logo

фарҳанг

АГАР САРБАНД ЛЕВАКАНД ШАВАД…

Мо, ходимони илмии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон бо фаъолону ҷамоатчиёнамон дар масъалаи омӯзиши таърихи вилоят, алалхусус шаҳри Қӯрғонтеппа таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, бостоншиноси пуртаҷриба В. С. Соловёв корҳои зиёди илмию таҳқиқотиро анҷом додем. Азбаски дар осорҳои таърихӣ бо ҳар шакл гуфта мешуд, ки шаҳри Леваканд дар соҳили чапи дарёи Вахшоб воқеъ будааст, тахмин кардем, ки (танҳо тахмин) шояд Леваканди қадима ин шаҳри Қӯрғонтеппаи имрӯза бошад. Ин тахмин дар ҷамъомадҳои шаҳрию вилоятӣ иброз гардид ва расонаӣ шуд. Ана, баъди ҳамин мардуми Қӯрғонтеппаю навоҳии атроф ва ҳатто роҳбарону ходимони идораҳои вилоятӣ бо вожаи Леваканд каму беш ошноӣ пайдо карданд ва онро ба забон мегирифтагӣ шуданд. То ин вақт, ин вожа фақат дар китобҳои таърихӣ буд.

Аммо баъдтар ду чиз сабаб шуду байни мо ходимони осорхона фарзияи дигар ба миён омад: шаҳри Леваканди қадим шояд мавзеи туркманнишини Лебаби ноҳияи Ҷилликӯл бошад. Сабаби якум, ҳамон маълумоти дар сарчашмаҳои таърихӣ омада буд, ки Леваканд дар соҳили чапи Вахшоб аст ва дуюм худи ойконими «Лебаб».
Ойконими «Лебаб» шакли тағйирёфтаи мафҳуми тоҷикии «Лаби об» аст. (Бо талаффузи туркманҳо «леби аб» ва боз ҳам кӯтоҳтаршудаи «лебаб»). Ана, аз ҳамин мантиқ андеша ронда, мо ба ин фарзия омада будем. Зеро маълумоти дар соҳили (дар лаби) чапи Вахшоб ҷойгир будани Леваканд худ аз худ маънои ҳамон ойконими Лебаб (лаби об, лабоб) - ро ифода мекард. Қисми дуюми ойконими Леваканд, яъне «канд» маънии шаҳрро дорад. Агар ба шарҳи болотар омадаи «лебаб» такя кунем, пас, имкон дорад, ки қисми якуми вожаи Леваканд - «лева», шакли дигаргаштаи мафҳумҳои «лебаб» (леби аб), «лабоб» (лаби об), «лавоб» (лави об) бошанд. Дар ин маврид андешаи он, ки ойконими Леваканд шакли вайроншудаи Лабобканд (шаҳри лаби об) ё Лавобканд (шаҳри лави об) ҳастанд, эҳтимолияти дурустӣ доранд. Яъне, Леваканд шаҳри лаби об гуфтанӣ гап аст. Ин фарзияҳои моро мушовирамон В. С. Соловёв ҳам ҷонибдорӣ карда буданд.
Баъдтар боз фарзияҳои дигар пайдо шуданд. Ин дафъа ба доираи фарзияамон маҳаллаи Қавунтеппаи Ҷамоати деҳоти ба номи Куйбишеви ноҳияи Бохтар (ҳоло ҳудуди совхози Файзалӣ Саидов), ки 4 - 6 км шимолу ғарбтари шаҳри Қӯрғонтеппа ва деҳаи «Қизилюлдуз» - и Ҷамоати деҳоти  «Авангард» - и ҳамин ноҳия, ки дар масофаи 4 км шимолу шарқтари Қӯрғонтеппа воқеанд, фарогир шуданд. Зеро дар мавзеи аввалӣ теппаи калони қадимӣ ва дар дуюми хумҳои хеле зиёд ва калон - калон пайдо шуданд. Илова бар ин, рӯзноманигор Қиёмиддин Сатторӣ баъди 4-5 сол, дар асоси нигоштаҳои академик В. В. Бартолд фарзияи нисбатан асоснок пешниҳод кард, ки шаҳри Леваканди қадим дар наздикии деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара воқеъ аст.
Хулоса, то кунун касе аниқ муайян накардааст, ки шаҳри Леваканди қадим дар кадом мавзеи соҳили чапи дарёи Вахш аст. Танҳо аниқ аст, ки он шомили Хутал (Хуталон), яъне вилояти Хатлони имрӯза будааст. Чизи дигарро ҳам мушаххас гуфтан мумкин: Леваканди қадим дар соҳили чапи дарёи имрӯзаи Вахш, дар ҳудуди аз НБО - и «Сангтӯда - 1» то маҳали туркманнишини Лебаби ноҳияи Ҷилликӯл воқеъ будааст.
Агар мақсад зинда гардондани ойконими Леваканд бошад, бисёр саҳеҳ ва хеле манфиатбахш мешавад, ҳатто ба таърих мувофиқат мекунад, агар онро ба ҷойи номи шаҳри Сарбанд гузорем. Пеш аз ҳама, барои он ки бостоншиноси машҳур В. В. Бартолд ҷойи Левакандро наздикиҳои деҳаи Сангтӯда гуфта будаанд. Сангтӯда бошад, ҳамшафати шаҳри Сарбанд аст ва роҳи асосиаш аз ҳудуди ин шаҳр мегузарад. Яъне, дар ҳолати иваз кардани Сарбанд бо Леваканд саҳви таърихӣ рух намедиҳад. Дуюм, Сарбанд ҳамчун номи шаҳр маънии жарф надорад. Ин мафҳум аз он баромадааст, ки ибтидои солҳои 30-юми асри гузашта, дар лаби дарёи Вахш сарбанди канали калони Вахшро месохтанд ва ҷойи шаҳри Сарбанди имрӯза чун мавзеи зисти сохтмончиён хизмат мекард. Аз он замон то миёнаи солҳои 50-уми асри гузашта ин шаҳрро «Галавной» (ба маънии «главное сооружение» – иншооти асосӣ, сарбанд) ном мебурданд. Аз 30 декабри соли 1956 номаш Калининобод шуд. Номи Сарбандро бошад, ибтидои солҳои 90 - уми асри XX гирифт. Агар ба ин шаҳр номи Леваканд дода шавад, воқеан иқдоми хуб мебуд. Зеро ҳам номи шаҳри қадимӣ зинда мешаваду ҳам як шаҳри ҷавон номи зебою таърихӣ мегирад. Аз ҳама асосиаш, ба шаҳри Сарбанд гузошта шудани номи Леваканд аз ҷиҳати маънии таърихию луғавӣ бисёр мувофиқ мешавад. Охир, агар Леваканд «шаҳри лаби об» бошад, пас мавзеи ҷойгиршавии Сарбанд худ лаби об аст.

Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 460

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед