ин хонумчаро танҳо барои он ба наздат мефиристам, ки аз ӯ халос шавам. Бояд бигӯям, ки ӯ ҳеҷ ояндаи неку дурахшон надорад, зеро на танҳо намуд, балки ҳунараш ҳам ҷолиб нест. Ман ба ӯ ҷавоби рад дода наметавонам.  Ту як илоҷ карда ӯро аз ин роҳи интихобкардааш баргардон. Ин барои ӯ ва театр бештар нафъ дорад. Фаина Раневская беҳунартарин зани дунёст, зеро тамоми нақшҳояш якранганд».
Директори театр, албатта, ба гапи дӯсташ Соколовский бовар кард, вале маҷбур буд, ки худи ҳамон бегоҳ ин актрисаи «беҳунар» - ро ба саҳна барорад. Яке аз бозигарон бемор шуда буд. Ҳамон бегоҳ Фаина Георгиевна дурахшиду якбора маликаи маҷолиси театрии Москваю рус гардид.    

Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 

ЛУТФИ БУЗУРГОН

Арбоб занад ба ҳар боб
Искандари Мақдунӣ ҳангоми хурдсолиаш мехост асбоби мусиқии кифарро аз бар намояд. Боре мувофиқи рабти мусиқӣ устодаш аз ӯ хоҳиш намуд, ки ба як тори кифар нохун бизанад. Искандари якрав ба тори дигари асбоб ишора намуда, пурсид?
- Агар ба тори дигараш нохун бизанам чӣ мешавад?
- Ҳеҷ чиз, - посух дод устод. – Барои касе, ки ҷаҳонро таслим хоҳад кард фарқе надорад, аммо барои касе кӣ мехоҳад кифар навохтанро ёд бигирад фарқи калон дорад.

Фаришта
Яке аз олимони замонаш бисёр мехост, ки бо Волтер шахсан шинос шавад. Барои ин ӯ ба Ферне, ки Волтер бо ҷиянаш зиндагӣ мекард, ташриф овард. Ҷияни нависанда Дени ӯро хуш пазируфта бошад ҳам, дидори адиб ба ӯ насиб нагардид. Ноумед гашт, вале пеш аз он ки равад, коғазу қалам хоста чунин навишт: «Ман Шуморо фаришта мешуморидам. Имрӯз ба ин бори дигар муътақид гардидам. Дар бораи Шумо шунидан мумкин аст, вале Шуморо дидан амрест маҳол!»

Ҳамдигарро набинем беҳтар
Волтерро бо табибе риштаҳои дӯстӣ ба ҳам мепайваст. Онҳо ба хонаҳои ҳамдигар ба меҳмонӣ рафта, то нисфи шаб суҳбат карданро дӯст медоштанд. Боре Волтер бемор шуд. Ба ӯ хабар расониданд, ки дӯсти табибаш ташриф овардааст. Волтер коғазу қалам хоста ба дӯсташ чунин навишт: «Ҳоло ки мариз ҳастам бо Шумо вохӯрда наметавонам. Маро маъзур доред. Ҳине ки сиҳат шудам суҳбат хоҳем кард».

Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»

 

ҚИМАТТАРИН …
китоб
«Кодекси Лестер» (Codex Leicester) аслан дафтари сабти корҳои илмӣ мебошад, ки онро  Леонардо да Винчи солҳои 1506  – 1510 дар Милан навиштааст. Он аз 18 саҳифа иборат буда, чапа навишта шудааст, яъне матнро бо оина метавон хонд. Соли 1717 граф Лестер дастнависро мехарад ва он «Кодекси Лестер» ном мегирад…
Соли 1994 тариқи музояда асосгузори «Майкрософт» Бил Гейтс «Кодекси Лестер»-ро ба ивази 30,8 миллион доллар харидорӣ менамояд, ки то ҳол китобе бо чунин арзиш вуҷуд надорад.

асари рассомӣ
Расми кашидаи Пол Гоген – «Ту кай ба шавҳар мебароӣ» (Nafea Faa Ipoipo) моҳи феврали соли 2015 бо нархи 300 миллион доллар ба аморати Қатар фурӯхта шуд. Ин асари рассомӣ соли 1892 офарида шуда, зиёда аз 50 соли охир дар яке аз осорхонаҳои Женева маҳфуз буд.

чой
Дар музофоти Футзияни Чин шаш бех ниҳоли чой аст, ки умри зиёда аз 350-сола доранд. Ҳар сол аз онҳо баргҳои навшукуфтаи аввалро мечинанд, ки ҳамагӣ 500 грамм чой ҳосил мешавад.  Он бо номи «Да Хун Пао» (Ҷомаи сурхи калон) машҳур буда, танҳо тариқи музояда метавон як килограмми онро 700 ҳазор доллар харидорӣ намуд. 

Таҳияи Ф. АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

 

ДАР ҲОШИЯИ «МАРГИ СУДХӮР»

Хасис
Қорӣ рӯзе ба ҳавлӣ даромада занашро дар тараддуди партофтани хокистари оташдон мебинад. «Исто канӣ» гуфта, ҳароратсанҷро ба хокистари табақ мехалонад. Чун мебинад, ки ҳанӯз гармӣ дорад,- «қафо гардон, ҳоло истифода бурдан мумкин» - гуфта, ғавғо мебардорад.

* * *

Қорӣ то дами вопасин афсӯс мехӯрд, ки молу матои дар ҷанозааш ҷамъшуда ба мардум мемонад ва ҳамин ҳасратро ба гӯр бурд.

* * *

Ва ниҳоят қориро зарур уфтод, ки нисбати хонадор гаштани писараш маъракачае ташкил карда, баъзе аз шиносону ҳамсояҳоро даъват намояд. Одамонро ин тавр таклиф кард: - Ба хаёлам, бегоҳ маърака дорам, ё… надорам.
Гурез САФАР

 

ПОЙАНДОЗ
Ҳа, ба тӯйи ҷиян дасти холӣ омад тағо. Ният карда буд, ки шабро дар тӯйхона мегузаронаду пагоҳӣ аз бозори худи шаҳр ягон чорво харида тӯёна мебарад.
… Дари тӯйхона аз одам пур буд. Ҷияни серкор гоҳ ин тараф мерафту гоҳ он тараф, гоҳ инро пешвоз мегирифту гоҳ онро… Вале тағоро пешвоз нагирифт, ӯро дасти холӣ дида, ҳатто салом надод. Рӯ тофту даруни ҳавлӣ даромад…
Тағо шабро дар тӯйхона ба ҳоле рӯз карду субҳи барвақт молбозор рафт.
…Дари тӯйхона боз аз одам пур. Ҷияни серкор гоҳ ин  тараф мерафту гоҳ он тараф, гоҳ инро пешвоз мегирифту гоҳ онро… Нохост чашмаш ба тағояш афтод, ки гӯсфанди фарбеҳеро кашола карда меояд.
- Ҳо-о, занак! Пойандоз биёр, пойандоз! Тағом омад. Зудтар пеши пошон пойандоз парто!
Пойандозро оварданд.
- Не, ҷиян,- оромона гуфт тағо. – Пеши пои ман пойандоз мепартофтӣ, дина мепартофтӣ. Ҳа. Пойандозро пеши пои гӯсфанд парто, ҷияни тағош.
Гурез САФАР

 

МУҲОСИБ
Дар корхонае, ки сармуҳосиб мекофтанд, се нафар довталаб назди роҳбар даромаданд. Директор аз онҳо суол кард: «Ду карат ду чанд мешавад?»
- Чор, - ҷавоб дод шахси аввал.
- Бубахшед, ба ман чунин сармуҳосиб лозим нест...
- Панҷ, - ҷавоб дод шахси дуюм.
- Шумо ҳам аз уҳдаи кори мо намебароед, - норозиёна гуфт директор.
- Бубахшед, ба андешаи шумо бояд чанд шавад? -  пурсид довталаби сеюм.
- Ана ин хел сармуҳосибро ман меҷустам, - гуфт директор бо қаноатмандӣ ва дасти ӯро сахт фишурда, ба вазифаи нав табрик кард.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»

 

НОГУФТАҲО ОИД БА ОДАТҲОИ АҶИБИ МАРДУМИ ШИНОХТА
Шиллер танҳо ҳангоме кор мекард, ки пойҳояш дохили тағораи бо оби хунук пуркардашуда монда бошад.

* * *
Математики машҳур Декарт танҳо дар ҳолати бо ҳузур дароз кашидан, андеша ронданро дӯст медошт. Аксари теоремаҳояшро ӯ дар ҳамин ҳолат «офаридааст».
* * *
Нависандаи фаронсавӣ Ги де Мопассан манораи Эйфелро чашми дидан надошт. Новобаста аз ин, ҳар рӯз ӯ хӯроки чоштро дар тарабхонаи ҳамин манора мехӯрд. Дар ин ҳолатҳо ӯ мегуфт, ки «ягона ҷойе, ки аз он ин манораи манфурро намебинад, дохили он аст!»
* * *
Исаак Нютон, ки хеле одами хаёлӣ буд, як маротиба ба ҷойи тухмҳои дар дасташ дошта, соати кисагиашро бирён карда буд. Эйнштейн бошад, ҷӯробро, ки як ҷузъи муҳими гардероби муосирро ташкил медиҳад, хеле бад медид. Чанде пеш як мактуби ӯ ба ҳамсараш интишор шуд. Дар он гуфта мешавад, ки ҳатто дар ҳолатҳои тантанавӣ низ ман бе ин ҷузъи тамаддуни муосир мегаштам. Дар ин ҳолатҳо маро ботинкаҳои соқашон баланд аз шармандагӣ раҳо медоданд. Ӯ ҷӯробро аз солҳои ҷавониаш дӯст надошт. Зеро, чунин меҳисобид, ки «хоҳу нохоҳ нарангушт дар он сӯрохӣ пайдо мекунад. Оё меарзад, ки барои ҷӯроби сӯрох маблағ сарф намуд?»

* * *
Композитор Сарти аз рӯшноии офтоб ҳарос дошт. Ӯ оҳангҳояшро дар хонаи холӣ ва торик эҷод мекард.

* * *
Бетховен ҳангоми эҷоди асари нав риш наметарошид. Ӯ чунин меҳисобид, ки тарошидани риш илҳомро мегурезонад. Баръакс, ӯ дар ин ҳолат барои пурратар кор кардани мағзаш ба болои сараш як сатил оби хунук мерехт. Аз чи бошад, ки нӯшидани қаҳваи аз 64 донаи он омодашударо дӯст медошт. Хидматгоронаш бо ин хислати ӯ ҳеҷ кор карда наметавонистанд. Қаҳва, агар аз як донаи кам ё зиёди он омода шуда бошад, зуд аз тамъаш мефаҳмид ва хидматгоронро мавриди муҷозот қарор медод.
* * *
Иоҳан Штраус чунон шитобзада буд, ки гӯиё вақти барояш ҷудошуда ба охир мерасида бошад. Валсҳои машҳури худро ҳангоми аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар гузаштан эҷод кардааст. Барои ин пешакӣ дар ҳар ҳуҷра қаламу коғаз омода шуда буд.

* * *
Николо Паганини бошад, баръакс оромиро дӯст медошт. Ӯ соатҳо дар қабристон скрипканавозӣ менамуд. Танҳо пас аз ин метавонист асари хубе эҷод намояд.

* * *
Актриса Сара Бернар одати тамоман аҷиб дошт. Ӯ метавонист рост истода хоб равад. Ҳангоми суҳбат бо ягон нафари шинос ӯ метавонист чашмонашро пӯшида 10 – 15 дақиқа пинак равад. Пас аз ин, гӯиё ҳеҷ воқеае рух надода бошад, ба суҳбат идома медод. Танҳо ҳангоми синну солаш ба ҷойе расидан хонум ин одати худро «партофтанд».

* * *
Аскари ҳақиқӣ Александр Суворов одатҳое дошт, ки ба замони ҷанг ҳеҷ мувофиқ набуданд. Ӯ ҳамарӯза соати 6 – и бегоҳ ба хоб рафта соати 2 – и шаб аз хоб мехест. Бедор шудан замон аз сараш оби хунук мерехт, то худро хуб ҳис намояд. Дар ҳама фасли сол рӯйи пахол  хоб рафта, худро бо як қабат болопӯши тунук мепӯшонид.

Таҳияи М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»      


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.01.2016    №: 6    Мутолиа карданд: 538

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед