logo

сиёсат

ДАР ЛИБОСИ ДӮСТ, АММО КОРИ ДУШМАН МЕКУНАНД

Дар партави мақолаи С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Шуури муқаррарӣ)

Дар раванди ташаккули фард омилҳои иҷтимоӣ ва махсусан, шуури ҷамъиятӣ нақши муассир дошта, чӣ гуна ташаккул ёфтани шахсият ба омилҳои иҷтимоӣ сахт марбут аст. Ҳанӯз донишманди англис Ҷон Лок (1632 - 1777) муътақид буд, ки ҳангоми тавлид зеҳни инсон ва зеҳни кӯдак мисли лавҳаи тозаи соф (tabula rasa) аст ва дар он ҳеҷ гуна идеяҳои фитрӣ - модарзодӣ нест. Яъне бо такя кардан ба ин ақида, метавон ба натиҷае расид, ки минбаъд чӣ гуна ва дар кадом шакли бовару эътиқод ва донишу маънавиёт сурат гирифтани сарнавишти як инсон сад дарсад аз омилҳои иҷтимоӣ, махсусан аз муҳити иҷтимоӣ ё шуури ҷамъиятӣ вобаста аст.
Ҳамин мавзӯъро бо назардошти вазъи геополитикӣ ва бархӯрди манфиатҳо дар ҷаҳони муосир донишманди тоҷик, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Саймумин Ятимов дар мақолае таҳти унвони «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» (Шуури муқаррарӣ) мавриди таҳлил қарор додааст.
Дар муқаддима муаллиф муҳимияти масъалаи тадқиқро вобаста аз равандҳои геополитикии ҷаҳони муосир ва таъсири он ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, омилҳои хориҷию дохилӣ дар раванди ташаккули воқеиёти муосири минтақавию ҷаҳонӣ асоснок менамояд. Таъкид мешавад, ки бунёди олами муосир таърихан ба рақобати носолим асос ёфта, он ҳамчун падидаи одию маъмулӣ дар сатҳи муносибатҳои байналмилалист ва аз ин рӯ, ҳар гуна паёмадро дар ин рақобат метавон интизор шуд. Масъалаи бархӯрди манфиатҳо ва дар самти расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ бозингарони минтақавию ҷаҳонӣ аз василаҳои гуногун истифода менамоянд, ки дар шароити феълӣ роиҷтарини он таъсир расондан ба шуури муқаррарии қишрҳои муайяни аҳолӣ маҳсуб мегардад. Муаллиф дуруст қайд менамояд, ки барои «муваффақона роҳандозӣ» кардани нақшаҳои муайян рақибони геополитикӣ, тарафҳо, структураҳо, дараҷаҳо, гуногунии типологӣ, соҳа, шакл, вазъият, раванди шаклгирии шуури муқаррариро ба инобат мегиранд. Дар самтгирии он бевосита ва бавосита таъсир мерасонанд.
Мусаллам аст, ки вазъи кунунии геополитикии ҷаҳон ва ҳодисаҳое, ки дар Ховари Миёна ба вуҷуд омаданд, таъсири худро ба аксари кишварҳои ҷаҳон расонда, идомаи мантиқии ин бозиҳо дар марзҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон идома доранд. Воқеан, аҳамияти пажӯҳиши мазкур дар замони муосир бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ниҳоят зарур мебошад. Ҳадафу муҳимияти масъаларо муаллиф чунин менигорад: «Масъалаи асосии амнияти миллӣ, шуури худшиносии миллӣ, пойдевори он шуури муқаррарӣ аст. Дар мусобиқа ва рақобати байни миллатҳо он муассиртарин омил мебошад».
Бахши дуюми мақола, ки унвонии он «Воқеият ва инъикоси он дар шуури муқаррарӣ» ном дорад, муаллиф дарк ва инъикоси воқеиёт дар шуури муқаррарӣ ва махсусан, аз тарафи кӣ ва чӣ гуна таҳмил, инчунин санъати нақшофарии геополитикҳоро муҳим ва муассир арзёбӣ менамояд.
Муаллиф воқеънигорона ҳодисаҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бавуқӯъпайвастаро аз ҳамин дидгоҳ таҳлил намуда, онро давоми мантиқии бозиҳои геополитикие медонад, ки ба хотири густариши манофеъи хеш бозингарон ба василаи шахсиятҳои беҳувияти инструменталӣ, ки дар зеҳни омма онҳоро ниҳоят муҳим таҷассум намудаанд (аз қабили назарзодаҳо ва кабириҳо) ба вуқӯъ пайваст. Воқеияти шахсиятҳои инструменталӣ он аст, ки дар онҳо озодӣ ва иродаи фардӣ вуҷуд надорад, зеро онҳо на ба амалу пайкори хеш, балки тавассути василаҳои таъсиррасонии сармоягузоронашон ба «шахсияти матраҳ» табдил меёбанд. Аз ин рӯ, барои ин тоифа муҳим иродаи сармоягузоронашон аст, на чизи дигар.
Бахши дигари мақола «Структураи ҷаҳонбинии муқаррарӣ» ном дорад. Дар ин қисмат таркиби ҷаҳонбинии муқаррарӣ мавриди пажӯҳиш қарор мегирад. С. Ятимов дар ин бахш масъалагузорӣ менамояд, ки шакли классикии шуури муқаррарӣ дар раванди ҷаҳони муосир ниёз ба таҷдиди назар ва бозшинохти илмӣ дорад. Муаллиф дуруст қайд мекунад, ки ба таркиби унсурҳои шуури рӯзмарра ҷузъиёти хориҷӣ беш аз пеш метавонад дахолат намояд. Воқеият ин аст, ки ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷомеаи иттилоотӣ буда, дар он чӣ гуна ва бо кадом мақсад ва аз тарафи кӣ, ба манфиати кӣ шарҳу тавзеҳ ёфтани хабар ва инъикоси он равона карда шудааст. Имрӯз яке аз воситаҳои асосии таъсиррасонӣ, ки тавассути радио ва телевизион, алоқаҳои моҳворавию электронӣ метавонанд, ахбори тахрибкориро нисбат ба шуури рӯзмарра равона кунанд ва тавассути он психологияи ҷамъиятиро ба изтироб ва танишҳои гуногун оварда расонанд. Чунин таҷрибаи талхи сиёсиро дар инқилобҳои «Баҳори араб» метавон мушоҳида намуд. Муаллиф бо таассуф қайд мекунад, ки «дар ҷомеаи мо ҳанӯз шуури назариявӣ – систематикунонидашуда дар оғози шаклгирист ва ҷавҳари онро бояд илм, маърифат, тарғиби илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ – дар асоси он рушди рақобатпазирии миллӣ ташкил кунад, ҳатто дар байни зиёиён ва мансабдорон мисли парастиши афкори теологӣ, догматикӣ, ғайриилмӣ боло мегирад. Чунин хосияти ақибнишинӣ ва бетарафии чомеа, махсусан ҷавононро дар ҳолати ногувор мемонад. Дастовардҳои ҳазорсолаи ақлсолорӣ, баҳспазирӣ ва ҳувияти миллиро зери суол мебарад. Шуури рӯзмарраро фарогири ғояҳои бегонагон мегардонад. Амалкарди анъанавӣ – позитивии онро заиф месозад. Давлати миллиро рӯз ба рӯз осебпазир мегардонад. Ин аз хатарноктарин равандҳои ҷомеаи имрӯз мебошад».
Қисмати чоруми мақола «Муҳтавои шуури муқаррарӣ» ном дошта, муаллиф муътақид аст, ки ин муҳтаво чизи хаотикӣ, номуназзам ва бидуни шакл нест, гарчанде муқаррарӣ, одӣ, тоилмӣ ва оммавӣ ҳам бошад, муташаккил аст. Дар зуҳурот устувории он аён мегардад. Ҳамин муташаккилии шуури муқаррарӣ аст, ки он метавонад асос ва пойдевори суботи давлати миллӣ ва умуман, ҷомеаи башарӣ бошад ё баръакс. Воқеият ин аст, ки бозигарони минтақавию ҷаҳонӣ дар шуури муқаррарӣ, рӯзмарра ва одӣ такя мекунанд ва бо роҳи мағзшӯӣ манфиатҳои хешро амалӣ менамоянд. Онҳо роҳи гуногунро истифода менамоянд, то зеҳнияти беарзиш кардани арзишҳои мавҷударо тавассути сиёсикунонии дин, эътиқод ва боварҳои афрод ба миён оранд. Тавре донишманд қайд мекунад, новобаста аз мансаб, боигарӣ ҷоҳу ҷалол манфиати миллӣ, ин гурӯҳи мағзшӯишуда дар вобастагии кулл ба маводи мухаддири навъи сиёсӣ – дин мемонанд. Дар либоси дӯст ҳам кори душман мекунанд.
Қисмати дигари мақола «Шуури муқаррарӣ ва муносибатҳо» унвон гирифта, дар ин бахш муаллиф таъкид менамояд, ки дар муносибат ба шуури муқаррарӣ зарур аст онро ҳамчун пойдевори давлати миллӣ шинохт. Сифати матои он сифати давлати миллӣ аст. Бо назардошти ин муҳимият, шуури фард аз оғози ташаккул то нафаси охирин бояд дар партави манфиатҳои миллӣ рушд намояд. Дар хулоса, муаллиф вазифаи шуури рӯзмарраи солимро муқаррар менамояд, ки он интихобан ба эҳтиёткоронаю мақсаднок ва тибқи масъулияти ватанхоҳӣ амал кардан аст. Ин ҷараён бояд дар атрофи рӯҳияи беҳтару хубтар кардани зиндагӣ, дар доираи ҳимояи манфиатҳои миллӣ тибқи имконоти фардию гурӯҳӣ ва худи ҷомеа сурат бигирад. С. Ятимов ин воқеиятро тасдиқ менамояд, ки кӯшиши бегонагон барои хунсо кардани ҳамин ҷузъиёти муҳим дар сохтор ва муҳтавои шуури муқаррарӣ равона шудааст.
Ҳамин тавр, мақолаи мазкур аҳамияти илмию амалӣ дошта, барои боз ҳам боло бурдани муқовимати ҷомеа дар баробари хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ ва бозиҳои бузурги геополитикӣ ниҳоят зарурӣ ва саривақтист.

Исомиддин ШАРИФЗОДА,
номзади илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.01.2016    №: 6    Мутолиа карданд: 785

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед