logo

ҳуқуқ

СУҒД: БЕШ АЗ 700 ГЕКТАР ЗАМИНИ ТОРОҶШУДА БАРҚАРОР ГАШТ

Соли 2015 дар вилояти Суғд 206 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар бораи тақсими замин бекор гардид, ки дар натиҷа беш аз 700 гектар қитъаи замини дар истифодаи ғайриқонунӣ қарордошта ба ҳолати аввала баргардонда шуд.

Ин матлаб дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Суғд, ки бо иштироки Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир шуд, баён гардид. Дар он натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратураи вилоят дар соли 2015 мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон вазифаҳо барои соли 2016 муайян шуданд.
Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилоят, изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур зиёда аз 1100 санҷиши прокурорӣ амалӣ гашта, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳо беш аз 1600 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Зикр шуд, ки дар асоси санадҳои прокурорӣ 5565 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ, 2098 нафар интизомӣ, 849 нафар ба ҷавобгарии моддӣ маҳкум гардидаанд. Дар ҳамин ҳол, маблағи зарар ба андозаи 115,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла 51,9 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ, 26 миллион сомонӣ ба манфиати корхонаҳо барқарор гардид.
Дар ҷаласа ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа арзёбӣ шуд. Бо нигаронӣ ба ин масъала зикр шуд, ки дар соли 2015 нисбат ба 15 нафар шахси гунаҳкор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, аксари гунаҳгорон бо ҳукми суд ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум гаштанд.
Дар робита ба ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла гирифтани пора, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз 189 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва амалҳои ғайриқонунӣ дар ин самт мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дар ҷаласа ба зуҳуроти номатлубе чун терроризму экстремизм таваҷҷуҳ зоҳир гардида, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар маҷмӯъ 345 ҷинояти хусусияти террористию экстремистӣ дошта ошкор шудааст.
Зимнан, Прокурори генералӣ аз кормандони мақомоти прокуратура тақозо кард, ки баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои экстремистию террористӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва ҷиноятҳои коррупсионӣ, бахусус, гирифтани пора таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монанд. Раҳмон Юсуф Аҳмадзод таъкид кард, ки арзу шикоят ва муроҷиати шаҳрвандон низ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шуда, ҷиҳати барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи онҳо чораҳои қатъии қонунӣ андешида шаванд.

Ҷовиди АШТӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.01.2016    №: 6    Мутолиа карданд: 468

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед