logo

фарҳанг

РОМИШГАР

Ҳунари устои ромишгар Бегаҳмад аз доираи зодгоҳаш -  деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод берун шуда, ба атрофу акноф паҳн гардидааст ва ӯро чун як ромишгари мумтоз ҳама мардуми ноҳия ва берун аз он медонанду мешиносанд.

Бояд гуфт, ки маҳбубияти мардум ба Бегаҳмад аз чанд ҷониб аст. Аввал ин ки ӯ навозандаи моҳир аст, дигар ин ки ӯ худ устои думбратарош аст. Воқеан, чунин ҳунармандон хеле ангуштшуморанд. Усто Бегаҳмад аз зумраи ҳамин гуна ҳунармандонест,  ки  дар офаридани асбобҳои мусиқии халқӣ чира гардидааст. Вале ҳунари ӯ аз ҳама бештар дар офаридани думбра сайқал ёфтааст. Маҳз думбра ӯро чун усто хеле машҳур гардондааст. Агар гӯем,  ки  ҳама сокинони ҷумҳурӣ аз садои думбраҳои усто Бегаҳмад бархӯрдоранд, ҳеҷ муболиғае нахоҳем кард. Зеро ҳамагон оҳангҳои ҷаззобу марғуби думбранавози мумтоз Рустами Абдураҳимро дар хотир доранд. Думбраҳои ин ромишгари бемисл маҳз маҳсули ҳунари дастони ин устоянд. Акнун бояд рӯшан шуда бошад, ки  ба хотири оҳангҳое,  ки аз думбраҳои сохтаи усто Бегаҳмад  берун гаштаанд, чӣ қадар касон кафкӯбиҳо кардаанд. Ҳарчанд ин кафкӯбиҳо на барои  думбра ва думбратарош, балки барои думбранавоз буданд, аммо дар ин муваффақиятҳо саҳми думбратарош низ кам набуд. Маҳз думбраҳои усто Бегаҳмадро баргузидани ромишгари нотакрор Рустами Абдураҳим бесабаб набуд.
Воқеан, ҳунари ромишгарии усто Бегаҳмад ба ҳунари думбратарошияш як таносуби ногусастание дорад. Ин ду ҳунарро ӯ бо ҳам тавъам намуда, басо нозукона истифода  мебарад. Шояд ҳама ҳунари ӯ маҳз дар ин ду фазилати волояш ниҳон бошад.
Бисёрҳо шудааст, ки усто аз думбратарошӣ монда мешавад ва маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо думбраро ба даст мегирад ва ба навозиши оҳанги марғубе мепардозад. Чун аз ин амал комгор мешавад, боз рӯй ба коргоҳ меорад ва ҳунари хешро идома мебахшад. Гоҳи дигар, акси ин мешавад. Муддати мадиде дар маъракаҳо думбранавозӣ мекунаду боз рӯй ба коргоҳ меорад то думбрае офарад.
Инсон хостаҳояшро аз тариқи кору амал тавассути машғулияте сомон медиҳад, ки он муроди дили ӯст. Инчунин, ба ин васила даст ба эҷодгарӣ мезанад. Ин гуна ҳунармандонро ҳунарашон лоязолист. Вагарна аз думбра, ки худ чӯби хушк аст, бархостани ин қадар оҳангҳои марғубу дилошӯб аз куҷост? Оё як чӯби хушк бо доштани ду тор метавонад касро ин қадар мафтуну мутеъ ва сеҳру ҷоду намояд?
Усто Бегаҳмади Тагнобӣ каси одӣ нест. Ӯ дараҷа ва манзалати хоса дорад. Думбраҳои ӯро имрӯз дар бисёр хонаҳои мардуми кӯҳистони Шӯроободу Даштиҷум ва Муъминободу Кӯлоб пайдо кардан мумкин аст, ки ба рӯзгору зиндагии мардум зиннат мебахшанд. Қисмати дигаре аз ин думбраҳо бошанд, ба шаҳрҳои калону ҷойҳои дур  рафтаанду овозаи ҳунармандии усторо ба дуриҳои дур  бурдаанд.
Алихон ЗАРИФӢ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.01.2016    №: 7    Мутолиа карданд: 479

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед